ТАЛОШ

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта).

Майдони доманаи кӯҳу талҳои бузург бо аспҳои рангу баранг, даванду маст, ҷо-ҷо танбалу харобу лоғар пур буд.
Мардум мисли девори қӯрғон ба по рост истодаву баъзеҳо нишаста. Барои ҳакамҳо – мӯсафедону паҳлавонони пир ҷойи алоҳида. Ҷоизаҳо низ дар паҳлӯи онон. 
Дар тӯйи яккаписари мардони саховатманд бехатарӣ бояд сахт риоя карда шавад. Носиркал ба ин ҷиҳат аҳамияти ҷиддӣ медод. Ӯ қоидаҳои майдонгирию асптозиро хуб медонист. Асптоз бояд
покдоману накӯкор бошад,
дасту бозуи пурзӯр, нияти нек,
дилу гурдаи хоси паҳлавонӣ дошта бошад; дар гирудори одаму асп тобовару боназокат бошад.
Ниҳоят, буқачаи сарбуридаи фарбеҳи дусоларо байни майдон оварда партофтанд. Аспҳо сари он гирд омаданд. 
Аммо аз замин бардоштану таги зин гирифтани он ба касе муяссар намешуд. Аспи ака Низом ногаҳон дар канор қарор гирифт. Сияҳмушкини одаткардаи Пардапаҳлавон худро рӯйи «буз» расонд ва тавре карда ба соҳибаш имкон дод, ки «буз»-и вазнинро озод бардошта, аз қӯра берун орад ва зери зин гирад.
– Ҳаъ, ҷоната садқа Парда паҳлавон! – аз гирду пеш овози мухлисонаш шунида мешуд. – Чапғалат бите! Ба пеш !.. Ба сӯйи марра! – дод мегуфтанд шариконаш.
Э-ҳа-а куҷо-о? Аспҳои ҷавмаст аз ҳар тараф тохт оварда, ҳамзин шудан мехостанд. Таъқиб мекарданд. Имкон намедоданд, ки «буз»-ро ба марра расонад.
– Ту чӣ мекунӣ, деҳнавӣ?!
– Халал нарасон, Шобердӣ!
– О-фа-рин, марди ҳисорӣ, ба Парда ёрӣ деҳ! Бигузор, ба марра бирасад! – мегуфтанд хайрхоҳонаш.
Чӣ андоза тезу тунд, хатарноку муҳлик буд даву  този аспу одам.
Овозҳои гулӯдаррони тамошобинону асптозҳо фазоро меларзонид. Аспҳо ба аспҳо, одамон ба одамон дакка мехӯрданд.
Гоҳе дашноме аз даҳоне мебаромад...
– Даҳаната пӯш, баддаҳан! – гӯён Носиркал одамонро механдонд. Қивучив гӯши фалак кар мекард.
– Акаи Мизон! Суст на-ё-ё! Ба пеш! Ҷоната гардам, Хуктоз! – шунида мешуд садои Гулум ва дигар ҳамсафонаш. Ӯ ва Ҳукум аз ду тараф Парда паҳлавонро ба мобайн гирифта, Хуктозро пеш бароварданӣ мешуданд. Кам монда буд, ки бори саввум саманди ӯ ба Сияҳмушкин бирасад.
Вале сустӣ кард. Боз ҳам Парда паҳлавон марраро ишғол кард. 
Мардум гуррас аз ҷо мехестанд.
Офарину таҳсин мехонданд ба гурдону паҳлавонон!.. Садоҳои «Ҳа-лол-л!» такрор ба такрор ба гӯш мерасид, аз қатори ҳакамҳо, ки Сулаймони шоир низ ҳамнишини онҳо буд.
Ба навбат паҳлавонон «буз»-ро ба марра расонида, инъомҳои худро ба даст меоварданд. Соатҳо, телевизору магнитофонҳо, телефонҳои дастӣ, чӣ қадар бузу гӯсфанду гӯсола, ҳатто товусу тазавр ба даст меоварданд.
Парда паҳлавон онҳоро табрику шердил мегардонид. Худаш ҳам ба офарину таҳсини поҷӯриёнаш сазовор асп метохт. Паҳлавонони ҳисорию туркман низ ҷоизаҳои калонро ба даст меоварданд. Гоҳе Ҳабиби Деҳнавӣ, Тӯйчии Синавӣ бо аспҳои абраши аҳалтегинии худ ҳамаро дар доғ мемонданд.
Корномаи паҳлавонон дар майдон торафт тезу тундтар мегардид. Онҳо пай намебурданд, ки баъд аз нимрӯзӣ чӣ гуна вазъи ҳаво тағйир ёфт. Инро ҳатто тамошобинон аз саргармӣ пайхас намекарданд. Аввал ҳаво дам шуд. Баъд батадриҷ аз ҷануб шамоли сарде вазид . Боди сарсар абрҳои сафеду сияҳи борониро аз дуриҳои дур, рӯ-рӯйи кӯҳҳои баланд пароканда намуда, ҷониби қаторкӯҳҳои Ҳисори Шодмон мебурд... Ба тадриҷ тундбод ҳамчунон зӯрӣ мекард, ки сари роҳаш ҳама чизро канда бубарад.
Чун хуни паҳлавонони майдон ба ҷӯш омада буд, инро кам пайхас мекарданд. Ҳаво торафт сард мешуд. Сулаймони шоир зери як боронии сабук меларзид... Ҳаками давра Носиркали ғаюр кулоҳи асптозияшро ба сар кашид. Замини аспрез лаҳза ба лаҳза аз фуромадани донаҳои калони борон тару лағжонак мегардид. Чашми ҳама ба талошу кашмакаши  «буз!». Ҳама аз охирин «набард»-и байни Низому Хуктозу Парда паҳлавон, Гулуму Тӯйчӣ чапандоз ба ҳаяҷон омада буданд. Ниҳоят, Тӯйчӣ паҳлавон ғолиб шуд.
Дар майдон Хуктозу тарафдоронаш ва Парда паҳлавон кашокаш доштанд. Беҳуда одамон ба ӯ «Хуктоз» лақаб надода будаанд: як пойи «буз»-и вазнин зери зини Парда паҳлавону пойи дигараш зери зини Хуктоз – аз тарафи рост.. На ин суст меояду на ӯ...
Вақтҳои охир ҳамин Парда паҳлавон шасти Хуктозро баъзан мегардонид. Аммо имрӯз аспи ҳарду баробар майдондорӣ мекарданд. Гирудорашон сахт ва барқосо гардида буд... «Худо ба хайр гардонад!» – гиребон дошта, ба ҳаяҷон омада буданд пирамардон, оқсақолон. Ҳаками давра Носиркал, пас-паси онҳо, дар як масофаи муайян асп меронд.
Ҳарду паҳлавон ба шамолу борону тӯфон нигоҳ накарда, майдонро аз қаду бар ду бор давр заданд. Ҳеҷ кадом наметавонист «буз»-ро ба марраҷо партоб кунад!.. Ахиран, таваккал ба Худо гуфта, ҳарду ҷилави аспҳоро сар доданд. Онҳо баробар барқосо сӯйи марра тири паррон шуданд. Ҳама тарсида ба дунболи онҳо афтоданд. Кам монда буд, ки ҳарду асп, ҳарду ҳамнабард ба ҷарии бетаг сарнагун бираванд.
Аспҳо инро ҳис карданд.
Сиёҳмушкин аз рост худро тарафи арчаи сершоху барги сабз гирифт. Тулфори Хуктоз ҳам, беихтиёр, ҳамон сӯ майл кард. Дигар ихтиёр аз дасти ҳарду асптоз рафта буд. Марраҷо як сӯ монда буд. Ду аспу ду чапандоз аз ду тараф, дар мобайн ҷуссаи бақуввати «буз» ва аз зарби бархӯрд арчаи пири бузург решакан гардида, сари роҳи ҷарии махуфро гирифт. Ҳар чор тан – аспу одам даруни шохҳои ба замин хобида монданд. Танаи арчаю «буз» ба ҳам часпиданд...
***
Аввалин шуда ҳакам Носиркал ба ёрӣ омад. Саворони дигар ҳам рафта онҳоро аз дохили арчаи ба замин хӯрда берун кашиданд.
– Гулум, – гуфт ҳакам, – «буз»-ро ба хонаи тӯйдор расон. Бигӯ, ки барои паҳлавонон ҷо тайёр созанд. Ӯ рафт. Аспҳо осеб надида буданд.
Бари рӯ ва бинии Парда паҳлавон харош хӯрда буд. Пойи акаи Низом мечамид. Ӯ ҷуссаи худро озод бардошта наметавонист. Бардошта ба тулфораш нишонданд.
Аспрез батадриҷ холӣ мешуд, ҷойи аспу одамонро бе пӯшт-пӯшт тундбоду барфу тӯфон ишғол менамуд.
***
Соҳибони тӯй меҳмонони аз дуру наздик омадаро дар хонаҳои гарми худу ҳамсояҳо ҷо доданд. Чанд бузу гусфанди дигар сар зада шуд.
Ҳама хурсанд, ки тӯйи писари хонадон дар ин рӯзи тӯфонӣ безарар гузашт.
Он ҷо танҳо Сулаймон шоир бо лабханд афсӯс хӯрда мегуфт, ки ҳоли маркабаш – Тулфор чӣ шуд, ки лучак сар дода омада буд назди осиё.
– Хайр, як маркаби лоғар будааст-дия шӯхӣ кард Шерзоди ҷавонпаҳлавон – писари  хурдии Парда муаллим.
– Хондиза биё, Сулаймон шоир. Маркаби созат медиҳам, – ваъда кард Низоми асптоз.
Субҳи дигар онҳо аз ҳавлии Соҳиб муаллим баромада, бо Поҷӯри пури барф, хайрухуш карданд.

Истад ҚОСИМЗОДА, 
ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: