САЛОҲИЯТИ САЙЁҲИИ ВИЛОЯТ МЕАФЗОЯД

Эътибор ва ислоҳоти васеъмиқёсе, ки бо ташаббуси Президенти кишвар доир ба рушди сайёҳии мамлакат амалӣ мешаванд, дар фаъолияти минбаъда ва тараққиёти соҳаи мазкур нақши муҳим мегузоранд. Мувофиқи Фармони Сарвари давлат «Дар бораи чораҳо оид ба таъмин кардани рушди босуръати соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 2 декабри соли 2016 сайёҳӣ ба сифати соҳаи стратегии иқтисодиёти мамлакатамон муайян гардид. Бинобар қарори Президент аз 16 августи соли 2017 Барномаи чорабиниҳои таъхирнопазир оид ба ру

Эътибор ва ислоҳоти васеъмиқёсе, ки бо ташаббуси Президенти кишвар доир ба рушди сайёҳии мамлакат амалӣ мешаванд, дар фаъолияти минбаъда ва тараққиёти соҳаи мазкур нақши муҳим мегузоранд. Мувофиқи Фармони Сарвари давлат «Дар бораи чораҳо оид ба таъмин кардани рушди босуръати соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 2 декабри соли 2016 сайёҳӣ ба сифати соҳаи стратегии иқтисодиёти мамлакатамон муайян гардид. Бинобар қарори Президент аз 16 августи соли 2017 Барномаи чорабиниҳои таъхирнопазир оид ба рушди сайёҳӣ дар солҳои 2018-2019 тасдиқ гардид.  
Тавре ки маълум аст, шурӯъ аз 10 феврали соли ҷорӣ дар асоси супоришоти Президент дар мамлакатамон бо мақсади рушди сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва ғайра ба муҳлати 30 рӯз барои шаҳрвандони баъзе давлатҳо тартиби воридшавии бидуни раводид муқаррар гардид. Ғайр аз ин, тартиби додани раводид ба шаҳрвандони 39 мамлакат соддатар карда шуд. Дар асоси қарори Президент аз 4 июли соли равон шурӯъ аз 15 июли соли 2018 дар мамлакатамон раводидҳои электронӣ ҷорӣ шуданд. Ин дар навбати худ барои сайёҳони хориҷӣ ва меҳмонони мамлакат мусоидати бештарро фароҳам овард. 
Боиси қайд аст, ки зиёд гардидани миқдори воҳидҳои штатии Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ ва зершуъбаҳои ҳудудии он, ташкил шудани департамент ва раёсатҳои сайёҳӣ дар минтақаҳо, ҷорӣ намудани вазифаи муовини ҳоким оид ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ имконияти идораҳои мазкурро васеъ кард. Дар ҳар як шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар бобати рушди сайёҳӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.  
– Дар асоси қарори Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев аз 6 феврали соли 2018 дар назди ҳокимияти вилоят департаменти сайёҳӣ аз нав ташкил шуд. Вазифаҳои асосии он муайян ва татбиқ кардани лоиҳаҳои сармоявӣ, кӯмакрасонӣ ба онҳо ва ғайра мебошанд, – мегӯяд мудири котибияти оид ба масъалаҳои рушди сайёҳии ҳокимияти вилояти Тошканд Бахтиёр Руҳитдинов. – Вилояти мо дорои имкониятҳои ғанӣ ва салоҳияти бузурги иқтисодӣ мебошад. Дар ҳудуд иншооте, ки метавонад мавриди ташрифи сайёҳон бошанд, 1 ҳазору 52 ададро ташкил медиҳанд, ки 721 ададашон иншооти мероси маданӣ ба шумор мераванд. Пас аз таҳлилҳо аён гардид, ки воқеан дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят салоҳияти сайёҳӣ ҳаст ва барои рушди соҳа мо имконият дорем. Дар ҳудуди ноҳияҳои Бӯстонлиқ, Паркент, Оҳангарон ва шаҳри Ангрен кластерҳо ҳастанд. Онҳо дар навбати худ ба ташкил додани меҳмонхонаҳо, хонаҳои меҳмонқабулкунӣ, дӯконҳои савдои ашёи ҳунармандӣ, заргарӣ, туҳфа ва ғайра корҳои васеъмиқёс мебаранд.  
Бо мақсади рушди соҳа аз ҷониби мутахассисони департамент якҷо бо ходимони махсуси ҳокимияти шаҳру ноҳияҳои вилоят гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Алҳол аз ҷониби ин гурӯҳ бобати қабули сайёҳон ба вилоят, хидматрасонӣ ба онҳо, ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ва ғайра корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Барои истироҳат ё худ саёҳати сайёҳони хориҷӣ ва ватанӣ, ки хоҳиши дар вилоят саёҳат ва истироҳат кардан доранд, мувофиқи нақша бино бар 17 самт хидмати сайёҳӣ расонда мешавад. 
Ба роҳ мондани хатсайрҳои сайёҳӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ хеле муҳим аст. Зеро аз ҷиҳати иқтисодӣ, агар сайёҳон ҳангоми саёҳат харидорӣ кунанд, ё чанд миқдор маблағ гузоранд, аз ҷиҳати иҷтимоӣ – одамони мо бо кор таъмин мешаванд, маданият ва маънавияташон афзун мегардад. Аз ин рӯ, мақсади асосии мутахассисони департамент аз ҳисоби рушди сайёҳӣ банд шудани аҳолӣ бо шуғл, дуюм баланд бардоштани даромади онҳо, сеюм салоҳияти сайёҳии вилояти Тошкандро ба тамоми дунё шиносондан аст, – хулоса кард Б.Руҳитдинов. 
Тавре ки таъкид гардид, имрӯз дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят экосайёҳӣ, агросайёҳӣ, сайёҳии зиёрат, таомҳои миллӣ ва ғайра инкишоф меёбанд. Мақсади асосӣ рушди босуръати саноати сайёҳӣ, ташаккул додани муҳити иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, дар ин бобат департаменти сайёҳии назди ҳокимияти вилоят воқеан саҳми арзанда мегузорад. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: