МАКТАБИЁНИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Дар Сингапур аз фанни математика олимпиадаи байналхалқӣ (Singapore International Math Olympiad Challerge 2018), ки дар он аз 17 кишвари ҷаҳон беш аз 1000 хонанда ширкат ҷустанд, баргузор шуд. Ӯзбекистонро 45 нафар хонандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ намояндагӣ карданд.

Баъди ҳалли ребусу масъалаҳои математикӣ, хонандагони бартаридошта дар мусобиқаи финалӣ ширкат ҷустанд. Дар сабқат ғолибон, бино ба синну сол, муайян гардиданд. Ҳамватанони мо ду ҷоизаи тиллоӣ, 6-то нуқра ва 17-то биринҷиро ба даст дароварданд.
Директори иҷрогари Маркази сингапурии баргузории мусобиқаҳои байналхалқӣ аз рӯйи математика Генри Онг омодагирии намояндагони Ӯзбекистонро баланд арзёбӣ кард:
– Иштироки хонандагони ӯзбекистонӣ ва ишғоли ҷойҳои сазовор аз ҷониби онҳо далели низоми амиқ андешидашудаи таълим дар Ӯзбекистон мебошад. Вақте дар кишвари шумо будам, худ шоҳиди он гардидам, ки ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар соҳаи таълим ислоҳоти  фавқулодда бузургро татбиқ менамояд, ба рушди он маблағи кофӣ ҷудо мекунад. Умед аст, ки хонандагони ӯзбекистонӣ минбаъд низ комёб мегарданд.
Дар маросими сарфарозгардонии ғолибон ба сифати меҳмонони фахрӣ намояндагони роҳбарияти дипломатии Ветнам, Камбоҷа, Таиланд ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

ОИ «Дунё»,
СИНГАПУР. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: