ҲАМ РИЁЗИДОН, ҲАМ ШОИР

Ёд дорам, ки дар айёми кӯдакӣ бобоям, шоир ва омӯзгор Муҳаммадҷон Шукурзода чӣ тавр бо меҳр ба китоб муносибат карда, моро ба китобхонӣ шавқманд менамуданд.

 Аз ин рӯ, барои шахси мустақил ва адабиётдӯст шудани мо хизматҳои бобоям беқиёс аст. 
Бобоям Муҳаммадҷон Шукурзода 5-уми августи соли 1938 дар деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, дар оилаи марди фарҳангдӯст Абдушукур Шарифов ба дунё омада, баъд ба деҳаи Кенгузар кӯчидаанд. Падарашон, ки бо номи Муллошукур дар байни халқ машҳур буд, дар роҳи ташкил ва ободонии ноҳия заҳматҳои зиёд кашидааст. Ҳамчун ҳофизшинос ва бедилшинос дар байни халқ ном бароварда, худ низ гоҳ-гоҳ шеър менавиштааст. Ҳалолкориву масъулиятшиносиашро роҳбарони ҳукумат ба назар гирифта, ба он кас вазифаи раисии кумитаи иҷроияи ноҳияро бовар карда месупоранд. Вале сиёҳкорон тавонистанд, ки дар солҳои табъид ба номи он кас низ туҳмат зананд. Нақл мекунанд, ки ҳангоми дар маҳбас будан писари навзод – Муҳаммадҷони хурдакакро ба назди ӯ мебаранд. Лекин посбон дағалона мезанад ва кӯдак аз дасти модараш парида, ба замин меафтад. Хушбахтона, Муллошукур бо сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ ба ҳамаи азиятҳо тоб оварда, оқибат бегуноҳии худро исбот намуд. 
Бобоям аз хурдсолӣ ба адабиёт шавқи беандоза доштанд. Баъд аз хатми мактаби миёна, дар риштаи физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсил гирифта, ба зодгоҳи худ баргаштанд. Дар вазифаҳои омӯзгори фанни риёзӣ, ҷонишини директор ва директор дар мактабҳои рақами 12 ва 7, шуъбаи таълими халқи ноҳия ва ғайра фаъолият нишон доданд. Хусусан, дар муддати 16 сол ҳамчун директори мактаби рақами 7 дар пешравии кори таълим ҷонбозиҳо намуда, шогирдони зиёдро ба камол расониданд. Зиёда аз 40 соли ҳаёти худро ба таълиму тарбияи фарзандони халқ сарф намуда, сазовори унвони Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон гардиданд. Имрӯз шогирдонашон дар соҳаҳои гуногун хизмати халқро адо мекунанд. Ҳарчанд дар мактаби миёна талабаи бобоям шуда дарс хондан ба ман муяссар нашуда бошад ҳам, аммо хеле хушбахтам, ки аз он кас дарси ҳаётро омӯхтам. 
Дар ҳаёти оилавӣ низ ба бобоям хушбахтиҳои зиёд насиб гардид. Писарону духтаронро бо нони  ҳалоли омӯзгорӣ ба воя расонда, соҳиби хонаву ҷой намуданд. Аммо тақдиру пешона будааст, ки ду нафар фарзандони бо ҷон баробарашон, аммаам Инобат соли 1989 ва расо баъд аз 20 сол амакам Масрур дар синни ҷавонӣ ва айни ҷӯшу хурӯши ҳаёт ҷавонмарг гардиданд. Ҳамаи ин барои мо, хусусан бобоям зарбаи шадидтарин буд. Бобоям ба ҳамаи азобҳои ҳаёт сабру тоқат намуда, ҳалолу покиза зиндагиро идома мебахшанд. Ҳамеша шогирдонро ба роҳи рост роҳнамоӣ намуда, худ низ намунаи ибрат гардидаанд. 
Имсол бобоям аз баҳори 80-уми умри худ баҳравар гардида, дуогӯйи фарзандону набераву аберагони зиёд мебошанд. Панду насиҳатҳояшон дар зиндагии мо нақши ҳалкунанда дорад. То имрӯз шеърҳои зиёде эҷод карда, китобҳои шеърии «Хоки пок» ва «Субҳи содиқ»-ро ба мухлисони шеър пешкаш намуданд. Маҷмӯи нави ашъорашон омодаи чоп аст. Ҳоло низ машғули эҷоданд ва ғайрату шуҷоаташон доим ба мо илҳом мебахшад. Панду насиҳатҳои ҷолибашон бошад, бешубҳа роҳнамои ҳаёти одамон аст. Чунончи, гуфтаанд:
Ҳаргиз нашав, эй ҷони ман, ту дар пайи озори кас.
Асло наханд аз камбуду аз рӯзии ночори кас.
Дар давоми мутолиаи ашъори он кас ба хубӣ пай бурдам, ки ҳар мисраи шеърашон маҳсули таҷрибаи ҳаёт буда, қавлу амал, гапу корашон аз ҳам ҷудо нест. Бобоям доим ба мо таъкид карда мегӯянд:  «Ҳамеша илм омӯзед, китоб хазинаи бебаҳо аст. Илме, ки китоб ба шумо медиҳад, ягона боигариест, ки то охири умр шуморо тарк намекунад». 

Бибизулайхои ФОЗИЛ,
донишҷӯйи факултаи таълими касбии 
Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: