КАСБИ ПАДАР – НОНИ ҲАЛОЛ

Намоз Зокировро замоне мардуми Вардонзе ҳамчун деҳқони асил хуб мешинохтанд.

Вай солҳои зиёд сарвари бригадаи пахтакорӣ буду бо комёбиҳои меҳнатиаш дар сафи пешқадамон меистод. Ӯ бо ҳамсараш Қутфияхола ҳашт духтару чор писарро табъи дил ба воя расонд. Байни фарзандон Ӯктам касби падарро пеша кард.
Ӯктам нимаи дуюми солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар синфи даҳуми мактаби миёнаи рақами 20 ба номи А.Берунии ноҳияи Шофиркон таҳсил мегирифт. Дар сарои трактори хоҷагии давлатии пахтакории онҳо курси тракторчигӣ созмон ёфт. Азбаски он бегоҳӣ сурат мегирифт, Ӯктам аз имконияти пешомада истифода бурд ва баъди шаш моҳ соҳиби ихтисоси дилхоҳ гардид.
Ин рафтори оқилона ӯро дар рӯзгори минбаъда комёб намуд. Таҳсили мактаби миёна поён ёфту Ӯктам ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз кард. Аниқтараш деҳқони пуртаҷриба Раҳмон Раҳимов, ки сардори бригадаи шашуми шуъбаи дуюми хоҷагии давлатии «Илич» буд, ӯро ба кор гирифт. Ӯ.Зокиров ҳамчун механизатори бригадаи пахтакорӣ баҳри фаровонии ҳосил саҳм гузошт. Ба маслиҳатҳои пахтакорони асил амал кард. Ӯ асрори деҳқонӣ омӯхт. Ду-се сол сонӣ вайро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Он дар Кострома дар қисми бинокорӣ гузашт. Баъди ду сол Ӯктам боз ба зодгоҳ баргашт. Ин дафъа падараш ӯро ба бригадаи худ ба кор гирифт. Соли аввал вай ҳамчун табелчии бригада фаъолият нишон дод. Дере нагузашта падараш ба нафақа баромаду Ӯктамро ба ҷойи вай сардори бригада интихоб карданд. Ҷавонмарди меҳнатдӯст ба аъзоёни ҳимматбаланд такя намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Истеҳсоли пахта сол то сол афзуда, нақшаҳо пайваста иҷро мегардиданд.
Моҳи ноябри соли 2001 Ӯктам Зокиров ба хоҷагии фермерии «Намоз Ӯктам» асос гузошт. Соли аввал натиҷаи кор деҳқононро хурсанд кард. Аз 6 гектар майдони ғалла ва аз 13 гектар майдони пахта ҳосили дилхоҳ ба даст даромад. Соли 2008 ба туфайли оптималкунонӣ миқдори майдонҳои кишт ду-се баробар афзуд. Меҳнатдӯстон дар 36 гектар майдон гандум, дар 28,2 гектар пахта ва дар 3 гектар қитъа маҳсулоти полизу сабзавот корида, баъди азму кӯшишҳо комёб мегарданд.
– Нақшаҳо ҳар сол иҷро мешаванд? – ба ҳамсуҳбати худ рӯ оварда пурсидам.
– Фақат соли 2013 плани ғалла нопурра монд, – ҳақиқатро гуфт Ӯктам.
Албатта дар дамгаҳи дашти Ҷилвон, ки тобистонаш хеле гарму зимистонаш беҳад хунук аст, деҳқонӣ кардан чандон кори саҳл нест. Пуртаҷрибагию чашмикордониҳо на ҳама вақт самараи дилхоҳ медиҳанд. Бо вуҷуди ин заршиносон ба туфайли меҳнати фидокорона коми дил ба бар меоранд.
Бист нафар аъзои доимӣ (ҳангоми мавсим шумораи эшон аз 30 нафар меафзояд) борро баробар дӯш мегиранд. Меҳнати оқилонаю масъулиятшиносона натиҷаҳои хурсандибахш меорад.
Ҷасур Зокиров, Эрмат Бозоров, Эрдон Бозоров, Суҳроб Юнусов, Гулмира Ҷӯраева, Нилуфар Холова, Баҳора Рамазонова, Гуландом Бозорова барин кормандони хоҷагии фермерӣ ба пушту паноҳ ва омили пешбарандаи корҳои хоҷагӣ табдил ёфтаанд. Деҳқонон соли гузашта пахтаи навъи «Бухоро» корида, ба ҷои 28 сентнерии нақша 29 сентнерӣ ҳосил гирифта буданд. Имсол низ онҳо аз ҳамин навъ пахта ният доранд, ки ҳосилнокии майдонҳоро ба 35 сентнерӣ расонанд. Авҷи ниҳолҳо аз амалӣ шудани орзуи пахтакорон гувоҳӣ медиҳад.
Солҳои охир ғаллакорони хоҷагӣ ба гандуми навъи «Старшина» рӯ оварда комёб мегарданд. Дар шароити мураккаби камии об имсол истеҳсоли ғалла дар хоҷагӣ ба 43 сентнерӣ рост омад. 
– Ҳукуматамон барои беҳбудии кор чорабиниҳо мекунад. Гирифтани вомҳои саривақтӣ, ба ихтиёрашон гузошта шудани ҷараёни истифодабарӣ аз онҳо барин омилҳо бешак кӯмак мерасонанд, – арзи қаноатмандӣ намуд фермер.
– Вақт зуд мегузарад. Гӯё дирӯз ба фаъолияти корӣ оғоз намуда будем. Аллакай то синни нафақа  ду сол вақт мондааст, – ҳайрати худро ошкор намуд вай.
Бояд таъкид намуд, ки деҳқони корозмуда Ӯктам Зокиров касби падарро интихоб карда хато накард. Ба туфайли меҳнати поквиҷдонона орзую умедҳои ӯ ҷомаи амал мепӯшанд.
Вай бо ҳамсараш Шарифа Зокирова се духтару ду писарро ба воя расонда, соҳиби оила, хонаю дар намуд. Нӯҳ набераи ширини эшон дар муҳити нав дилхоҳона нашъунамо меёбанд.
Деҳқонзодагони асил, ки дар ивази меҳнати чандсолаи фидокорона соҳиби бошишгоҳи саҳроӣ, тракторҳои хусусии «Т-28», «МТЗ-80», «ДТ-100» (бо чизел, култиватор ва притсеп), автомобили «Дамас» гардидаанд, ҳоло фарзандону наберагони эшон омодаанд, ки масъулияти минбаъдаи корҳоро ба зиммаи худ гиранд.
Ворисони сарзамини вардонхудотҳо – вардонзеҳиён бошанд, ба туфайли азму кӯшишҳои ин қабил деҳқонони худ бобати зироатпарварӣ дар ноҳия пешсафанд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: