ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

Ё худ фикру мулоҳизаҳо доир ба аҳамияти Қарори Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва таъмин кардани иштироки фаъоли онҳо дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд».

Аввало эътироф бояд кард, ки қарори мазкур дар фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ислоҳот, куллан тағйир додани мавқеъ ва баланд бардоштани сифати таълим нақши муҳим мебозад.
Чуноне ки дар ҳуҷҷати муҳим ва саривақт эълоншуда таъкид гардидааст, як қатор муаммоҳои сарбаста мавҷуданд, ки ба баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои олӣ монеъ мегарданд. Масалан, сифати қабул ва  ҷараёни ташкил кардани маълумотгирӣ дар низоми таълими олӣ, баҳогузорӣ ба донишҷӯён ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд. Набудани низоми замонавии баҳодиҳӣ ба фаъолият, дониш ва иқтидори педагогии ҳайати профессорону омӯзгорон ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад. Дар қарор боз таъкид шудааст, ки муассисаҳои таълими олӣ ба маркази мубодилаи фикру ақидаҳо оид ба ғояҳои инноватсионӣ ва технологӣ табдил наёфтаанд. 
Барои зуҳуроти ташаббускории ҳайати профессорону омӯзгорон, олимони ҷавон ва донишҷӯён бино бар мунтазам омӯхтан, таҳлил ва пешниҳод намудани таклиф бобати ҳаллу фасли мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда дар соҳаҳои дахлдор шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда нашудаанд.
Аммо ба фикри ман дар байни ин омилҳо муаммои ҳаллаш дар навбати аввал зарур ва дар муддати кӯтоҳ натиҷаи мусбидиҳанда ва сифати таълими олиро беҳтаркунанда: ин шароити мусоид фароҳам овардан барои мустақил дониш гирифтан ва болои худ кор кардани донишҷӯён аст.
То ҳол дар муассисаҳои таълими олӣ мо ба азхудкунии донишҷӯён баҳои баланд мегузорем. Чӣ ҷойи пинҳон кардан аст, ки дар ҷамъбасти сессия қатъи назар аз шумораи «қарздорон» ба онҳо барои аз нав имтиҳон супурдан иҷозат медиҳем. Ин донишҷӯёнро танбал, бемасъулият ва бепарво кард.
Дар қарор таъкид шудааст, ки «ҷорӣ намудани низоми назорати дониши донишҷӯён» вазифаи таъхирнопазир аст. Низоме, ки дар амал аст, донишҷӯёнро бепарво ва бефарқ намуд. Ба масъалаи мувофиқсозии низом ва маҳаки баҳогузорӣ бо давраҳои низоми таълими муттасил эътибори асосӣ дода мешавад.
Таъмини холисонаи баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯ нафақат рағбатноксозии ҳаракати донишҷӯ аст, балки мизони баҳодиҳии самараноки дарсдиҳии муаллим мебошад. Ҷорӣ кардани усулҳои замонавӣ, шаффоф ва одилонаи баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён бо дарназардошти махсусияти самти таълим, аз ҷумла, самтҳое, ки иштироки муаллими фанни муайян дар ҷараёни назорати ниҳоӣ чунин муаммоҳоро аз байн мебарад.
Боиси хурсандист, ки бо мақсади ҷорӣ намудани назорати ҷамоа дар тамоми муассисаҳои таълими олӣ шӯроҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд, ки аз донишҷӯён, падару модарон, фаъолони Иттифоқи ҷавонони муассисаҳои таълими олӣ, профессорону омӯзгорон, ҳамчунин намояндагони идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таркиб ёфтаанд. Вазифаи асосии онҳо мониторинг намудани сифати таълим, дониш ва маҳорати педагогии профессорону омӯзгорон, баррасӣ намудани муроҷиати донишҷӯён, бо мақсади дақиқ омӯхтани фикру ақидаи донишҷӯён дар бораи омӯзгорон гузаронидани пурсишҳои иҷтимоӣ ва ғайра мебошад.
Ҳоло дар донишгоҳи мо дар асоси қарори Президент «Доир ба квотаи қабул ба муассисаҳои таълими олӣ дар соли хониши 2018-2019» ҳуҷҷатҳои довталабон бо иштироки комиссияи махсус дар 12 факултет, аз ҷумла, 9 шуъбаи тоҷикӣ ба охир мерасад.
Ҷавонони соҳибистеъдод, соҳибхирад ва ба таҳсил ҳавасашон пурзӯрро қабул кардан – кафолати асосии баланд бардоштани сифати таълими олӣ аст. Бинобар ҳамин санҷиши тест, ки солҳои тӯлонӣ дар амал буд, аҳамияти худро гум кардааст. Онҳо ба довталабон барои мантиқан фикр кардан ва дар ҷараёни имтиҳон барои намоиши дониши ҳақиқӣ имконият намедиҳанд. Ин ҳол на танҳо ба сифати таълими олӣ, балки ба сифати таълими умумӣ, муносибати донишҷӯ ба таҳсил таъсири манфӣ мерасонад.
Боз як масъалаи муҳим он аст, ки дар тамоми мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар асоси нақшаи дарс таълим дода мешавад, ки мантиқан нодуруст аст. Дар қарор ба ин масъала низ дигаргунӣ дохил карда шудааст.
Чанде пеш ба Чин сафари эҷодӣ намудам. Мизбонон моро бо фаъолияти мактабҳои олӣ шинос карданд. Донишҷӯёни Чин якчанд забонҳои хориҷиро мукаммал медонанд. Дар мо донишҷӯён забонҳои русӣ ва англисиро ба тарзи кофӣ намедонанд. Охир забондонӣ ҷаҳондонист.
Дар қарори Президент оиди баланд бардоштани сифати таълим ҷорӣ кардани раванди «дараҷаи азхудкунии донишҷӯ – маҳаки асосии баҳодиҳӣ ба фаъолияти профессорону омӯзгорон» чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар ин маврид чорабиниҳо то ба ҳадди бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо омӯзгороне, ки ба талаботи равандҳои мазкур ҷавобгӯ нестанд, пешбинӣ шудааст. Ба роҳ мондани машғулотҳои таълимиро бо роҳи ҷорӣ кардани технологияҳои таълимӣ ва усулҳои интерфаъол, ки ба ташаккул додани афкори инноватсиониву соҳавии донишҷӯён нигаронида шудааст, эътибори махсус медиҳем. Барои донишҷӯёни боистеъдод, ки дар давоми курси 1-ум хуб хонданд, ташкил кардани гурӯҳҳои махсус ва аз бахши дуюм омӯзондани онҳо дар пояи нақшаҳои махсуси таълимӣ ва барномавӣ, ҷорӣ намудани низоми кадрҳои соҳибтахассус барои кафедраҳои муассисаҳои таълими олӣ аз тариқи қабули мақсадноки донишҷӯёни табақаҳои мазкур ба магистратура пешбинӣ шудааст. Минбаъд ба ҷойи вазифаи проректор оид ба корҳои маънавиву маърифатӣ дар донишгоҳҳо вазифаи проректор оиди кор бо ҷавонон ҷорӣ шуд, ки имконияти дастгирии олимони ҷавон ва толибилмони ташаббускорро фароҳам овард. Ин эътибори роҳбари давлатамон ба ҷавонон мебошад.
Ҷиҳати дигари боэътибори қарор он аст, ки дар он ба масъалаи фароҳам овардани шароит барои дастёбии муассисаҳои таълими олӣ ба пойгоҳҳои байналхалқии ахбори илмиву техникӣ, васеъ интишор кардани натиҷаҳои илмии кори профессорону омӯзгорон дар сатҳи байналхалқӣ ва давра ба давра таъмин намудани чопи мақола ва комёбиҳои илмӣ дар маҷаллаҳои асосии илмии ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ эътибори алоҳида дода шудааст.
Хулоса, Қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва таъмин кардани иштироки фаъоли онҳо дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд» барои ба зинаи баланд бардоштани таълим дар мактабҳои олӣ такони бузург медиҳад.
Фаромӯш накунем, ки дониш чароғи ақл ва роҳнамову роҳбалади мо аст.

Рустам ХОЛМУРОДОВ,
ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
доктори илмҳои техникӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: