ЗИНДАГӢ ДАР ДЕҲАИ ОБОД ХУБ АСТ!

Барномаи «Обод қишлоқ» – дар амал

Ба шарофати сохтмон ва ободониҳое, ки дар доираи барномаи «Обод қишлоқ» татбиқ мешаванд, деҳоти Толмазор ва Акбарободи ноҳияи Қуваи вилояти Фарғона намои тоза мегиранд.
– Мувофиқи барнома барои беҳтар кардани симои деҳоти Толмазор ва Акбаробод аз манбаъҳои гуногун истифода бурдани беш аз 9 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст, – мегӯяд ҳокими ноҳияи Қува Ҳалимҷон Умаров. – Дар асоси қарордодҳо бо мутахассисони соҳаҳои дахлдор бо дарназардошти таклифи аҳолии маҳаллӣ ва шароити ҳудудҳо лоиҳаҳои ободонии деҳот андешида шуданд. Дар ҳудудҳои мазкур аллакай кори сохтмон оғоз ёфт. Ба таъмин кардани расондадиҳии оби нӯшокӣ, нирӯи барқ ва гази моеъ барои аҳолӣ эътибори махсус дода мешавад.
Кӯмакҳое, ки барои сохтмони манзилҳо расонда мешаванд, панҷ-даҳ нафарро хурсанд мекунанд, таъмир ва ободонии кӯчаҳо, роҳҳо, хатҳои газу об, нақли электр, тармими мактабу кӯдакистонҳо ба мардум нисбат ба фардо эътимод мебахшанд.
Ҳоли ҳозир ба беҳсозии симои меъмории нуқтаҳои аҳолинишини деҳот, рушди маҷмӯии ҳудудҳо, сохтмони инфрасохтори роҳу нақлиёт, шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ эътибори асосӣ дода мешавад. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Толмазор хонаҳои 16 нафар шаҳрвандони камтаъмин таъмир шуданд. Хатти дукилометраи об ва шабакаҳои электрӣ гузошта, панҷ километр роҳҳои дохилӣ таъмир гардиданд. Дар мактабҳои таълими ҳамагонии рақамҳои 26  ва 12, муассисаи таълими томактабии рақами 23 корҳои бинокорӣ идома доранд.
Дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Толмазор беш аз 4 ҳазор нафар зисту зиндагӣ мекунанд. Сокинони маҳалла бо кишоварзӣ машғул мебошанд. Онҳо олуча, гелос, анор, себ парвариш менамоянд. Ободонии роҳҳо ба онҳо нирӯ ва ғайрат мебахшад. Корҳое, ки дар пояи дурнамои генералии ободонии деҳа татбиқ мешаванд, сохтмони манзилҳои замонавӣ, бунгоҳ ва маҷмӯъҳои хизматрасонии маишӣ симои онро дигаргун мекунанд.
Бародарони соҳибкор Бахтиёр ва Абдуқаюм Эминчаевҳо маркази солимгардонӣ ва нуқтаи хидмати маишӣ бунёд менамоянд. Он рӯз дур нест, ки беш аз 20 иншоот – маркази маҳалла, Хонаи бахт, солунҳои зебоӣ ва ғайра бо симои нав падидор шаванд.
Дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Акбаробод низ корҳои сохтмон бо авҷ идома доранд. Дар кӯчаҳо 160 адад чароғҳои шабонгоҳӣ гузошта мешаванд, 7 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш мегарданд. 4 километр пайроҳаҳо таъмир шуданд, гулзорҳои нав барпо гардиданд.
Вале, мутаассифона, дар ҳудудҳо манзараҳои нохушро низ метавон мушоҳида кард. Дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Толмазор  таъмири ҳаммоме, ки ба соҳибкор Акрамҷон Муҳиддинов дахл дорад, таъхир меёбад, ҳудуди иншооти мазкур беназорат гузошта шудааст. Гигиенаи он ба талабот ҷавобгӯ нест. Идораи оид ба ободонии ноҳия ният дорад 20 контейнерро барои ахлоткашонӣ харид кунад, вале ин кор то имрӯз анҷом дода нашудааст. Ҳол он ки рӯзҳои тобистон зуд мегузаранд, дар ин кори муҳим ба лоқайдӣ набояд роҳ дода шавад.
Оре, алҳол дар деҳот корҳое амалӣ мешаванд, ки боиси ҳайрат ва эҳсоси хушиву хурсандии мардум мегарданд, онҳоро ба амалӣ гардидани мақсадҳои бузург бовар мекунонанд.

Масъудҷон СУЛАЙМОНОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: