ИМТИЁЗ БА ФАРЗАНДОНИ ХОДИМОНИ ҲАРБӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ширкати роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Имтиёзҳои нав барои низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аъзои оилаи онҳо» нишасти матбуотӣ ба амал омад.

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оиди дастгирии иҷтимоии низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аъзои оилаи онҳо» барои ба муассисаҳои таълими олӣ ва таълими олии ҳарбии ҷумҳурӣ дохил шудани фарзандони кормандони ҳарбӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда шуд.
Қарори мазкур дар роҳи мақсадҳои устуворе чун дастгирии иҷтимоии минбаъдаи кормандони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аъзои оилаи онҳо, мустаҳкам кардани ҳолати маънавию рӯҳӣ қадами навбатӣ гардид.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 июни соли ҷорӣ қарори Девони Вазирон «Дар бораи тасдиқ кардани низом бобати дар асоси иловагӣ додани тартиби тавсиянома барои ба муассисаҳои таълими ҳарбии ҷумҳурӣ дохил шудани фарзандони кормандони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба тасвиб расид.
Ҳуқуқи аз рӯйи квота ба муассисаҳои таълими олӣ ва таълими олии ҳарбии ҷумҳурӣ дохил шудан ва дар асоси гранти давлатӣ таълим гирифтан ба фарзандони офитсер, сержант ва аскарҳои оддие, ки дар мустаҳкамсозии қудрати мудофиаи мамлакат ҳиссаи муносиб гузошта, дар фаъолияти ҳарбиву илмӣ ба натиҷаҳои хуб ноил шудаанд ва бинобар қарордод хизмат карда, соҳиби тавсияномаҳои вазорат ва идораҳои дахлдор мебошанд, дода мешавад. Тавсияномаҳо барои як маротиба ба муассисаи олӣ дохил шудани фарзандон ва ба муддати на беш аз 3 сол дода мешавад.
Чунончи дар банди 4-уми қарор нишон дода шудааст, бо оғоз аз соли хониши  2018-2019 фарзандони кормандони ҳарбие, ки барои гузаштани хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд;  барои гузаштани хизмати ҳарбӣ ҷароҳат бардоштаанд; дар натиҷаи контузия, шикасти аъзо ногиро шуда мондаанд ё ба касалӣ гирифтор шудаанд, дар асоси тавсияномаҳои вазорат ва идораҳои дахлдор берун аз квотаҳои қабули муайяншуда ба бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ дар асоси гранти давлатӣ бидуни озмун қабул карда мешаванд.
Ин гуна эътибор ва ғамхориҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти давлатамон барои кормандони ҳарбӣ   ва аъзои оилаи онҳо зоҳир мегарданд, ба ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки такягоҳи мустаҳками якпорчагии ҳудуди мамлакат, дахлнопазирии сарҳадҳои он, ҳаёти орому осоишта мебошад, хизмат хоҳад кард. Дар чорабинӣ кормандон ва мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор иштирок карданд.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: