МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБА МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов дар Фарғона бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳайати намояндагони ин мамлакат, ки таҳти роҳбарии ӯ ташриф овардаанд, вохӯрд. Дар вохӯрӣ роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои иқтисодии ду давлат ширкат ҷустанд.

Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов дар Фарғона бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳайати намояндагони ин мамлакат, ки таҳти роҳбарии ӯ ташриф овардаанд, вохӯрд. Дар вохӯрӣ роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои иқтисодии ду давлат ширкат ҷустанд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои басе муҳими муносибатҳои дуҷониба, рафти омодагирӣ ба  вохӯрии   Ӯзбекистону Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ҳаллу фасл гардиданд.
Ҳамкории байни ду мамлакат бо назардошти манфиатҳои дарозмуҳлати халқҳои мо, таъмини сулҳу субот, бехатарӣ ва рушди муттасил дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мегардад.
Моҳи марти соли равон ташрифи давлатии Президентамон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон муносибатҳои ҳамкории байни мамлакатҳоямонро ба зинаи нав бардошт. Дар он доир ба таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, савдою иқтисодӣ, маданию гуманитарӣ аҳду паймон баста шуд.
Ҳоло дар ҳамаи соҳаҳо доираи ҳамкориҳо вусъат меёбанд. Дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба соли гузашта 35 фоиз афзудани табодули амвол далели ин гуфта аст.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳамсоягии наздик ва арзонии нақлиёт бобати якдигарро такмил додани иқтисодиёти ду мамлакат ва ба вуҷуд омадани рақобати солим нақши муҳим дорад.
Ҷонибҳо ба мақсади фаъолтар гардидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва маблағгузорӣ, оиди баргузории шӯрои навбатии соҳибкорон ва дар ҳудуди ду мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин ба иҷрои муоҳидаҳое, ки моҳи март дар Душанбе ва созишномаҳое, ки бино ба ҷамъбасти ташрифи давлатии Президент ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, рӯйи эътибор гардонда шуд.
Дар арафаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакатамон дар шаҳри Тошканд намоишгоҳи маҳсулоти миллӣ таҳти номи «Сохти Тоҷикистон»  ва форуми корчаллонии Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Иштирокдорони вохӯрӣ ин чорабиниҳоро дастгирӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои иҷтимоию фарҳангӣ ба таҳким бахшидани дӯстии халқҳои аз азал дӯсту ҳамсоя – ӯзбеку тоҷик хидмат мекунанд. Барои таҳким бахшидани робитаҳои дуҷониба ва самарабахшии он дар амал ҳамаи чораҳо андешида хоҳанд шуд. 
Сарвазирон итминон ҳосил намуданд, ки вохӯрии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар сатҳи олӣ бобати ба зинаи нав бардоштани муносибатҳои некҳамсоягӣ, рушди ҳамкориҳои судбахш байни халқу мамлакатҳоямон дари имкониятҳои навро мекушояд.

М. СУЛАЙМОНОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: