ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ СОЗМОН ДОДАНИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «БУХОРО-АГРО»

Бо мақсади ташаккул додани шароитҳои мусоид бобати ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва ватанӣ барои созмон додани хоҷагиҳои замонавии гармхонавӣ, ки парвариши маҳсулоти рақобатбардори арзиши иловагиаш баланд, дар бозорҳои хориҷӣ харидоргирро таъмин менамоянд, ҳамчунин барои пурра ва самарабахш истифода бурдани имкониятҳои истеҳсолӣ ва захиравии вилояти Бухоро, дар ин асос ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ:

1. Таклифи ҳокимияти вилояти Бухоро, Вазорати хоҷагии қишлоқ, Вазорати иқтисодиёт, Вазорати молия, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо, Ширкати холдингии «Ӯзбекозиқовқатхолдинг» бобати дар вилояти Бухоро созмон додани минтақаи озоди иқтисодии «Бухоро-агро» (минбаъд – МОИ «Бухоро-агро») бо ҳудудҳояш мувофиқи замимаи №1 пазируфта шавад.
2. Ба ҳокимияти  вилояти Бухоро супурда шавад, ки якҷо:
бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ дар зарфи як моҳ дақиқ муайян сохтани ҳудуд ва ҷудо намудани қитъаҳои заминро мувофиқи тартиби муқарраршуда, ки ба таркиби МОИ «Бухоро-агро» дохил мешаванд, таъмин намояд;
бо идораҳои манфиатдор бобати ба роҳ мондани корхонаҳои махсуси маҳаллӣ бино бар истеҳсоли тарроҳиҳо ва таҷҳизот барои сохтмони гармхонаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияҳои пешқадам чораҳо андешад.
3. Инҳо вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти МОИ «Бухоро-агро» муайян карда шаванд:
ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ва ватанӣ барои ташкил кардани хоҷагиҳои замонавии гармхонавӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои гидропоник, дар асоси шакли кластер, ҳамчунин ба роҳ мондани истеҳсоли тарроҳиҳо, таҷҳизот ва маснуоти дигари маҷмӯӣ барои сохтмони гармхонаҳои замонавии аз ҷиҳати энергетикӣ каммасраф;
вусъат додани истеҳсолот, амиқсозии коркард ва афзудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси истифодаи самарабахши имкониятҳои истеҳсолӣ ва захиравии минтақа;
рағбатноксозии ба роҳ мондани силсилаи комили истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ – аз тухмӣ то расонда додани маҳсулот ба бозорҳо;
ҷорӣ кардани механизмҳои самарабахши таъминсозии хоҷагиҳои гармхонавӣ бо тухмиҳо, бутта ва ниҳоли навъҳои баландҳосили зироати кишоварзӣ, ки дар бозори хориҷӣ харидоргиранд, аз тариқи муҳайё намудани шароит барои ташкил намудани гармхонаҳои буттаву ниҳолҳо, ҳамчунин парвариши ибтидоии тухмӣ;
ташаккул додани инфрасохтори замонавии хидматрасонии логистикӣ, кӯмакрасонӣ ба субъектҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар ташкил кардани фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо;
васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои замонавии сарфакунандаи захираҳо, манбаъҳои муқобили энергия дар ташкил намудани хоҷагиҳои гармхонавӣ;
ташкил кардани  марказҳои илмию истеҳсолӣ бино бар стандарткунонӣ, сертификатсия ва  мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ борбандии маҳсулоти истеҳсолшуда бо қабул кардани чораҳо бобати таъминсозии эътирофи байналхалқии шартномаҳои онҳо;
иштирок дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи хоҷагиҳои гармхонавӣ, аз ҷумла бо таҷрибагузаронии истеҳсолии онҳо дар корхонаҳое, ки дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» кор мебаранд.
4. Муқаррар карда шавад, ки:
қитъаҳои замине, ки ба таркиби МОИ «Бухоро-агро» дохил карда шудаанд, бевосита дар ихтиёри Шӯрои маъмурии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатии вилояти Бухоро қарор доранд;
муҳлати амали МОИ «Бухоро-агро» аз замони ташкили он бо эҳтимоли минбаъд дароз кардани муддати мазкур 30 солро ташкил медиҳад;
дар тӯли муҳлати амали МОИ «Бухоро-агро» дар ҳудуди он тартиби махсуси андоз ва гумрук амал менамояд;
мақоми аъзои МОИ «Бухоро-агро» мувофиқи қарори Шӯрои маъмурии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатии вилояти Бухоро муайян карда мешавад.
5. Ба Шӯрои маъмурии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатии вилояти Бухоро супурда шавад, ки:
а) дар муҳлати як моҳ бобати ташкил кардан ва ба роҳ мондани фаъолияти маъмурияти МОИ «Бухоро-агро» чораҳо андешад;
б) якҷо бо Вазорати иқтисодиёт, Кумитаи давлатӣ оид ба сармояҳо, Кумитаи давлатӣ оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат, Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ширкати холдингии «Ӯзбекозиқовқатхолдинг» ва бонкҳои тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда:
татбиқсозии лоиҳаҳои дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» ҷалб намудани субъектҳои соҳибкорӣ, ба роҳ мондани кори мунтазам бо онҳо, ҳамчунин босифат ва сари вақт баррасӣ кардани аризаҳои сармоявӣ барои ҷойгиркунии лоиҳаҳо дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро»;
кӯмакрасонӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар коркарди нақшаҳои тиҷоратии лоиҳаҳои сармоявӣ, ки барои дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» татбиқ кардан пешбинӣ шудаанд, таъмин кунад.
6. Маъмурияти МОИ «Бухоро-агро» бинобар хелҳои асосии фаъолият аз пардохти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба бунёдҳои мақсадноки давлатӣ дар тамоми давраи фаъолияти он озод карда шавад.
7. Дастурҳои бобҳои 3, 4 ва 5-уми Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26 октябри соли 2016 №ФП-4853 «Дар бораи чораҳои иловагӣ бино бар беҳтар кардан ва вусъат додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ» барои аъзои МОИ «Бухоро-агро» ҷорӣ карда шаванд.
8. Ҳайати Комиссияи оид ба мувофиқсозӣ ва кӯмакрасонии татбиқ намудани чораҳо бино бар ташкил кардани хоҷагиҳои замонавии гармхонавӣ дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.
Инҳо вазифаҳои асосии Комиссия (С.Холмуродов) муайян карда шаванд:
ҳамоҳангсозии фаъолияти иҷрогарони масъул бино бар татбиқсозии чорабиниҳое, ки қарори мазкур пешбинӣ намудааст, ҳамчунин ба роҳ мондани иҷрои самарабахш, босифат ва саривақтии онҳо;
ҷалби сармояҳои хориҷӣ, вомҳо ва грантҳои кишварҳои васоятгар, идораҳои байналхалқии молиявӣ барои бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳое, ки дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» татбиқ мешаванд;
кӯмакрасонӣ дар ҷустуҷӯ ва ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ барои татбиқ сохтани лоиҳаҳо дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро», баргузор кардани гуфтушунидҳо, ҳамчунин ёрӣ ва кӯмакрасонии зарурӣ ба онҳо ҳангоми ба роҳ мондани фаъолияташон.
9. Муайян карда шавад, ки бо маблағтаъминкунии  лоиҳаҳое, ки дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» татбиқ мешаванд, аз ҳисоби маблағи идораҳои байналхалқии молиявӣ, ташаббускорони лоиҳаҳо, аз ҷумла сармояҳои бевосита, ҳамчунин воми бонкҳои тиҷоратӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ мешавад.
Дар ин маврид ҳаҷми маблағҳои худии ташаббускори лоиҳа, ки барои татбиқи он ҷалб гардидаанд, набояд камтар аз 20 фоизи арзиши умумии лоиҳаи дахлдор бошад.
10. Муқаррар карда шавад, дар корхонаҳое, ки дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» ташкил карда мешаванд, тартиб ва шарти пешниҳоди вомҳо, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 январи соли 2017 №ҚП-2718 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани манбаъҳои бомаблағтаъминкунии лоиҳаҳои сармоявӣ дар саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзор ва доруворӣ» муайян шудаанд, ҷорӣ карда мешаванд.
12. Ба Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Ӯзпромстройбанк», бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Асака» ва дигар бонкҳои тиҷоратӣ тавсия дода шавад, ки ҳангоми кам ё худ набудани таъминоти гаравгонии ташаббускорони лоиҳаҳо ба онҳо барои хариди таҷҳизоти технологӣ бо лизинг имконият дода шавад.
13. Ба Вазорати оид ба рушди технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, Вазорати хидматрасонии манзиливу коммуналӣ, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба роҳҳои автомобилгард, Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго», Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзтрансгаз» супурда шавад, ки якҷо бо маъмурияти МОИ «Бухоро-агро» дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро», ҳамчунин майдончаҳои истеҳсолии аъзои онҳо наздикии кафолатноки инфрасохтори берунии роҳу нақлиёт ва муҳандисиву коммуникатсиониро таъмин кунанд.
14. Ба Вазорати иқтисодиёт ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо:
бо Вазорати сохтмон, Вазорати хидматрасонии манзиливу коммуналӣ, Вазорати оид ба рушди технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, Кумитаи давлатӣ оид ба роҳҳои автомобилгард, Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго», Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзтрансгаз», Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари», ҳокимияти вилояти Бухоро дар зарфи се моҳ таклифро барои тасдиқ намудан ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барномаи пешрафти рӯзафзуни инфрасохтори нақлиёт, истеҳсолӣ ва муҳандисиву коммуникатсиониро дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» пешниҳод кунанд;
ба Кумитаи давлатии оид ба сармояҳо супурда шавад, ки ҳар сол ҳангоми ташаккул додани афзалиятҳои Барномаи давлатии рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон лимити маблағҳо ва ҷудо кардани сармояҳои зарурии марказонидашударо барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, истеҳсолӣ ва муҳандисиву коммуникатсионии МОИ «Бухоро-агро» дар асоси нақшаи генералии он, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда тасдиқ шудааст, пешбинӣ намояд.
15. Ба таклифи Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Бухоро дар бораи муайян кардани:
супоришгарони коркарди нақшаи генералӣ, ҳамчунин оид ба сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори роҳу нақлиёт ва муҳандисиву коммуникатсионии МОИ «Бухоро-агро» -и ширкати инжинирингии «Хидмати супоришгари ягона»-и назди ҳокимияти вилояти Бухоро;
созмони генералии лоиҳа бино бар коркарди нақшаи генералии МОИ «Бухоро-агро»-и Пажӯҳишгоҳи  лоиҳавиву ҷустуҷӯии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қишлоқ қурилиш лоиҳа» ризоият дода шавад.
16. Ба Ширкати инжинирингии «Хидмати супоришгари ягона»-и назди ҳокимияти вилояти Бухоро супурда шавад, ки якҷо бо Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қишлоқ қурилиш лоиҳа» дар муҳлати ду моҳ коркард ва бо ризоияти Шӯрои маъмурии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатии вилояти Бухоро барои ба тасдиқ пешниҳод кардани лоиҳаи нақшаи генералии МОИ «Бухоро-агро» мувофиқи тартиби муқарраршуда дохил кардани онро таъмин намояд.
17. Ба Оҷонсии нақлиёти автомобилии Ӯзбекистон, Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари», Кумитаи давлатии гумрук супурда шавад, ки якҷо бо ҳокимияти вилояти Бухоро дар зарфи як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати ташкил кардани марказҳои логистикӣ ва ситодҳои гумрукӣ барои хидмати саривақтӣ ва босифати аъзои МОИ «Бухоро-агро» таклиф пешниҳод кунанд.
18. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супурда шавад, ки:
ба зиммаи сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Куриё, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Шоҳигарии Испания, Давлати Исроил, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагиҳои дигари дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа ӯҳдадории кӯмакрасонӣ дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ, ҳамчунин хатҳои хориҷии вомӣ барои татбиқ намудани лоиҳаҳо, аз ҷумла бино бар созмон додани хоҷагиҳои замонавии каммасрафи гармхонавиро дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» гузорад;
бино бар аризаҳои ҳокимияти вилояти Бухоро мувофиқи тартиби муқарраршуда бақайдгирии раводидҳои сафариро барои мутахассисони хориҷие, ки бино бар созмон додани хоҷагиҳои замонавии гармхонавие, ки дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» ташкил карда мешаванд, ба кор ҷалб карда мешаванд, бидуни ситондани боҷҳои консулгарӣ ва ғайра таъмин намояд.
19. Ба Вазорати корҳои дохилӣ супурда шавад, ки бино бар аризаҳои ҳокимияти вилояти Бухоро мувофиқи тартиби муқарраршуда додан ва тамдид кардани раводидҳои бисёрдафъаина, ҳамчунин қайди муваққатӣ ва дароз кардани онро бино бар ҷойи истиқомат дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои мутахассисони хориҷие, ки ба кор бобати созмон додани хоҷагиҳои замонавии гармхонавие, ки дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» ташкил карда мешаванд, ҷалб мегарданд, бидуни ситондани боҷҳои давлатӣ таъмин намояд.
20. Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шавад, ки мувофиқи аризаҳои ҳокимияти вилояти Бухоро додан (тамдид кардан)-и рухсатномаҳоро мувофиқи тартиби муқарраршуда барои ба ҷумҳурӣ ба кор ҷалб кардани мутахассисони хориҷӣ дар корхонаҳо, аз ҷумла дар гармхонаҳое, ки дар ҳудуди МОИ «Бухоро-агро» ташкил карда мешаванд, ҳамчунин додан (тамдид кардан)-и тасдиқномаҳои онҳоро барои фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин кунад.
21. Ба Вазорати хоҷагии қишлоқ супурда шавад, ки:
а) якҷо бо Фарҳангистони улум, Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ширкати холдингии «Ӯзбекозиқовқатхолдинг», Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати миллии сарфакори энергия» дар зарфи ду моҳ тавсияҳоро бобати ташкил кардани маҷмӯъҳои замонавии гармхонаҳои сарфакори энергия (гармхонаҳо)-ро бо шароити мусоид бо дарназардошти махсусиятҳои минтақа (маҳал)-и ҷойгиршавии онҳо, тахассусонии гармхонаҳо ва омилҳои дигар, ки ба самаранокии хоҷагиҳои гармхонавӣ таъсир мерасонанд, кор карда барояд;
б) якҷо бо Фарҳангистони улум, Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд:
дар муҳлати як моҳ барои роҳбарон ва мутахассисони хоҷагиҳои гармхонавӣ силсилаи машваратҳои таълимӣ бино бар масъалаҳои идораи хоҷагиҳои гармхонавӣ, аз ҷумла истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзиро ташкил кунад;
бинобар рағбатноксозии корҳои илмиву тадқиқотӣ ва кашфиётҳои инноватсионӣ дар соҳаи ташкил кардан ва инкишоф додани хоҷагиҳои замонавии гармхонавӣ, ҳамчунин дар соҳаи мазкур ба роҳ мондани такмили ихтисоси мутахассисонро дар асоси таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ ташкил кунад.
22. Ба Инспексияи давлатии Ӯзбекистон оид ба назорати истифодаи маҳсулоти нафт ва гази назди Девони Вазирон, Инспексияи давлатии назорат дар соҳаи электроэнергетика супурда шавад, ки якҷо бо идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ бо сафар дар маҳалҳо  инвентаризатсиякунонии ҷиддии хоҷагиҳои дарамали гармхонавиро дар вилоятҳо ва ноҳияҳо (шаҳрҳо) бо мақсади омӯхтани самаранокӣ ва сарфакории истифодаи захираҳои энергетикӣ дар онҳо баргузор кунад ва бино бар натиҷаи он ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳисоботро бо таклифҳо бобати такмил додани кор дар самти мазкур пешниҳод намоянд.
23. Ба Кумитаи давлатии оид ба сармояҳо супурда шавад, ки бо Вазорати адлия ва идораҳои дигари манфиатдор дар зарфи як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод кунад.
24. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон С. Р. Холмуродов, З. Т. Мирзоев, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О. Б. Муродов ва ҳокими вилояти Бухоро Ӯ. И. Барноев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
10 июли соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: