ДАР АДИРҲО – БОДОМЗОР

Усули обёрии қатрагӣ дар ҷумҳуриамон рӯз аз рӯз самараи нек медиҳад.

Аввалан бо ин усул об кам масраф гашта, замин намнокиро дар худ дер нигоҳ медорад ва барои сабзиши мӯътадили ниҳол низ аҳамияти зиёд мерасонад.
Солҳои охир дар вилояти Сурхондарё аз ин усул бештар истифода мекунанд. Ҳангоми сафараш роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев ба кишоварзони воҳа тавсия дода буд, ки онҳо дар адирҳо ва заминҳои камҳосил бештар боғи серҳосил бунёд карда, аз он ҳосили зиёд ба даст оранд.
Ба қарибӣ мо бо роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди «Sag Agro Jar go Np» Бахтиёр Розиқов дар шаҳри Тирмиз вохӯрда, бо чанд суол муроҷиат кардем:
– Мо дар таркиби Иттиҳодияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ривоҷи чормағз ва фурӯши хориҷии он, ҷамъияти саҳҳомии хешро ташкил кардем, – гуфт дар оғози сӯҳбат Бахтиёр Розиқов. – Ногуфта намонад, ки иттиҳодияи мазкур барои хариди ниҳол, техника, поруҳои кимёвӣ ва ҳаққи хидмати коргарон ба мо кӯмаки молиявӣ расониданд. Мо дар ҳудуди ноҳияи Ҷарқӯрғон дар адирҳои кӯҳи Боботоғ се сол қабл аз ин 2 ҳазору 200 гектар заминро аввал тахту ҳамвор кардем, пас онро хушсифат шудгор карда, чормағз, бодом ва писта коридем. Аз ин ҳисоб дар 400 гектар майдони замин 150 ҳазор бодоми қадпасти серҳосил ва харидоргири навъи «Авитор» ва«Гуяра» шинонидем.
Ин навъи бодом аз кишвари Испания оварда шуда, донаки он аз лабораторияҳои махсус гузаронида, барои ба ҳар гуна касалиҳо гирифтор нашудани он пешакӣ дору карда шудааст.
Имсол боғи мо соли дуввум аст, ки арзи вуҷуд мекунад. Боғзорҳо асосан дар асоси интенсивӣ бунёд карда, бо усули қатра обёрӣ карда мешаванд. Ҳангоми овардани таҷҳизоти обёрикунӣ, ба мо маълум шуд, ки нархи он хеле қимат будааст, вале пасон мо таҷриба кардем, ки ҳам об кам масраф мешудааст ва ҳам қувваи корӣ чандон зарур набудааст. Агар мо масрафи об, ҳаққи хидмати коргарро ҳисобу китоб намоем, ин усули обёрӣ арзонтар мебошад.
Агар бунёди боғи мо пурра ба кор шурӯъ кунад, 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва як ҳазору 500 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ банд хоҳанд шуд. Боз як ҷиҳати тафовути ин бодомҳо аз бодомҳои маҳаллӣ  ин аст, ки он охири моҳи март гул мекунад ва аз хунукӣ ва боришоти зиёд ҳосили он эмин мемонад. Ин навъ аз ҷиҳатҳои бартарии он ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки ин бодомҳо баъд аз чаҳор сол ба ҳосил медароянд ва аз ҳар гектар 2 тоннагӣ ҳосил бояд диҳанд. Аз 400 гектар 645 тонна бодом гирифтан эҳтимол дорад.
Ҳоло боғбонҳои мо пайваста дар бунёди ин боғҳо заҳмат мекашанд. Мо умед дорем, ки ба мақсадҳои наҷиби хеш расида, барои фурӯш ба хориҷ маҳсулоти хешро баъд аз ду сол бароварданием.

Нуралии РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: