АФСОНАҲОИ ХАЛҚИИ ТОҶИКОНИ ТОШҚӮРҒОН

Ноҳияи Тошқӯрғон дар доманаи қаторкӯҳҳои осмонбӯси Помир, дар ҳудуди вилояти Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгир аст.

Дар ин ҷо асосан тоҷикону уйғурҳо дар якҷоягӣ аҳлу тифоқ зиндагӣ карда, бобати истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва маънавии мамлакат саҳм мегузоранд. Онҳо бо чорводорӣ, деҳқонӣ, боғдорӣ, қутоспарварӣ, ғаллакорӣ, шикор ва ғайра машғуланд. Алҳол аҳолии ноҳия 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки беш аз 80 фоизи он тоҷикон мебошанд. Дар ин ҷо, ҳамчунин тамоми хелҳои санъати амалӣ, аз ҷумлаи мисгарӣ, ҳаккокии чӯбу гаҷ, кашидадӯзӣ, зардузӣ ва ҳунарҳои масхарабозӣ, лӯхтакбозӣ хеле рушд ёфтаанд...  
Чанде қабл дар нашриёти Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ китоби «Аспаки вафодор» («Вафодор арғумоқ»), ки афсонаҳои халқии тоҷикони Тошқӯрғонро дар бар мегирад, чоп гардид. Онро тарҷумонҳо Ҳамидҷон Ҳомидӣ ва Шоира Бӯриева аз забони уйғурӣ, ки он ҳам аз тоҷикӣ тарҷума шудааст, ба забони ӯзбекӣ баргардондаанд. Дар асар афсонаҳои «Писари  моҳигир», «Ҳорун», «Лайливаш ва ҷамоли ҷонон», «Худоёр ва дӯстони вай», «Одилхон подшоҳ», «Амирбек полвон», «Гулираъно», «Шониёз ва Нурбибӣ», «Ҳукми малика», «Духтари вазир», «Васияти падар» барин беш аз 40 қисса, ки тӯли солҳо аз даҳон ба даҳон гузаштаанд, гирдоварӣ шудаанд. Бинобар таъкиди тарҷумонҳо фолклори Тошқӯрғон хеле ғанӣ буда, бо рангорангиаш фарқ мекунад. Афсонаҳои халқи тоҷики ин мавзеъ мавзӯъҳои ҳаҷву мутоиба, ахлоқу одоб, бофтаву хаёландешӣ, оид ба ҳайвонот ва ғайраро дар бар гирифтаанд. Ривоят дар бораи ҳайвонот, наботот, оташ, сеҳру ҷоду, паррандаҳо, олами ҷамодот ва об афсонаҳои оддӣ шумурда мешаванд. Дар аксар асарҳо муборизаи абадии равшанӣ бо торикӣ, некӣ бо бадӣ, зулм ва адолат тасвир ёфтаанд. Дар хотимаи онҳо, чун анъана – хубӣ, рӯшноӣ, адолат ғалаба карда, қаҳрамонҳо ба муроду мақсади худ мерасанд. 
Тавре ки дар сарсухани китоб қайд шудааст, чандин сол пеш нашриёти Донишгоҳи Шинҷон «Маҷмӯаи адабиёти шифоҳии халқи тоҷик»-ро чоп карда буд. Устоди донишгоҳ, доктор Шаброн Қурбон ин осори адабиёти шифоҳиро батафсил омӯхта, онҳоро ба 10 гурӯҳ тақсим ва таснифи илмӣ кардааст. Дар байни онҳо «Афсонаҳои халқӣ» аз ҷиҳати ҳаҷм қисми зиёдро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, ривоятҳо, масал, лапар-нақшҳо, достон, рубоиву мақолҳо низ бисёранд.  
Боиси хурсандист, ки хонанда пас аз мутолиаи афсонаҳои халқии Тошқӯрғон ба дунёи эҷодиёти даҳонии халқ ворид шуда, аз ин неъмати адабиёти шифоҳии нек бархурдор мешавад. 

Раҳимаи СОТИМХОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: