ХОНАҲОИ САВДО – РОҲ БА БОЗОРИ ҶАҲОН

Муносибати байни халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистони бародар дар зинаи нав давом дорад.

Алоқаҳои тиҷоративу иқтисодии мамлакатҳоямон торафт фаъол гардида, афзудани ҳаҷми табодули амвол дар ин бобат омили муҳим мегардад.
Имрӯз дар тиҷорати байналхалқӣ хонаҳои савдо, ки торафт мавқеи зиёдро ишғол менамоянд, дар масъалаи барқарории иқтисодиёт, рушди истеҳсолот ва фаъолияти соҳибкорӣ ба воситаи муҳим табдил ёфт. Дар Тоҷикистон хонаҳои савдои мамлакатамон фаъолият доранд. Моҳи феврали соли ҷорӣ дар Тошканд низ хонаи савдои ширкати «Ғаюр»-и Тоҷикистон, ки бо фурӯши масолеҳи сохтмон машғул мебошад, кушода шуда буд. Ин хонаи савдо, ки номгӯйи зиёди маҳсулоти сохтмонро пешкаш менамояд, дар бозори мамлакатамон соҳиби мавқеи ба худ хос мегардад.
Дар давраи кӯтоҳи гузашта 30 намуди амволи сохтмони ширкати «Ғаюр» аз тариқи хонаи савдо ба роҳ гузошта шуд. Дар ду моҳи охир дар асоси талаб ва пешниҳод расондани ҳаҷми маҳсулот афзуд.
– Дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти давлат ва ҷамъияти Ӯзбекистон рӯй медиҳанд, дар шаҳрсозӣ, рушди инфрасохтор низ инъикос мегардад, – мегӯяд директори хонаи савдо Фарҳод Маҳкамов. – Дӯстии байни мамлакатҳоямон дар ҷараёни ҳамин ислоҳот боз ҳам мустаҳкам мегардад. Мо мамнунем, ки дар корҳои сохтмону бунёдкории кишваратон ҳиссаи худро мегузорем.
Ширкат, ки асосан кораш аз истеҳсоли симон иборат мебошад, аз ҳисоби такомул ва диверсификатсияи соҳа истеҳсоли гипсокартон, армстронг, металлпрофил ва дигар намудҳои масолеҳи сохтмонро азхуд намудааст. Ҳоли ҳозир дар хонаи савдо масолеҳи баландсифат мисли шиша, асбест, симон ва клинкерҳои симон ба харидорон манзур мегардад. Ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки доираи фаъолияти ширкат дар дигар ҳудудҳои мамлакатамон низ васеъ гардад.
Ба туфайли фаъолияти босамари ширкат дар шаҳрҳои Фарғона, Қӯқанд, Марғелон ва Бахт низ роҳандозии фаъолияти он имконпазир гардид. Имрӯз ширкати «Ғаюр» ба бозори Ӯзбекистон моҳе ба ҳисоби миёна то 15 ҳазор тонна симон мерасонад. Корхона ин рақамро ба 20 ҳазор тонна расондан мехоҳад. Аз ҷумла, дар оянда вилоятҳои Самарқанд, Бухоро ва Навоӣ, шаҳрҳои Тошканд, Ҷиззах ва Фарғона чун ҳудудҳои фурӯш баррасӣ мегарданд.
Ширкат нафақат мехоҳад, ки намуди масолеҳи сохтмонро зиёд намояд, балки барои хизмати босифат расондан аҳамияти алоҳида медиҳад. Даставвал харидор  моли фармудаашро худаш мебурда бошад, оянда моли харидгардида ба манзил расонда дода мешавад.
Ин аз он далолат менамояд, ки хонаи савдои «Ғаюр» ба бозори тағйирёбандаи ҷаҳон зуд мутобиқ гардида, кори тиҷоратро оқилона ташкил менамояд. Ширкат ният дорад, ки фаъолияташро дар Ӯзбекистон равнақ бахшида, масолеҳи сохтмони мамлакатамонро барои дар Тоҷикистон соҳиби харидор намудан ҳисса гузорад. Ин барои фаъол гардидани алоқаҳои тиҷоратӣ ва афзоиши табодули маҳсулот, рағбатноксозии ба бозори ҷаҳон баромадани маҳсулоти миллиамон аҳамияти муҳим дорад.

Дилобар МАМАТОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: