ТАФОВУТ ДАР ДАРАҶАИ РУШДИ КАПИТАЛИ ИНСОНӢ

Мақолаи таҳлилии президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким, ки дар сомонаи маҷаллаи бонуфузи Амрико «Foreign affairs» чоп шудааст:

ё худ дар бораи ҳукуматро чӣ гуна метавон ба сармоягузорӣ ба капитали инсон бовар кунонд?

Ҳукумат барои таъмин кардани афзоиши иқтисодиёт саъю кӯшиш карда, ба сармоягузорӣ ба капитали ҷисмонӣ – роҳҳои нав, пулҳои зебо, фурудгоҳҳои нурафшон ва инфрасохтори дигар эътибор медиҳад.
Чун анъана, онҳо ба сармоягузорӣ ба капитали инсонӣ, ки аз ҷумла саломатии аҳолӣ, таълими илму дониш, таҷрибаомӯзӣ ва тарзи ҳаётро дар бар мегирад, хеле кам рағбат зоҳир мекунанд. Ин хатои бузург аст, зеро эътибор надодан ба сармоягузорӣ ба капитали инсонӣ метавонад рақобатбардории мамлакатро, ки барои  рушди иқтисодии он мунтазам зиёд шудани теъдоди шахсони боистеъдод зарур мебошанд, қатъиян коҳиш диҳад.
Дар тӯли тамоми фаъолияти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ коршиносони мо барои инкишоф ҳар як ҷиҳати онро, ки ба афзоиши иқтисодиёт мусоидат мекунад, барои аз нодорӣ раҳоӣ ёфтани одамон кӯмак мерасонад ва кишварҳои рӯ ба инкишоф чӣ гуна метавонанд барои пешрафт сармоя гузоранд, омӯхтанд.
Соли 2003-юм бонк ҳисоботи аввалини ҳарсолаи худ «Doing Business»-ро интишор дод, ки дар он таҳлили қиёсии кишварҳо бино бар ҳар кадом маҳак, аз дараҷаи андозситонӣ то иҷрои қарордодҳо оварда шуданд.
Эътироф накардани хулосаҳои ҳисобот ғайриимкон буд: роҳбарони давлатҳо ва вазирони молия ба мушкилоте рӯ ба рӯ омаданд, ки сармояҳои  бевоситаи хориҷӣ метавонанд коҳиш ёбанд, зеро ширкатҳо сармоягузориро ба кишварҳои иқлими кориашон беҳтар мақбул медонанд. Тӯли 15 соли гузашта ҳисоботи  «Doing Business» ба татбиқ гардидани зиёда аз 3180 ислоҳот мусоидат карданд.
Алҳол бонк чунин муносибатро дастгирӣ мекунад ва ҳукуматҳоро ба сармоягузорӣ барои одамон даъват менамояд. Кормандони Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ барои дарки он ки капитали инсонӣ ба ҳосилнокии кори насли минбаъдаи кормандон чӣ гуна мусоидат менамояд, индекси навро кор карда мебароянд.
Индекс моҳи октябри соли равон дар машварати ҳарсолаи Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Балӣ пешниҳод хоҳад шуд, вай ҳолати саломатӣ, ҳамчунин дараҷа ва сифати таълиме, ки кӯдаки имрӯз таваллудшуда баъди ба синни 18 расидан ба он умед мебандад, муайян менамояд.
Олимон аз хусуси бартариҳое, ки рушди капитали инсонӣ медиҳад, бисёр чизро медонанд. Вале донишҳои онҳо барои кишварҳои рушдкунанда даъвати эътимодбахш нагардиданд.
Яке аз омилҳои боздорандаи ин норасоии маълумоти муътамад мебошад, то ки бартарии сармоягузорӣ ба капитали инсониро, нафақат барои вазирони нигаҳдории тандурустӣ ва таълим, балки ҳамчунин барои сарони давлатҳо, вазирони молия ва дигар шахсони баобрӯйи тамоми ҷаҳон дақиқ  нишон диҳад.
Тӯли се даҳсолаи охир нишондиҳандаҳои давомияти умр дар кишварҳои сарватманд ва нодор наздиктар мешаванд. Фарогирӣ бо таълим хеле афзуд. Вале мушкилот мавҷуданд: тақрибан чаҳоряки тамоми кӯдакони то панҷсола ба серӣ таом намехӯранд, зиёда аз 260 миллион кӯдакон ва ҷавонон дар мактабҳо таълим намегиранд, 60 фоизи бачагони синни хурди мактабӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф то ҳол наметавонанд ҳатто таълими ночиз бигиранд.

Аҳамияти иқтидори инсонӣ

Ба арзиши капитали инсонӣ метавон бо чандин воситаҳои гуногун баҳо дод. Чун анъана иқтисоддонҳо инро бо он месанҷанд, ки шахсони дуру дароз таълимгирифта, баъдан чӣ қадар бештар даромад мегиранд.
Тадқиқот нишон доданд, ки ҳар кадом соли иловагии таҳсил даромади инсонро ба ҳисоби миёна 10 фоиз зиёд мекунад. Дар ин бобат сифати таълим низ муҳим ба шумор меравад. Чунончи, дар ИМА дар синфи алоҳидаи мактаби ибтидоӣ иваз кардани муаллими ихтисосаш паст бо омӯзгори ихтисосаш миёна ба хонандаи синфи мазкур имкон медиҳад дар тӯли ҳаёт то 250 ҳазор доллар даромади умумӣ ба даст оварад.
Вале иқтидори когнитивӣ ин нишондиҳандаи ягонаи капитали инсонӣ нест. Донишҳои иҷтимоиву эмотсионалӣ, аз ҷумла мардонагӣ, ирода ва бовиҷдонӣ, аксар вақт як хел даромади калони иқтисодӣ доранд. Саломатӣ низ аҳамиятнок мебошад: шахсони саломатиашон мустаҳкам, чун анъана, дар меҳнат сермаҳсултар мебошанд.
Чунончи, тадқиқоте, ки соли 2015-ум дар Кения гузаронида шуд, нишон дод, ки пешниҳоди доруи гелминт ба кӯдакон, ки ҳамагӣ 30 сент арзиш дорад, дар мактабҳо ба кам шудани миқдори дермониҳо сабаб гардид, баъдан дар бузургсолӣ ба қариб 20 фоиз афзудани музди меҳнат мусоидат намуд. Санҷиши гуногуни капитали инсонӣ, аз наврасӣ самараи хуб медиҳад. Таомхӯрии дурусти кӯдак ва эътибор ба инкишофи ӯ минбаъд ба пешрафти ҷисмонӣ ва рӯҳии вай таъсири хуб мерасонанд. Дар ин маврид баъзе иллатҳо дар имкониятҳои когнитивӣ ва иҷтимоиву эмотсионалӣ, ки дар тифлӣ мавҷуданд, метавонанд баъдтар аз байн бардошта шаванд, вале ин, ҳангоме ки кӯдакон ба синни наврасӣ мерасанд, хеле гарон меафтад. Бино бар ҳамин ҳам тааҷҷубовар нест, ки рушди капитали инсонӣ дар 1000 рӯзи аввалини ҳаёти кӯдак аз сармояҳои бағоят самарабахши иқтисодӣ ба шумор меравад, ки онро метавонад ҳукумат ба ҷо оварад.
Ҳамаи инҳо бо афзоиши иқтисодӣ чӣ алоқамандӣ доранд? Аввалан, ҳангоме ки фоида аз сармояҳои индивидуалӣ дар капитали инсонӣ зам мешаванд, самараи умумӣ нисбат ба самараи ҷузвҳо бештар мегардад.
Агар ба мактаббачагони Кения баргардем: дегелминтизатсияи як кӯдак низ эҳтимоли ба иллатҳо гирифтор шудани кӯдакони дигарро коҳиш медиҳад. Ин дар навбати худ боиси он мегардад, ки онҳо минбаъд беҳтар мехонанд, баъди калонсол шудан музди бештар мегиранд.
Баъзе бартариҳои вобаста ба пешрафти капитали инсонӣ ҷамъ мешаванд ва аз ҳудуди насле, ки сармоя мегузорад, берун мебароянд. Чунончи, хабардоркунии модарон дар бораи ғамхории пренаталии кӯдак саломатии фарзандони онҳоро дар тифлиашон беҳтар мекунад. Сармояҳои индивидуалӣ дар капитали инсонӣ ҷамъ карда мешаванд: бино бар ҳисобу китобҳои иқтисоддонҳо, сармоягузорӣ ба капитали инсонӣ бо тафриқаи аз 10 то 30 фоизи даромад ба сари ҳар нафар аҳолии кишварҳои гуногун маънидод карда мешавад.
Барои мисол, дар мобайни асри 19 Бразилия муҳоҷирати аврупоиёни маълумотдорро ба Сан-Паула рағбатнок кард. Дар натиҷа баъд аз 100 сол дар ин иёлат дараҷаи хеле баланди таълим, саҳми зиёди одамони дар  истеҳсолот машғул нисбат ба хоҷагии қишлоқ мушоҳида гардид, ҳамчунин даромади хеле зиёд ба сари ҳар нафар аҳолӣ мушоҳида шуд.
Таълим бахусус самараи хуб медиҳад, зеро вай дар коҳиш ёфтани миқёси нодорӣ нақши муҳим мебозад. Инро таърихи Гана собит месозад: солҳои 1990-уми ибтидои садсолаи кунунӣ мамлакат хароҷотро барои таълим дучанд зиёд кард ва нишондиҳандаҳои асосиро хеле беҳтар намуд. Дар натиҷа аз соли 1999 то соли 2012 сатҳи саводнокӣ дар мамлакат 64 фоиз афзуд, дараҷаи нодорӣ бошад, аз 61 то 13 фоиз коҳиш ёфт.
Сармоягузорӣ ба соҳаи таълим низ метавонад нобаробариро кам кунад. Дар аксар мамлакатҳо кӯдаконе, ки падару модаронашон доротар мебошанд, дар ибтидои ҳаёти худ ба имкониятҳои бештар муваффақ мегарданд, ки ин дар тӯли тамоми ҳаёт ба афзалиятҳо сабаб мешавад, ҳамзамон фарзандони волидайни нодортар аз ин имконият маҳрум мемонанд.
Агар ҳукуматҳо барои ҳаллу фасли мушкилоти мазкур саъй намоянд, анъанаи коҳиш ёфтани нобаробарии иқтисодӣ мушоҳида хоҳад шуд. Тадқиқоте, ки дар Каролинаи Шимолӣ гузаронида шуд, нишон дод, ки агар Иёлоти Муттаҳида барномаҳои самараноки рушди наврасиро истифода барад, нобаробарӣ дар даромадҳои мамлакат 7 фоиз коҳиш меёбад, ин кифоя аст, ки ИМА ба дараҷаи Канада бирасад. Даромади ҷамъият аз сармоягузорӣ ба капитали инсонӣ боз бештар мебошад. Таълими давомдор дар мактаб эҳтимоли аз ҷониби инсон содир гардидани ҷиноятро кам мекунад.
Дар тадқиқоте, ки соли 2017-ум дар Либерия гузаронда шуд, мардони ба савдои нашъа руҷӯъдошта, дуздҳо ва дигар шахсони ҷинояткор ба терапияи когнитивию ахлоқӣ фиристода шуданд, то ки ба онҳо донишҳои идроки аҳволи эмотсионалии худ, беҳтар кардани назорати худӣ ва пайгирӣ аз вазъиятҳои мураккаб омӯзонида шавад. Ин барнома, ки харҷи ками маблағҳоро тақозо дошт, эҳтимоли боз ба ҳаёти ҷиноӣ баргаштани шахсони мазкурро хеле кам кард.
Капитали инсонӣ ҳамчунин бо иштирок дар ҳаёти ҷомеа вобаста аст. Дар миёнаи солҳои 1970 Нигерия таълими ибтидоии умумиро ҷорӣ карда, миқдори зиёди кӯдаконро ба мактаби ибтидоӣ ҷалб намуд. Баъд аз гузаштани чандин сол ин ҷавонон ба навигариҳо фаъолона рағбат зоҳир карданд, бо ҳамсолони худ дар бораи сиёсат ҳарф мезаданд, дар ҷамъомади қабилаҳо ва интихобот иштирок мекарданд.
Сармоягузорӣ ба капитали инсонӣ дараҷаи эътимодро низ баланд мебардорад. Шахсони босавод ба дигарон эътимоди бештар доранд ва ҷамъияти дорои дараҷаи баландтари эътимод, чун қоида, соҳиби  дараҷаи афзоиши иқтисодияш бештар мебошад. Онҳо ҳамчунин бурдбортаранд: тадқиқот нишон медиҳанд, ки ислоҳоти мактаб, ки дар мобайни асри бист дар Аврупо татбиқ шуданд, одамонро ба муҳоҷирон нисбат ба пешина фарохдилтар карданд.

Натиҷаҳои назаррас

Капитали инсонӣ худ аз худ амалӣ намешавад, вай бояд аз ҷониби давлат инкишоф дода шавад. Аз ҷумла, баъзан бартарияти сармоягузорие, ки барои одамони дигар татбиқ карда мешавад, ба як инсон ба инобат гирифта намешавад.
Бо назардошти он ки барои мисол, кӯдакони худро дегелминтизатсия карда, оё падару модарон ба он умед мебанданд, ки вай ба хеле беҳтар шудани саломатии онҳо мусоидат мекунад, вале аз он кам меандешанд, ки табобат зарари ба иллат гирифтор шудани кӯдакони дигарро кам мекунад.
Ё худ ҳангоми қабул кардани қарор дар бораи он ки оё пардохти таълими кӯдаконашон дар муассисаҳои томактабӣ зарур аст, волидайн фоидаи васеи ҷамъиятии онро аз ин қарор, аз ҷумла коҳиш ёфтани ҷинояткорӣ ва кам шудани миқдори маҳбусон ба инобат намегиранд.
Соли 2010-ум таҳлили самаранокии як барномаи томактабӣ, ки дар Мичиган коркард шудааст, нишон дод, ки барои ҳар 1 доллари харҷшуда ба ҷомеа аз 7 то 12 доллар баргаштааст.
Баъзан меъёрҳое, ки дар ҷамъият қабул шудаанд, падару модаронро аз сармоягузорӣ ба кӯдакони худ бозмедоранд. Бо вуҷуди он ки афзалият додани волидайн ба писарон нисбат ба духтарон аз қадимулайём хуб маълум аст, дараҷаи дискриминатсия метавонад ба оқибатҳои ғайриоддӣ оварад. Чунончи, ҳукумати Ҳиндустон ҳисобу китоб кардааст, ки дар мамлакат тақрибан 21 миллион нафар баном «духтарони нохоста» мавҷуданд, ки падару модарон ба ҷойи онҳо таваллуд шудани писаронро мехостанд. Ин духтарон аз ҷониби волидайн хеле кам сармоягузорӣ мешаванд, ба саломатӣ ва таълими онҳо эътибор кам аст.
Дар ҳолатҳои дигар оилаҳо мехоҳанд барои кӯдакони худ сармоя гузоранд, вале ин корро карда наметавонанд, зеро барои ин имкон надоранд. Падару модарони нодори кӯдакони соҳибистеъдод наметавонанд вом бигиранд, то ки таълиму тарбияи кӯдакони худро дар мактаб пардохт кунанд. Ҳатто агар таълим ройгон бошад ҳам, волидайн имкон надоранд хароҷоти нақлиёт ва мактабиро пардозанд, ин ҷо дар бораи вазъиятҳои дигар ҳоҷати сухан ҳам нест, масалан кӯдак дар мактаб хонда наметавонад, чунки бояд кор кунад, оиларо бо даромади иловагӣ таъмин намояд.
Бо вуҷуди барои ҳукумат муҳим будани сармоягузорӣ ба капитали инсонӣ, сиёсатмадорон аксаран ба ин кор монеъа мешаванд. Мансабдорон хоҳиш надоранд, барномаҳоеро, ки барои сарпур сохтани онҳо даҳсолаҳо лозиманд, дастгирӣ кунанд.
Чунончи, дар шароити мавҷуд набудани эпидемия сиёсатмадорон метавонанд эътиборро ба саломатии ҷамъият кам кунанд. Ҳодисаҳои бо маблағ таъмин кардани барномаҳои саломатии ҷамъият аз тариқи баланд бардоштани андоз ё худ қарз гирифтани маблағ аз хароҷоти боаҳамияттар, чунончи, барои инфрасохтор ё худ эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ хеле кам мебошанд.
Соли 2012-ум ҳукумати Нигерия, ҳангоме ки субсидияро дар мамлакат барои гармӣ бекор кард, барои он ки ба хидматрасонии ҳифзи саломатии модар ва кӯдак маблағҳои бештарро равона кунад,  бо зиддияти ҷиддӣ рӯ ба рӯ омад. Мақолаҳо дар расонаҳои ахбори оммавӣ ба субсидия бештар эътибор дода, ба васеъ кардани кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, ки бағоят зарур мебошад, камтар диққат доданд. Баъди зиддиятҳои зиёди ҷамъиятӣ субсидия барқарор карда шуд.
Дар баъзе мамлакатҳо чунин зиддиятҳо аксар вақт бо муоҳидаи сусти ҷамъиятӣ маънидод карда мешавад: шаҳрвандон ба ҳукумати худ бовар надоранд, бино бар ин шубҳа мекунанд, ки андоз супурдан оё шарт аст, ба фикри онҳо ин хароҷоти беҳуда мебошад.
Мушкилоти муаррифии худ дар ҳама ҷо ба дараҷаи баробар мураккаб аст. Дар тамоми ҷаҳон бачагони хеле зиёд хонда наметавонанд, зеро омӯзгорони онҳо саводи казоӣ надоранд. Ташаббуси «Нишондиҳандаҳои пешниҳоди хидмат» умқи ин мушкилотро ошкор кард. Вай аз ҷониби Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ дар шарикӣ бо Ширкати тадқиқотҳои иқтисодии Африқо барои ҷамъоварии маълумот дар бораи кишварҳои Африқои ҷанубии Сахара пешниҳод шуда буд.
Дар ҳафт кишвар – Кения, Мозамбик, Нигерия, Сенегал, Танзания, Того ва Уганда танҳо 66 фоизи омӯзгороне, ки ба синфҳои чаҳорум дарс медиҳанд, худашон барномаи таълими ин дараҷаро аз гуфтугӯ омӯхтаанд ва танҳо 68 фоизашон барои омӯзондани математика донишҳои зарурӣ доранд.
Дар соҳаи нигаҳдории тандурустии кишварҳои мазкур кормандони тиббӣ танҳо дар 53 фоизи ҳодисаҳо метавонанд ҳолати умумӣ, аз ҷумла малярия, диарея, пневмония, диққи нафас ва диабетро дуруст ташхис кунанд.
Муаррифӣ дар ҷойҳое ҳам мушкил аст, ки одамони ин соҳаи хидмат кори худро хуб иҷро карда наметавонанд.
Дар ҳамон ҳафт кишвар омӯзгорон ба ҳисоби миёна танҳо нисфи вақти муайяншудаи таълимро фаро гирифтаанд. Дар бисёр маврид мушкилот аз он иборат аст, ки хидматгузорони давлатӣ дар шароити бюрократияи сиёсатзада кор мекунанд, болоравӣ дар хидмат ба робитаҳои хешутаборӣ вобаста аст, на ба натиҷаи меҳнат.
Вале мисолҳои хуб ҳам мавҷуданд. Кишварҳо метавонанд бобати беҳтар кардани капитали инсонӣ, агар мақсади ҳукумати марказӣ, мақомоти маҳаллӣ ва хидматгузорон бо ҳам мувофиқ карда шуда бошад, ба комёбиҳои зиёд муваффақ шаванд. Чунин ҳолат бо барномаи «Plan Nacer»-и Аргентина рух дод, ки соли 2004-ум бо дастгирии Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ татбиқ гардид.
Барнома суғуртаи тиббиро ба оилаҳое, ки онро надоранд, пешниҳод кард. Вай маблағҳоро барои вилоятҳо дар асоси нишондиҳандаҳое, ки миқёс ва сифати хидматро бино бар ҳифзи саломатии модару кӯдак муайян мекунанд, ҳамчунин муносибате, ки вилоятро ба сармоягузорӣ бобати беҳтар кардани чунин хидматҳо рағбатнок намуд, тақсим кард. Дар вилоятҳое, ки мувофиқи лоиҳаи «Plan Nacer» кӯмакҳои моддӣ гирифтанд, эҳтимоли нокифоягии вазни кӯдак ҳангоми таваллуд 19 фоиз коҳиш ёфт.
Торафт аҳолии бештари кишварҳои рӯ ба тараққӣ беҳтар кардани нигаҳдории тандурустӣ ва таълимро тақозо менамоянд. Чунончи, дар Перу  маъракаи хубе, ки аз ҷониби гурӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил гардид, ба пурзӯр шудани омили кӯдак дар рӯзномаи сиёсии давраи интихоботии соли 2006-ум сабаб шуд.
Сиёсатмадорон мақсади дақиқи кам кардани ҳодисаҳои боздошти афзоиши кӯдаконро ба 5 фоиз баъд аз панҷ сол муқаррар карданд. Мамлакат муваффақ шуд, ҳатто ин мақсади худро татбиқ кунад: аз соли 2008 то соли 2016-ум нишондиҳандаҳои боздошти афзоиши қади кӯдакон дар синну соли то 5 тақрибан 15 фоиз коҳиш ёфт. Ин шаҳодати равшани он аст, ки дар ҳама гуна ҳолат тағйирот имконпазир мебошанд.

Нирӯи санҷиш

Вақте ки сиёсатмадорон ва бюрократҳо аз ӯҳдаи иҷрои кори худ намебароянд, аз ин пеш аз ҳама нодортаринҳо азият мекашанд. Вале усулҳое ҳастанд, ки ба одамон имкон медиҳанд хидматҳоеро, ки ба онҳо ҳуқуқ доранд, тақозо намоянд: ин шаффофнокӣ мебошад. Дастёбии зиёд ба ахбор ба шаҳрвандон имкон медиҳад донанд, ки роҳбарони онҳо ва хидматгузорони давлатӣ чӣ корҳоро мекунанд ва чӣ корҳоро не.
Чунончи, соли 2005-ум дар Уганда муҳаққиқоне, ки бо ташкилотҳои қабилавӣ кор мекарданд, барои баҳо додан ба кори муассисаҳои маҳаллии тиббие, ки қабила аз онҳо хидмати беш аз пеш босифатро тақозо мекард, карточкаҳои махсус ташкил намуданд. Ин сиёсати оддӣ ба мунтазам беҳтар шудани вазъият дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ сабаб гардид, аз ҷумла фавт дар байни кӯдакони то панҷсола кам шуд.
Соли 2001-ум дар Олмон низ мисоли ҳаммонанд рух дод. Пас аз натиҷаҳои андӯҳовари Барномаи байналхалқии баҳои донишҷӯён чорабиние баргузор гардид, ки бо номи «шок PICA» машҳур аст, ҳукумат дар соҳаи таълим ислоҳоти бузургро анҷом дод, ки омӯзишро беҳтар карданд.
Баҳодиҳӣ ба таълим дар Танзания низ бағоят муҳим буд. Соли 2011-ум созмони ғайриҳукуматии «Twaweza», ки аз ҷониби Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ дастгирӣ гардид, натиҷаҳои пурсишро, ки  ба ошкор кардани саводнокии ибтидоии бачагон ва иқтидори шумурда тавонистани онҳо бахшида шуда буд, интишор намуд. Натиҷа андӯҳовар буд: танҳо се нафар аз 10 толибилми синфи саввум барномаи синфи дуввумро азхуд карда буданд, матни англисии барои синфи дуввумро боз камтар хонанда хонда метавонист.
Тақрибан дар худи ҳамон давр натиҷаҳои пурсиш дар асоси индикаторҳои пешниҳоди хидмат интишор ёфт, ки норасоии омӯзгорон ва аз дарсҳо дер намондани толибилмонро ошкор сохт. Акси садои  ҷамъиятӣ, ки баъд аз он ба миён омад, боиси дар Танзания ҷорӣ гардидани ташаббуси «Натиҷаҳои баланд – ҳоли ҳозир» – чорабиниҳои ҳукумат бобати ҳаллу фасли мушкилоти дараҷаи пасти таълим гардид.
Тавре ки ин мисолҳо нишон медиҳанд, баъди он ки эътимоди сазовори таҳлили вазъияти рушди капитали инсонӣ дастраси ҳама мешавад, вай метавонад ба кору амал рағбатнок кунад. Чунин аст мантиқи нишондиҳандаҳое, ки Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ барои фарогирии ҷузвҳои асосии капитали инсонӣ кор карда мебарояд.
Дар кишварҳое, ки сармоягузорӣ ба капитали инсонӣ самарабахш нестанд, ин санҷишҳо метавонанд ҳамчун даъват ба саъю амал хидмат кунанд. Мо саъю кӯшишҳои худро ба нигаҳдории тандурустӣ ва таълим нигаронида, асосҳои онро меомӯзем. Кӯдаконе, ки имрӯз таваллуд мешаванд, оё то мактабхон шудан умр мебинанд? Агар зинда монанд, оё ба мактаб қабул мешаванд? Онҳо чанд сол таълим мегиранд? То хатм кардани мактаби миёна оё саломат мемонанд, оё ба хониш ва кори минбаъда тайёр мешаванд?
Дар бисёр кишварҳои рӯ ба инкишоф бояд бобати мустаҳкам кардани саломатии ҷавонон корҳои зиёде иҷро шаванд. Дар кишварҳои Бенин, Буркина-Фасо ва Кот-д’Ивуар 10 фоизи кӯдаконе, ки имрӯз таваллуд мешаванд, панҷрӯзагии худро асло намебинанд.
Дар Осиёи Ҷанубӣ бино бар гуруснагии мунтазам зиёда аз сеяки кӯдакон дар синни панҷ қади нисбат ба синну соли худ паст доранд, ки ба рушди ақлии онҳо зарар мерасонад ва иқтидори таълим гирифтанашонро ҷиддан маҳдуд месозад.
Ин ба дараҷаи баробар ба соҳаи таълим ҳам дахл дорад. Барои идроки беҳтари аҳамияти таълим, Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ дар шарикӣ бо Пажӯҳишгоҳи омори ЮНЕСКО пойгоҳи нави фарогири маълумот дар бораи натиҷаи баҳои азхудкунии хонандагонро кор карда баромад. Мо натиҷаҳои чандин барномаҳои бузурги тестро, ки зиёда аз 150 кишварро фаро мегиранд, барои он ки бо баҳои PICA қиёс кунем, санҷидем. Маълумотҳо мушкилоти бузургро дар таълим ошкор карданд: камтар аз 50 фоизи хонандагон дар кишварҳои рӯ ба инкишоф бо он ки PICA онро «дараҷаи камтарини касбӣ» меномад, рӯ ба рӯ мешаванд, онҳо дар қиёс бо 86 фоизи кишварҳои дорои иқтисодиёташон пешқадам тақрибан 400 хол баҳо мегиранд.
Дар Сингапур 98 фоизи толибилмон ба дараҷаи байналхалқии ибтидоӣ дар мактаби миёна муваффақ шудаанд, дар Африқои Ҷанубӣ бошад, ин нишондиҳанда 26 фоизи хонандагонро ташкил медиҳад. Ба тарзи дигар гӯем, тақрибан тамоми хонандагони мактабҳои миёна дар Сингапур барои дар миқёси ҷаҳон кор кардан донишҳои зарурӣ доранд ва тақрибан сеяки ҷавонони Африқои Ҷанубӣ бесавод мебошанд. Ин талафоти иқтидори инсонӣ аст.
Баъд аз он ки бачагон мактабро тарк мекунанд, онҳо бо пешомадҳои куллан гуногун аз нуқтаи назари саломатӣ, вобаста аз он ки дар кадом мамлакат зисту зиндагӣ менамоянд, рӯ ба рӯ мешаванд. Яке аз нишондиҳандаҳо нишондиҳандаи умрбинии калонсолон мебошад: дар кишварҳои сарватмандтарин камтар аз 5 фоизи наврасони 15-сола наметавонанд 60-солагии худро истиқбол гиранд. Дар кишварҳои нодортарин бошад, 40 фоизи 15-солаҳо пеш аз он ки 60-сола шаванд, мемиранд.
Ин санадҳо сурати ҳоли тафовути бузургро дар соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва таълими кишварҳои мухталиф нишон медиҳанд. Барои он ки ин ҷиҳатҳои гуногуни капитали инсониро ба воҳиди ягона муттаҳид намоем, мо дар Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ онҳоро ба индекси ягона муттаҳид мекунем, ки оқибати қодир набудани сармоягузориро дар капитали инсонӣ аз нуқтаи назари коҳиш ёфтани самаранокии меҳнати насли ояндаи кормандон нишон медиҳад.
Таҳлилҳо собит намуданд, дар кишварҳое, ки алҳол ба капитали инсонӣ сармояҳои камтарин гузошта мешаванд, агар одамон куллан солим мебуданд ва бо таълими босифат фаро гирифта мешуданд, дар оянда маҳсулнокии нирӯи корӣ танҳо сеяки нисфи нишондиҳандаеро ташкил хоҳад дод, ки  ташкил медод.
Ҳамин тариқ ченаки манфиатҳои иқтисодӣ аз сармояҳо ба капитали инсонӣ арзиши иҷтимоӣ ва дохилии беҳшавии саломатӣ ва таълимро кам намекунад. Вазорати молия, чун одат,  нисбат ба сармоягузорӣ ба капитали инсонӣ барои он ки  қарзҳои кишвари худро адо кунад, вақти бештарро сарф мекунад.
Натиҷаҳои мусбатро аз таъсири сармояҳо ба капитали инсонӣ барои маҳсулнокии меҳнат тарғибу ташвиқ намуда, Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ метавонад сиёсатмадоронро бар он ташвиқ кунад, ки чун дар бораи ҳисобу китобҳои бонкӣ дар бораи воқеияти мактабҳо ва беморхонаҳо низ андеша кунанд, ғам хӯранд. Зиёда аз он индекс бо даромад пайгирӣ мешавад, ки ин кишварҳоеро, ки дар онҳо сармояҳо коҳиш меёбанд, ба фаъолнокӣ даъват менамояд.
Тавре ки аз ҳисоботи «Doing Business» маълум мегардад, ҳатто дар мавриди санҷишҳои фарогиртарин ҳам ислоҳот на ҳамеша татбиқ мешаванд. Индекси болоӣ дар назди сарони давлатҳо ва вазирони молия масъалаҳоеро мегузорад, ки инкор кардани онҳо мушкил аст.
Таҳлили қиёсии мамлакатҳо ин танҳо қадами аввал аст. Агар ҳукуматҳо муайян карданӣ бошанд, ки чӣ гуна сармояҳо ба капитали инсонӣ натиҷа мебахшанд, онҳоро зарур аст, ки омилҳои гуногунеро, ки ба рушди капитали инсонӣ мусоидат мекунанд, ба инобат бигиранд.
Нишондиҳандаи беҳтарин ин беҳбуди ҷамъиятист ва чун аксар фаровониҳои ҷамъиятӣ вай мунтазам бо маблағ таъмин карда намешавад. Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ метавонад фоидаи амалӣ оварад: дар кори мувофиқсозии саъю кӯшиши шарикони гуногун кӯмак расонад, маълумоти фарогирро ҷамъ оварад, ба сиёсатмадорон маслиҳат диҳад, дар коркарди чорабиниҳои самарабахш кӯмаки техникӣ расонад ва мададгор бошад.

Капитали инсонӣ дар асри XXI

Рушди капитали инсонӣ барои одамон, иқтисодиётҳо, ҷамъиятҳо ва эътидол дар тамоми ҷаҳон аҳамият дорад. Вай барои насли оянда низ муҳим аст.
Ҳангоме ки кишварҳо ба капитали инсонӣ самарабахш сармоя гузошта наметавонанд, харҷҳо, бахусус барои нодортаринҳо бузург мешаванд. Ин хароҷот насли навро дар ҳоли душвор мегузоранд.
Ба шарофати пешрафти технологӣ, ки хароҷоти хеле баландро тақозо дорад, кишварҳое, ки барои беҳсозии ҳаёти шаҳрвандонашон имконияти маблағгузорӣ надоранд, нафақат бо қафомониҳои баланд рӯ ба рӯ меоянд, балки ба нобаробариҳои зиёд дучор мешаванд. Ин амниятро низ зери таҳдид мегузорад, зеро талаботи қонеънашуда метавонанд сабабгори бетартибиҳо шаванд.
Маълумоти аз ҳама хуб – як қисми ҷавоб аст, вале танҳо як қисми он. Аввалан, ҳукумат агар маблағ кифоя набошад, наметавонад хидматҳои босифатро пешниҳод кунад. Ҳамин тариқ кишварҳое, ки мунтазам ба капитали инсонӣ сармоягузорӣ намекунанд, маҷбуранд нуқсонҳои андозро пӯшонанд ё худ аз байн бардоранд, ҷамъоварии боҷҳоро беҳтар кунанд ва хароҷотро мувофиқ созанд.
Чунончи, Миср ва Индонезия солҳои охир субсидияҳои энергетикии худро қатъиян коҳиш доданд ва ин захираҳоро ба рушди низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва нигаҳдории тандурустӣ тақсим намуданд.
Даромади баланд метавонад барои саломатӣ натиҷаҳои хуб бахшад. Дар давраи аз соли 2012 то соли 2016 даромад аз андоз барои маснуоти тамоку ба Филиппин имкон дод буҷаи Департаменти нигаҳдории тандурустиро се баробар ва саҳми аҳолии бо суғуртаи тиббӣ фарогирифтаи худро се карат афзун кунад.
Дар Иёлоти Муттаҳида шаҳрҳое чун Филоделфия саъй доранд маблағи аз андози нӯшокии газдор бадастомадаро барои бо маблағ таъмин кардани таълими томактабӣ истифода бубаранд.
Вале танҳо зиёд кардани ҳаҷми бо маблағтаъминкунӣ кофӣ нест. Ба баъзе мамлакатҳо лозим меояд, ки барои баланд бардоштани самаранокии хидматҳои иҷтимоӣ бо нигаҳ доштани сифати онҳо кор бубаранд.
Чунончи, тадқиқоти ба наздикӣ анҷомдодаи Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ дар Бразилия нишон дод, ки баланд бардоштани самаранокӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар сатҳи маҳаллӣ сарфашавии тақрибан баробари 0,3 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин намояд.
Дар кишварҳои дигар манфиатҳои рақобатноки ҷонибҳо метавонад аҳамияти ҳалкунанда дошта бошад. Таҷрибаи бисёрсолаи Чили дар соҳаи ислоҳоти таълим муҳимияти созмон додани иттифоқҳои сиёсиро барои он ки ба яке аз мақсадҳои асосӣ: таълим барои ҳама эътибор диҳад, нишон дод.
Соли 2004-ум мамлакат тавонист пардохти кори омӯзгоронро аз тариқи муваффақ шудан ба эътидоли байни татбиқи ислоҳот ва гузаришҳои иттифоқҳои касаба нисбат ба омӯзгорон таъмин кунад.
Вале новобаста аз нуқтаи назари ибтидоӣ санҷиши беҳтарин аҳамияти ҳалкунанда дорад. Шумо дар ниҳоят имкон доред, фақат чизеро, ки санҷида метавонед, беҳтар кунед. Танҳо санҷишҳои дақиқтарин метавонанд ба дарки он мусоидат кунанд, ки чӣ гуна ислоҳот заруранд. Онҳо ҳамчунин метавонанд дар масъалаи афзалиятҳо равшанӣ андозанд, барои мубоҳисаҳои муфид асос шаванд ва шаффофиятро зиёд кунанд.
Соли 1949 президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Ҷон МакКлой навишта буд: «Пешрафт ин чизе нест, ки дар тахта кашида шавад ва сипас бо кӯмаки асои мӯъҷизавӣ ва доллар ба ҳаёт татбиқ гардад». Тавре ки МакКлой таъкид карда буд, дар байни консепсияи инкишоф ва ба амалия ҷорӣ кардани он аксар вақт тафовут мавҷуд буд. Тафовуте, ки мо метавонем ба шарофати индекси капитали инсонии Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ аз байн бардорем, маҳз аз ҳамин иборат мебошад.
Санҷишҳои нав кишварҳоро ба он бовар мекунонанд, ки ҳар чи бештар ва зудтар ба капитали инсонӣ сармоя гузоранд. Ин барои ба рақобат тайёр кардани ҳама ва ба пешрафти иқтисодиёти оянда – ба ҳамаи он ки мо ба он рӯ ба рӯ хоҳем шуд, кӯмак мерасонад. Вай ёрӣ медиҳад, ки низоми ҷаҳонӣ ба ҳама манфиат бахшад. Қодир набудан ба сармоягузорӣ ба капитали инсонӣ барои пешрафт ва барои тамоми инсоният бағоят гарон хоҳад буд.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: