ҶАВОНОН – ОЯНДАИ МО

– Чархи ҳаёт ҳамеша дар гардиш аст.

Наслҳо хоҳу нохоҳ ҷойи хеш, кору вазифа ва манзили хешро иваз мекунанд, онҳоро ба пасовандон медиҳанд. Ин ногузир аст. Пас саволе ба миён меояд:  насли калонсол чӣ бояд кунад, ки пасовандон розӣ бошанд ва анъанаҳои неки онҳоро бе каму кост идома диҳанд, ғанитару беҳтар кунанд. Фармони Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев дар бораи Барномаи давлатии ҷавонон бо дарназардошти ана ҳамин ниятҳои нек интишор гардид. Роҳбари давлат дар ҳар баромади хеш ба сарони идора ва муассисаҳои давлатӣ дастур медиҳад, ки  ба ин масоил аҳамияти ҳамаҷониба диҳанд, то ҷавонон минбаъд дар роҳи таҳкими давлати мустақиламон ва ғояҳои миллӣ хизмати бебаҳо кунанд, – мегӯяд муовини ҳокими ноҳияи Бойсун Алишер Нормаматов. – Бешубҳа, ҷавонони имрӯз ояндаи мо, фардои дурахшони мамлакат бояд шаванд. Ман бо онҳо бевосита аз наздик сару кор дорам, мебинам, ки ин ҷавонон аз ҷавонони чанд соли қабл бартарӣ доранд. Онҳо ҳамеша дар такопӯанд, аз пайи иҷрои реҷаҳои кории хеш,  аз ҷумла тадбиркорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ё ба мақсади шомил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо... оромӣ надоранд. Ҳар кадом мувофиқи ҷаҳонбинии хеш мақсади муайяне дорад. Вазифаи мо он аст, ки дар роҳи амалӣ гаштани нақшаҳои онҳо бевосита кӯмак расонем.
Пӯшида нест, ки бисёр ҷавонон бо ҷойи кор таъмин нестанд. Аз ин хотир аксарияти онҳо иҷборан мардикориро ихтиёр мекунанд. Албатта, ин тақозои давру замон аст. Яке аз вазифаҳои асосии мо бо кори доимӣ таъмин кардани чунин ҷавонони бекор аст. Пас аз чанд вақт кор дар кони гази «25-солагии мустақилӣ» оғоз мегардад. Ҳоло мутахассисони чинӣ дар кони ангишти Тӯда ба кор сар карданд. Ба ин иншоот коргарони соҳибкасб заруранд. Ҷавононро лозим аст, ки соҳиби касбу кор шуда, дар ин корхонаҳо ба кор шурӯъ кунанд. Дар тайёр кардани соҳибкасбони ҷавон бошад, мо бояд мададрасон бошем.
Солҳои охир шавқу завқи ҷавонон нисбат ба илмомӯзӣ, варзиш хеле баланд гаштааст. Тавре ки медонем, тамоми корҳои зишту кирдорҳои ношоям аз бекорӣ маншаъ мегиранд. Ба ин маънӣ мардуми мо беҳуда: аз бекор худо безор – намегӯяд. Мо бояд ба тарбияи наврасону ҷавонон машғул гашта, дар ҳалли муаммоҳои онон кӯмаки бевосита расонем. Дар ин сурат онҳо пайрави падарон гардида, ба иқдомҳои нек даст хоҳанд зад. 
Қобили тазаккур аст, ки солҳои охир ҳокимияти ноҳия ба тарбияи ҷавонон диққати махсус дода, сари чанд вақт бо сарони ташкилоту муассисаҳо вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир мекунад. Ҷавонон дар ин вохӯриҳо бо роҳбарон ошкоро гуфтугӯ карда, ҳаллу  фасли муаммоҳои хешро аз онҳо дархост мекунанд. Чунин тадбирҳо аксаран ба манфиати ҷавонон хидмат мекунанд.
Бесабаб: «Қарс аз ду даст садо диҳад», нагуфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, мо бояд ба тақдири ҷавонон бефарқ набошем, аввал худамон – роҳбарони дараҷаҳои гуногун ташаббус нишон диҳем ва пасояндагонро  рӯҳбаланд кунем, то ба дастгирии мо ҷавоби мусбат диҳанд.

Мусоҳиб
Нуралии РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: