ФЕДЕРАТСИЯИ ҶАМЪИЯТҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛГАРОНИ ӮЗБЕКИСТОН – УЗВИ СИ-АЙ

Дар Маркази матбуоти миллӣ ба муносибати узви Ассотсиатсияи ҳуқуқи истеъмолгарони ҷаҳон пазируфта шудани Федератсияи ҷамъиятҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Ӯзбекистон анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Дар тадбир, ки аз ҷониби Федератсияи ҷамъиятҳои ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарони Ӯзбекистон доир гашт, намояндагони ташкилотҳои гуногуни давлатию ҷамоатӣ, роҳбар ва ходимони шуъбаҳои ҳудудии Федератсия  иштирок намуданд.
Тавре таъкид гашт, бино бар таклифи Созмони байналхалқии истеъмолгарон (Consumers International – Си-Ай) 6-13 июли соли равон намояндагони Федератсияи ҷамъиятҳои ҳифзи ҳуқуқҳои Ӯзбекистон ба пойтахти Британияи Кабир – шаҳри Лондон сафар ва дар офиси глобалии Си-Ай ҳозир шуданд. Сардиректори Си-Ай Аманда Лонг ба раиси федератсия Ҷ.Саримсоқов сертификатро супурд. Баъди он намояндагони мо бо директор оиди масъалаҳои тарғиби ҳуқуқҳои истеъмолгарон Ҷастин Мак Миллан ва директор оиди Рушди стратегӣ ва масъалаҳои коммуникатсия Филиппа Ҳант музокираҳо гузаронданд. Даставвал видеоролик дар бораи федератсия ба иштирокдорони вохӯрӣ намоиш дода шуд. Баъд Ҷ. Саримсоқов оиди ислоҳоти кулле, ки вақтҳои охир дар соҳаҳои гуногун, минҷумла кӯмак ба созмонҳои ғайридавлатӣ, пурзӯрсозии назорати ҷамоатӣ аз болои фаъолияти идораҳои давлатӣ дар Ӯзбекистон амалӣ гардонда мешаванд, сухан ронд. 
Аъзои делегатсия дар давоми сафар бино бар таклифи Институти стандартҳои Британия дар конфронсе, ки аз ҷониби он таҳти мавзӯи «Истеъмолгарони ҳимоянашуда: ба натиҷаҳои хуб ноил шудан дар дунёи дигаргуншаванда» доир гардид, ширкат намуданд. Дар доираи анҷуман бо роҳбарони ИСБ вохӯрӣ ба амал омад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ҷамъомади раёсати Си-Ай дар бораи узви комилҳуқуқи Созмони мазкури байналхалқӣ гардидани ФҶҲҲИӮ қарор қабул гардида буд.
Узвият ба Си-Ай чӣ натиҷаҳо дод?
Ба миён афтодани ин суол табиист, таъкид ёфт дар анҷумани матбуотӣ. Ва гуфта шуд, якум, бобати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон мубодилаи иттилоотӣ ба роҳ гузошта шуд. Дуввум, ба ивази маблағҳои Си-Ай ва дигар ташкилотҳои донор имкони иштирок дар лоиҳаҳои минтақавӣ тавлид ёфт. Акнун ба анҷуман ва тренингҳое, ки бобати такмили малакаи ходимони таркиби федератсия ташкил карда мешаванд, экспертҳои Си-Ай ва дигар ташкилотҳои аъзоро даъват кардан мумкин. Си-Ай ҳар моҳ бюллетенҳои махсус аз чоп мебарорад, ки дар он таҷрибаҳои пешқадам, ҳуҷҷат ва материалҳои муҳиме, ки дар миқёси байналхалқӣ қабул карда мешаванд, эълон карда мешаванд.
Созмони байналхалқии истеъмолгарон  дар Амрикои Лотинӣ, Шарқи Миёна ва Африқо офисҳои минтақавӣ дорад. СБИ ҳашт ҳуқуқи асосӣ доштани истеъмолгаронро (гирифтани хабар дар бораи амвол ва хидматҳо, истифодаи бехавф аз амвол ва хидматҳо, интихоби амвол ва хидматҳо, ҳимоя, талаб кардани пардохти зараре, ки расонда шудааст, афзун сохтани донишҳо ба сифати истеъмолгар, соҳибият ба муҳити солими атроф) эътироф менамояд ва барои таъмин кардани онҳо фаъолият мебарад.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: