ИНКИШОФИ ИЛМ – БАРОИ ТАРАҚҚИЁТ, БУНЁДКОРӢ – БАРОИ НЕКӮАҲВОЛӢ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 июл бо ҷараёни ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ,иҷрои вазифаҳои собиқ гузошташуда дар бобати рушди шаҳри Тошканд шинос гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 июл бо ҷараёни ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ,иҷрои вазифаҳои собиқ гузошташуда дар бобати рушди шаҳри Тошканд шинос гардид.
Роҳбари давлат аз Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳраки Мирзо Улуғбек боздид ба амал овард.
Замони имрӯзаи зудтағйирёбанда дар назди ҳар як мамлакат ногузирии эҳтиёт намудани чунин захираҳои бебозгашт, мисли нафт, газ, ангишт ва истифодаи манбаъҳои дигари энергияро барои инкишофи иқтисодиёт ва таъмини эҳтиёҷи аҳолӣ мегузорад. Дар мамлакатамон бо мақсади такомули технологӣ ва баланд бардоштани самаранокии сектори энергетикӣ ба вуҷуд овардани энергетикаи атом якҷоя бо Корпоратсияи давлатии «Росатом»-и Русия оғоз ёфт.
Фармоне, ки ба қарибӣ аз ҷониби роҳбари давлат имзо гардид – «Дар бораи чорабиниҳо дар бобати инкишофи энергияи атом дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қонеъ сохтани эҳтиёҷи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат аз электроэнергия ва ҳамчунин таъмини қонеъ сохтани суботнок бо энергия аз ҳисоби афзудани иқтидорҳои тавлидкунанда, диверсификатсияи сектори энергетикӣ, истифодаи сулҳомез аз энергияи атом ва татбиқи технологияи пешқадами инноватсиониро пешбинӣ менамояд. Барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт ва лоиҳаҳои доир ба энергияи атом Агентӣ доир ба инкишофи энергияи атоми назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил гардид.
Ӯзбекистон дар ҷаҳон дар бобати захираи уран дар ҷойи ҳафтум мебошад, ки барои НБА ашёи хоми асосӣ ба шумор меравад. Барои босамар истифода намудани ин захира такмил додани пойгоҳи мавҷудаи илмиву тадқиқотӣ, тарбияи мутахассисони молики дониши замонавӣ тақозо мегардад. Аз ин рӯ дар пойгоҳи Институти физикаи ядроии АИ ҶӮ кушодани филиали Донишкадаи муҳандисиву физикаи Маскав ба нақша гирифта мешавад.
Дар Институти физикаи ядроӣ, ки бо қарори Президент аз 17 феврали соли 2017 барқарор гардид, реактори ядроии илмиву тадқиқотӣ, ки молики иқтидори 10 мегаватт мебошад, фаъолият дорад. Даҳҳо радиоизотоп истеҳсол мегардад, ки дар муассисаҳои тиббӣ истифода гардида, ба 12 мамлакат фурӯхта мешавад.
Роҳбари давлат бо лоиҳаи филиали Донишкадаи муҳандисиву физикаи Маскав шинос гардид. Кампуси донишкада шомили бинои таълимӣ, бинои донишҷӯён, меҳмонхона барои муаллимон, ошхона, майдони варзишӣ, ҷойи истироҳат мебошад. Байни бинои таълимӣ ва бинои донишҷӯён хиёбон ба тӯли 600 метр ба вуҷуд оварда мешавад. Филиал бо замонавитарин ҷиҳозҳо, таҷҳизоти баландтехнологӣ таъмин хоҳад гардид.
– Донишкадаи физикаи ядроӣ бо зарфияти худ бояд ба дараҷаи нерӯгоҳи барқии атомӣ мутобиқат намояд, ки дар мамлакатамон сохта мешавад, – гуфт Президент. – Дар оянда шаҳраки Мирзо Улуғбек намуди замонавӣ касб менамояд. Дар ин ҷо шароити  мутобиқи стандартҳои байналхалқӣ барои меҳнати олимон ва рушди илм ба вуҷуд оварда мешавад.
Роҳбари давлат ногузирии ба шаҳраки илм табдил додани шаҳраки Мирзо Улуғбек, ба ин ҷо дар вақтҳои наздик кӯчондани дигар институтҳои илмиву тадқиқотиро таъкид намуд. Бино бар ин таҳияи нақшаи генералии шаҳрак супурда шуда, васеъ намудани ҳудуди он, сохтмони биноҳо барои институтҳо, иморатҳои бисёрошёна, мактаб бо омӯзиши амиқи математика ва физика, кӯдакистон, беҳсозии ҳаракати нақлиёт бо маркази шаҳр, сохтмони истгоҳҳои метрои рӯизаминӣ таъкид ёфт.
Шавкат Мирзиёев дар толори Институти физикаи ядроӣ бо намояндагони Академияи илмҳо ва институтҳои илмиву тадқиқотӣ, академикҳо, олимон ва муҳаққиқони ҷавон суҳбат намуд.
Дар мамлакатамон вохӯрӣ бо олимон, ки дар онҳо рушди илм муҳокима мегардад, ба анъана табдил ёфтааст. Роҳбари давлат 6 апрели соли ҷорӣ зимни мулоқот дар Институти кимиёи растаниҳо бо роҳбарони низоми таълими олӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотии Академияи илмҳо дар бобати мустаҳкамсозии равобити илм ва истеҳсолот супориш дода буд. Зимни вохӯрии кунунӣ дар бораи иҷрои вазифаҳои муайян сухан рафт.
Таъкид гардид, ки дар мамлакатамон ба илм эътибори калон дода шуда, дар зарфи як соли охир 11 фармон ва қарор дар робита бо ин соҳа қабул гардид. Нокифоии дастгирии пажуҳишҳои илмӣ новобаста аз чорабиниҳои андешидашуда зери танқид гирифта шуд.
– Насли оянда, агар мо бархурди худро ба инкишофи илм, ки дархури манфиатҳои мардум буда тавонад, пайдо карда натавонем, намебахшад. Иқтисодиёт вақте босубот аст, ки агар илм тараққӣ ёбад. Бо он машғул гардидан кори содда нест, кӯшиши бомашаққат ва эътибори зиёд аз тарафи давлат зарур аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент таъкид кард, ки мақсади гузошташуда фақат дар сурате даст медиҳад, ки агар низом ба вуҷуд оварда шавад, ки дар он ҳар як ҷустуҷӯи илмӣ чун маҳсулот баррасӣ гардад, ки харидори он қаблан маълум бошад. Гуфта шуд, ки барои дастгирии коркардҳои илмӣ ва ба амал татбиқ намудан грант дар ҳаҷми 100 миллион доллар ҷудо карда мешавад, музди меҳнати ходимони институтҳои илмиву тадқиқотӣ якчанд баробар зиёд хоҳад гардид.
Инчунин ногузирии рағбатноксозии насли ҷавон нисбат ба омӯзиш ва азхуд намудани дастовардҳои илми ватанӣ ва ҷаҳонӣ, ташкили мактабҳои махсус бо мақсади ба вуҷуд овардани шароит барои касби асосҳои илми фундаменталӣ аз ҷониби хонандагон, муттасил идома додани кор дар заминаи тарбияи олимон бо оғоз аз синни мактабӣ, татбиқи истеъдод ва маҳорати инноватсионӣ ва навоварии онҳо таъкид ёфт. Дар заминаи бартарафсозии мушкилоти дар соҳа ғунгардида, ҷустуҷӯи ҷавонони боистеъдод ва ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти илмӣ, ҳамзамон босамар истифода намудани зарфияти илми академӣ вазифаҳо супурда шуд.
Дар ин чорабинӣ президенти Академияи илмҳо Б.Йӯлдошев, вазири рушди инноватсионӣ И.Абдураҳмонов, директори Институти технологияи ион-плазма ва лазери АУ ҶӮ Х.Ашӯров, академикҳо А.Асқаров, С.Баҳромов ва дигарон махсус таъкид намуданд, ки дар мамлакатамон кори бузургҳаҷм дар заминаи инкишофи ҳар як самти илм оғоз ёфтааст, вохӯрии мазкур бо олимони илмҳои физикаву математика барои муайянсозии вазифаҳои муҳими рушди илм дар бораи атом ва технологияи ядроӣ имконоти хубе ба шумор меравад.
Тошканд ба бузургшаҳр табдил меёбад. Бино бар ин домани корҳои бунёдкорӣ фарох мегардад. Роҳбари давлат боназардошти хоҳиш ва ниёзҳои аҳолӣ, рушди ояндаи пойтахт дар бораи сохтмони хати метрои ҳалқавии рӯизаминӣ супориш дод. Имрӯз кори густурдаи сохтмон идома дорад.
Президент бо ҷараёни сохтмони метрои ҳалқавии рӯизаминӣ дар Тошканд шинос гардид.
Тӯли умумии ин хат 52,1 километрро ташкил намуда, 50,5 километри роҳ аз рӯи эстакадаи баландиаш 6 метр гузаронда мешавад. Қимати умумии лоиҳа 422,3 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳа насб кардани қариб 2 ҳазор сутуни такягоҳӣ ва миёнҷойӣ, қариб 13 ҳазор ғавчӯбҳои оҳанубетон, сохтмони 35 истгоҳ пешбинӣ гаштааст.
Лоиҳа дар панҷ марҳала татбиқ мегардад. Аввал қисми он аз истгоҳи «Дӯстлик»-и метрополитени Тошканд то бозори «Қӯйлиқ» сохта мешавад. Дар ин қисм дар тӯли 11 километр 8 истгоҳ вуҷуд хоҳад дошт.
Навбати дуюм бозори «Қӯйлиқ»-ро бо истгоҳи «Олмазор» мепайвандад. Аз ин ҷо то истгоҳи «Берунӣ» хати сеюм кашида мешавад. Навбати оянда истгоҳи «Берунӣ»-ро бо «Бодомзор» мепайвандад. Оқибат, хати охирон то истгоҳи «Дӯстлик» кашида мешавад.
Моҳи июни соли ҷорӣ Президент бо ҷараёни сохтмон шинос гардида, доир ба тезондан ва босифат анҷом додани кор супориш дод.
То ҳоли ҳозир корҳои сохтмон дар қисмати чоркилометрии метрои ҳалқавӣ ба иҷро расида, барои 206 сутуни такягоҳӣ чоҳҳо кофта шуданд. Насб кардани такягоҳҳои оҳанубетонии кӯндаланг оғоз ёфтааст. 16 ғавчӯби оҳанубетонӣ байни такягоҳҳо насб гаштаанд.
Ба кори сохтмон беш аз 60 воҳиди техника ва механизм, 400 нафар муҳандис ва коргарон ҷалб гаштаанд. Кор аз ҷониби корхонаи воҳиди бинокории «Кӯприк қурилиш трести»-и Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» бурда мешавад.
– Мардумамон муштоқона ба кор даромадани ин хати нақлиётро мунтазир аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Ин намуди дастрас ва бехатари нақлиёт барои аҳолӣ хеле шароити мусоид ба вуҷуд меорад. Аз ҳама муҳимаш, он бори сангини дигар намудҳои нақлиёти ҷамъиятиро ба ӯҳдаи худ мегирад, дар маркази шаҳр бори роҳҳоро сабук мегардонад. Аз ин рӯ мо бояд сохтмонро ҳарчи зудтар анҷом диҳем.
Роҳбари давлат ба ҷанбаҳое ишора намуд, ки дар ҷараёни сохтмони метрои рӯизаминӣ эътибори алоҳида тақозо менамояд. Дар заминаи таъмини бетаваққуфии кор, ободонии ҳудуди атрофи метро, то ҷашни Наврӯзи соли 2019 ба баҳрабардорӣ супурдани қисми аз истгоҳи «Дӯстлик» то бозори «Қӯйлиқ» ва аз бозори «Қӯйлиқ» то истгоҳи «Олмазор» супоришҳои ногузир дода шуд.
Ҳамзамон қариб 50 мутахассис доир ба идораи поезд ва дигар техникаи метрои рӯизаминӣ дар Куриёи Ҷанубӣ ва Чин малакаи худро такмил медиҳад. Ҳоло омодагии вагонҳо ҷараён дорад, ки аз рӯи хати нав ҳаракат хоҳанд кард.
Шавкат Мирзиёев бо иморатҳои наве, ки дар ҳудуди маҳаллаи Чоштеппаи ноҳияи Сергелӣ бунёд мегарданд, шинос гардид.
Дар ин ҷо дар майдони 30 гектар, ки аз ҷониби ҳокимияти шаҳри Тошканд ҷудо гаштааст, бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ 72 иморати ҳафтошёна иборат аз 4020 ҳуҷра сохта мешавад.
Бо ташаббуси роҳбари давлат аз соли 2017 дар тамоми шаҳрҳои мамлакат сохтмони иморатҳои бисёрошёнаи арзон барои эҳтиёҷмандони манзили иқоматӣ шурӯъ гаштааст. Иморати арзон дар Тошканд чандин сол аст, ки сохта нашудааст. Биноҳои нав асосан аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ сохта шуда, аз онҳо оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор ва кормандони буҷавӣ харид карда наметавонистанд.
Бо назардошти ин барномаи махсус доир ба сохтмони 500 иморати бисёрошёна дар зарфи солҳои 2017-2022 дар ноҳияи Сергелӣ таҳия гардида буд. Ба амал татбиқ гардидани ин лоиҳаи бузургҳаҷм бо манзил таъмин намудани қариб 30 ҳазор оиларо имконпазир мегардонад.
Дар доираи барнома соли 2017 дар ноҳия 102 иморати бисёрошёна сохта шуд, ки аз онҳо 4088 оила соҳиби хона гардид.
Соли ҷорӣ дар Тошканд аз ҳисоби тамоми манбаъҳои таъмини молиявӣ 638 иморати бисёрошёна қариб ба миқдори 28 ҳазор ҳуҷра, аз он ҷумла аз рӯи лоиҳаҳои нав – 334 иморати арзон иборат аз 15 ҳазору 740 ҳуҷра сохта мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 3 баробар зиёд аст.
Шоистаи қайд аст, ки биноҳои маҳаллаи Чоштеппа аз ҳисоби маблағи иловагии ба буҷаи маҳаллӣ аз ҳисоби ҳомиён воридгардида сохта мешавад. Иморатҳо дар ихтиёри ҳокимияти шаҳр қарор гирифта, қисме аз онҳо ба эҳтиёҷмандони ногиро бепул пешниҳод гардида, боқимонда ба оилаҳои камтаъмин барои истифодаи муваққатӣ бо шарти минбаъд ба ихтиёри онҳо вогузоштан дар асоси кредитҳои имтиёзнок ба нақша гирифта шудааст. Бинобар суханони шахсони масъул, биноҳо то 20 декабри соли ҷорӣ ба баҳрабардорӣ супурда мешаванд.
Бо ҷараёни сохтмон шинос гардида, Президент ба мустаҳкамии масолеҳ, истифодаи технологияи замонавӣ ва босамар дар сохтмон эътибори алоҳида нигаронд.
– Мо бояд боз ҳам домани истифодаи технологияи пешқадамро дар сохтмони манзил зиёд намоем, ки қулаӣ ва сифати онро таъмин менамояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Сохтмони чунин манзилҳо дар мамлакатамон системанок хоҳад буд. Аз ин рӯ ба тарбияи кадрҳо барои соҳаи сохтмон эътибори алоҳида бояд нигаронда шавад. Ҷавононамон бояд бо навтарин технологияи соҳаи сохтмон мусаллаҳ бошанд ва ба ҳаёт ғояҳои инноватсиониро татбиқ намоянд.
Роҳбари давлат азхуд намудани дастовардҳои замонавии сохтмони биноҳои иқоматӣ, лоиҳакашии чунин биноҳоро дар маҳалҳои дигар низ супориш дод.
Анҷоми сохтмони хати Сергелии метрополитени Тошканд, ки он ба 7,1 километр тӯл мекашад, то соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Хати мазкур аз рӯи усули эстакадаи барои Осиёи Марказӣ нав бунёд мегардад. Дар истгоҳҳо барои қулаии мусофирон лифт ва эскалаторҳо гузошта мешаванд.
Дар доираи лоиҳаи қимати умумиаш 105 миллион доллар насб кардани 265 такягоҳи ҷуфт, сохтмони 6 истгоҳи мусофирон ва 6 истгоҳи таъмини электрикӣ ба нақша гирифта шудааст. Хати мазкур аз истгоҳи «Олмазор»-и самти Чилонзор то мавзеи «Йӯлдош» тӯл мекашад.
Ҳоли ҳозир корҳои сохтмон дар қисмати панҷкилометрӣ идома дорад. Аллакай 130 такягоҳи ҷуфт гузошта шуда, дар байни онҳо 60 пули пайвасткунанда кашида шуда, дар бобати насб кардани ғавчӯбҳои пайвасткунанда кор шурӯъ гаштааст.
Ба кор беш аз 70 воҳиди техника ва механизм, 350 муҳандис ва кормандони баландмалака ҷалб гаштаанд. То охири соли ҷорӣ анҷоми танзими масолеҳи оҳанубетонӣ ба тӯли 6 километр ва сохтмони 3 истгоҳи метро пешбинӣ гаштааст.
Роҳбари давлат бо ҷараёни кор шинос гардида, таъкид намуд, ки метро бояд хушсифат, муносиб ва бехатар бошад.
Дар ин ҷо тақдимоти лоиҳаи иморатҳои нӯҳошёна ба вуқӯъ пайваст, ки дар Тошканд бунёд гардидани онҳо ба нақша гирифта шудааст.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Алоуддин ҒАФФОРОВ,

хабарнигорони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: