ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ КУЛЛАН ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ СУДУ ҲУҚУҚ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЭЪТИМОД БА МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ СУД

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Таъмин кардани мустақилии воқеии ҳокимияти суд, ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин баланд бардоштани дараҷаи дастёбӣ ба суди одил афзалиятҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ ба шумор мераванд. 
Тӯли давраи сипаришуда чораҳои маҷмуие татбиқ шуданд, ки ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми суд, такмил додани тартиби интихоб ва ҷобаҷогузории судяҳо, таъмин кардани бинобар ҳар як парванда баровардани қарори қонунӣ, асоснок ва одили судӣ нигаронида шуданд.
Аз ҷумла, Шӯрои олии судиягии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфт, мақомоти ягонаи олии ҳокимияти суд – Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, судҳои маъмурӣ ташкил гардиданд, ҳамчунин тартиби таъин кардан (интихоб кардан)-и судяҳо дар давраи бемуҳлати вазифавӣ ҷорӣ шуд.
Вусъат додани амалиёти баррасии парвандаҳои судии тамоми табақаҳо дар ҷамъомадҳои сайёри судӣ бобати ба роҳ мондани мулоқоти ошкоро бо аҳолӣ афзудани шаффофияти ҳокимияти суд тадбири муҳим гардид.
Баробари ин таҳлили кори мақомоти ҳокимияти суд як қатор мушкилот ва камбудиҳоро ошкор сохт, ки ба самарабахш татбиқ шудани вазифаҳои дар зиммаи онҳо буда монеа мешаванд. 
Аз ҷумла, кори судҳо бо ҷомеа ва расонаҳои ахбори оммавӣ ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст, ки ба дараҷаи бояду шояд равшан кардани фаъолияти судро таъмин намекунад ва умуман боиси коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ  нисбат ба ҳокимияти суд мегардад. 
Низоми мавҷудаи таъминоти моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии судҳо ба мақоми махсус ва обруйи ҳокимияти суд, равандҳои мустақилии судягӣ мувофиқат намекунад, ки ба рағбатноксозии минбаъдии пешрафти касбӣ монеа шуда, боиси бесомонии кадрҳо мегардад. 
Бо мақсади баланд бардоштани сифати кори суди одил, пурзӯр кардани кафолати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин мувофиқи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021:
1. Таклифи Суди олӣ, Шӯрои олии судягии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи судяҳои Ӯзбекистон дар бораи минбаъд таъмин кардани шаффофияти фаъолияти мақомоти суд, вусъат додани мулоқоти ошкоро бо аҳолӣ ва беҳтар кардани нақши ҷомеа дар кори суди одил аз тариқи:
давра ба давра ҷорӣ кардани тартиби мунтазам дар веб-сайти Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чоп кардани қарорҳои суд;
дар амалияи судҳо ҷорӣ кардани ба иштирокдорони ҷараёни суд маънидодкунии моҳияти ҳуҷҷати қабулшудаи суд баъд аз эълон шудани он;
аз ҷониби раисони судҳои вилоятӣ ва муовинони онҳо дар ҳар семоҳа баргузор кардани брифингҳо ба мақсади хабардоркунии ҷомеа ва расонаҳои ахбори оммавӣ аз фаъолияти судҳо;
интишор кардани маълумоти ҳар семоҳаи таҷрибаи баррасии парвандаҳои судӣ дар тартиби назорати коллегияҳои судии Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тартиби апеллиятсионӣ ва кассатсионӣ – аз ҷониби судҳои вилоятӣ ва судҳои ба онҳо баробаркардашуда қабул карда шавад.
2. Таклифи Шӯрои олии судягии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи дар ҳар як минтақа таъсис додани комиссияҳое, ки бобати ташаккул додани ҳайати судягӣ кӯмак мерасонанд, бо мақсади таҳким бахшидани эътимод ба ҳаққоният ва шаффофияти интихоб ва таъин кардан ба вазифаи судяҳо қабул карда шавад.
3. Таклифи Суди олӣ, Шӯрои олии судягӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи:
таҷдиди назар кардани имтиёзҳои дар амал бинобар пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми муроҷиат ба судҳо ва миқдори боҷи давлатӣ;
муқаррар кардани пулгузаронӣ ба Бунёди рушди мақомоти ҳокимияти суд дар ҳаҷми 40 фоизи миқдоре, ки ба Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз пардохти боҷҳои давлатӣ ва ҷаримаҳо бинобар парвандаҳое мерасанд, ки аз ҷониби судҳо бинобар парвандаҳои ҷиноӣ ва шаҳрвандии судҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ баррасӣ мешаванд, ҳамчунин аз миқдоре, ки ба Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар ҳуҷҷатҳои иҷро, ғайр аз ситондани қарзи андоз аз ҳисоби фурӯши молу мулки қарздор маъқул дониста шавад. 4. Разряди пардохти меҳнати судяҳо ва ходимони Суди олӣ, судҳои поёнӣ, ҳамчунин Департаменти оид ба таъмин кардани фаъолияти судҳои назди Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шуъбаҳои ҳудудии он бинобар Ҷадвали ягонаи тарифӣ мувофиқи замимаҳои №№1-5 тасдиқ карда шавад.
5. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 августи соли 2018:
ҳангоми муайян кардани маоши вазифавии судяҳо ва ходимони дастгоҳи суд, Суди конститутсионӣ, Шӯрои олии судягӣ, Департаменти оид ба таъмин кардани фаъолияти судҳои назди Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шуъбаҳои ҳудудии он бинобар разряди тақсимшуда оид ба пардохти меҳнат мувофиқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ коэффисиенти тарифӣ дар ҳаҷми якуним баробар истифода мешавад;
ҳаҷми иловапулии ҳармоҳа барои шароити махсуси меҳнат ба маоши вазифавии судяҳо ва ходимони дастгоҳи суд, Суди конститутсионӣ, Шӯрои олии судягӣ, Департаменти оид ба таъмин кардани фаъолияти судҳои назди Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шуъбаҳои ҳудудии он, ки таснифи квалификатсионӣ ва мансаби таснифӣ доранд, 50 фоизро ташкил медиҳад, ки ба таркиби  маоши вазифавӣ ҳангоми ҳисобу китоби пардохт ва иловапулиҳои рағбатноккунанда, ки  қонунгузорӣ муқаррар кардааст, муайян карда мешавад;
миқдори иловапулӣ барои хизмати бисёрсола ба маоши вазифавӣ (коэффисиенти рағбатноксозии меҳнат) ва иловапулӣ барои таснифи квалификатсионии судяҳо ва таснифи вазифавии ходимони дастгоҳи судҳо, Суди конститутсионӣ, Шӯрои олии судягӣ, Департаменти оид ба таъмин кардани фаъолияти судҳои назди Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шуъбаҳои ҳудудии он ба миқдоре, ки барои ходимони мақомоти адлия муқаррар шудааст, баробар карда мешаванд.
Амали боби мазкур ҳамчунин нисбат ба судяҳое, ки бо тартиби муқарраршуда интихоб шудаанд ё худ бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вазифа дар мақомот ва ташкилоти давлатӣ, аз ҷумла то ба амали Фармони мазкур таъин гардиданд, ҳамчунин судҳое, ки таснифи квалификатсионӣ доранд, бо нигоҳ доштани тамоми пардохт ва иловапулиҳое, ки барои ин мақомот ва ташкилоти давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҷорӣ карда мешавад.
Муҳлати кор дар мақомот ва ташкилоти давлатии судяҳо, ки дар сарсатри панҷуми боби мазкур нишон дода шудааст, аз замони оғоз гардидани фаъолияти меҳнатии онҳо дар мақомот ва ташкилоти мазкур ба собиқаи судягӣ дохил карда мешавад.
6. Харҷҳои вобаста ба татбиқ намудани чорабиниҳое, ки дар боби 5-уми фармони мазкур пешбинӣ шудаанд:
барои судяҳо ва ходимони дастгоҳи судҳо, Шӯрои олии судягӣ, Департаменти оид ба таъмин кардани фаъолияти судҳои назди Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шуъбаҳои ҳудудии он – аз ҳисоби маблағҳои Бунёди рушди мақомоти ҳокимияти суд;
барои ходимони мақомот ва ташкилотҳои давлатие, ки аз ҷумлаи судяҳо интихоб ё худ таъин шудаанд, ҳамчунин судяҳо ва ходимони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохта мешаванд.
7. Ба раиси Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ҳуқуқ дода шавад, ки ба судяҳои баландихтисос, ташаббускор ва ходимони Суди олӣ, Департаменти оид ба таъмин кардани фаъолияти судҳои назди Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки вазифаҳои хидматии худро софдилона ва самарабахш иҷро мекунанд, иловапулиҳои ҳармоҳа дар ҳаҷми то 100 фоизи бунёди пардохти меҳнат (мукофоти пулӣ) аз ҳисоби маблағҳои бунёди рушди мақомоти ҳокимияти суд пардозад.
8. Муқаррар карда шавад, ки таснифҳои квалификатсионии судяҳо, ки аз мақомоти назораткунанда, ҳуқуқу тартибот ё дигаре таъин шудаанд (интихоб гардидаанд), ки мавҷуд будани дониш ва дараҷаҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мувофиқи тартиби қонунгузорӣ муқаррар намуда бо дарназардошти мувофиқатии таснифҳои квалификатсионии судяҳо бо унвон ва дараҷаҳои мақомоти дигар, вале на беш аз он ки вазифааш пешбинӣ менамояд, бинобар замимаи №6 дода мешаванд.
9. Ба Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ:
а) якҷо бо Вазорати адлия ва Вазорати молия ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи дастур дар бораи тартиби суғуртаи ҳатмии давлатии ҳаёт ва саломатии судяҳо, ҳамчунин дар бораи шартҳо, меъёрҳо ва тартиби таъминоти нафақавии онҳоро пешниҳод кунад;
б) якҷо бо Бонки марказӣ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро, ки додани вомҳои имтиёзнокро ба судяҳо ва шахсони ба онҳо баробаршуда барои хариди автомобилҳо, ба ходимони дастгоҳи Суди конститутсионӣ, Шӯрои олии судягӣ, Суди олӣ, судҳои поёнӣ, Департаменти оид ба таъмин кардани фаъолияти судҳои назди суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шуъбаҳои ҳудудии он – барои хариди манзил пешбинӣ менамояд, пешниҳод кунад;
в) якҷо бо Шӯрои олии судягӣ кор карда барояд ва ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро бобати таҷдиди назар кардани Қоида дар бораи вазифаҳои таснифии ходимони суд, Шӯрои олии судягии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази тадқиқоти омӯзиши мушкилоти суди одили назди Шӯрои олии судягии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Департаменти оид ба таъмин кардани фаъолияти судҳои назди Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки мувофиқи қарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14 декабри соли 2000-ум №164-11  тасдиқ шудааст, пешниҳод намояд.
10. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки ҷудо кардани маблағҳоеро, ки барои татбиқ намудани чорабиниҳои пешбиникардаи Фармони мазкур заруранд, таъмин кунад.
11. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №7 тағйирот ва иловаҳо дохил карда шавад.
12. Ба Суди олӣ супурда шавад, ки якҷо бо Шӯрои олии судягӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи як моҳ дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
13. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қучқоров, раиси Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон К. Ф. Комилов ва муовини аввали Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон                     Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
13 июли соли 2018

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: