ЭНЕРГИЯИ БЕХАВФ ВА БОВАРИНОКЕ, КИ БА ПОЙДОРИИ СУЛҲ ХИДМАТ МЕКУНАД

Истгоҳи барқии атомӣ асосан барои истеҳсоли энергияи гармӣ хидмат намуда, маҷмӯи бузурге мебошад, ки реактори ядро ва дигар элементҳоро фаро гирифтааст.

Дар истгоҳҳои барқии дигар ангиштсанг, нафт ё худ мазут ба кор оянд, дар истгоҳҳои барқии атомӣ асосан унсури радиоактиви фаъол – моддаи уран, ки дар сайёраамон кам паҳн шудааст, мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар охири солҳои чилуми қарни сипаришуда олимон оиди бо мақсади сулҳ истифодабарии энергияи атом нахустин лоиҳаҳоро таҳия карданд ва 27 июни соли 1954 аввалин ИБА дар шаҳри Обнински Русия ба кор андохта шуд.
Бо гузаштани солҳо ва тараққиёту сабзиши нишондиҳандаҳои демографӣ ҷамъияти ҷаҳон дар саноати энергетика ҷиҳатҳои бартариноки ИБА-ро дарк менамояд. Назар ба маълумоти Агентии  байналхалқии энергияи атом дар соли 2017, имрӯзҳо дар бештар аз 30 мамлакат 191 ИБА мавҷуд, ки молик ба 451 энергоблок мебошанд. Реакторҳои ядровӣ дар ИМА 99-то. Дар Фаронса 58 реактори ядровӣ вуҷуд дошта, онҳо 72,3 фоизи эҳтиёҷи ба энергияи электрикӣ доштаи ин мамлакатро қонеъ мегардонанд. Ҳамчунин ба қатори кишварҳое, ки аз реакторҳои ядровӣ васеъ истифода мебаранд, Русия (37), Чин (36), Куриёи Ҷанубӣ (25) дохил мешаванд. Айни замон дар дунё барпои бештар аз 60 ИБА нав ба нақша даромадааст.
Роҳбари давлати мо 10 июли соли равон дар ҷамъомад бахшида ба масъалаҳои ба амал баровардани чораҳои ташкилӣ-техникӣ оиди барпо намудани энергетикаи атом, ки соҳаи тамоман нав мебошад, зарурияти ба он ҷалб гардондани эътиборро алоҳида қайд карда гузашт.
Ҳоло аҳолии мамлакатамон ба 33 миллион нафар мерасад, вале тӯли чаҳоряк асре, ки сипарӣ гашт, ягон истгоҳи барқии қудратнок барпо карда нашуд. Назар ба ҳисобу китобҳо, таъминоти барқ назар ба ҳар сари аҳолӣ 30 фоиз кам шудааст. Рушди куллии иқтисодӣ талаб ба энергияро афзун месозад. Ҳамин тавр, ки ҳаст, ба ашёи хоме, ки дар худамон мавҷуд такя намуда, қабул кардани қарор дар бораи барпои истгоҳи барқии атомӣ айни муддаост.
Вақтҳои охир муаммоҳо вобаста ба таъминоти энергияи барқ бе ин ҳам кам набуданд. Дар натиҷаи андешидани чораҳо дар асоси лоиҳаҳои нав имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд.
Алҳол 15 фоизи таъминоти аҳолии ҷаҳон ба энергия ба ҳиссаи истгоҳҳои барқии атомӣ рост меояд ва ин нишондиҳанда дар кишварҳои мутараққӣ торафт меафзояд. Маълум мешавад, ИБА, тавре баъзеҳо фикр мекунанд, хавфнок нест.
Имрӯзҳо дар мамлакатамон талаб ба энергияи барқ 69 миллиард киловатт/соатро ташкил менамояд. Наздик 85 фоизи ин нерӯ асосан аз сӯзиши газ ва ангиштсанг, 15 фоизи боқимонда дар ГЭС (истгоҳҳои барқии обӣ) кор карда мешавад. Барои ин соле 16,5 миллиард метри кубӣ гази табиӣ, 86 ҳазор тонна мазут ва 2,2 ҳазор тонна ангишт сарф мешавад.
Дар натиҷаи сабзиши иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ ва баланд шудани дараҷаи зиндагӣ талаб ба энергия низ меафзояд. Зарурати ташкил намудани нерӯҳои нав тавлид меёбад.
20 грамм уран қуввати 520 килограмм ангиштро дода метавонад. Агар ба ҳалли масъала имрӯз шурӯъ насозем, авлоди оянда моро намебахшад. Уранеро, ки  ҳоло истеҳсол мекунем, ба хориҷ мефурӯшем. Агар ин ашёи хоми нодирро худамон истифода кунем, ба натиҷаҳои бузург ноил мегардем.
Энергияи атом аз нигоҳи экологӣ тоза буда, ин гуна истгоҳҳо бӯйҳои зарарноки газ паҳн намекунанд. Дар натиҷа ҳаҷми паҳншавии бӯйи зарарноки газ соле то 3 миллион тонна  кам мегардад.
Ҷиҳати афзалноки ИБА он аст, ки аз сӯзишвории кам миқдори зиёди энергия гирифта мешавад. Сафои муҳити атроф, тавре гуфтем, таъмин мешавад. Масалан, аснои истеҳсоли 1000 МВт барқ дар истгоҳҳои барқии оддӣ 13 ҳазор тонна гази заҳрнок, чанги 165 ҳазор тонна ангишт ба ҳаво мебарояд. Дар истгоҳҳои барқии атомӣ ин гуна унсурҳои зарарнок аз ҳисоби ба кор андохта шудани генераторҳои дизелии дар захирабуда ба миқдори хеле кам ҷудо карда мешаванд. Истгоҳҳои барқии гармӣ барои истеҳсоли ҳамин миқдор энергия 8 миллион тонна оксиген сарф мекунанд. Дар ИБА бошад оксиген қариб тамоман лозим намешавад.
Вале барпо ва истифодаи ИБА осон нест. Ба соҳа кадрҳои малаканок зарур. Ҷавононамон дар Институти муҳандисӣ-физикаи Маскав таҳсил мегиранд. Барои дар Ӯзбекистон кушодани филиали ин маскани таълими олӣ ҳаракатҳо сар шудаанд. Лозим меояд дар давоми се сол 4 ҳазор нафар мутахассисони малаканок тайёр намоем. Умуман, бо барпои истгоҳи барқии атомӣ 9 ҳазор нафар, баъди ба кор андохта шудани он 3,5 ҳазор нафар ба кор таъмин карда мешаванд.
Лоиҳаи бузурге, ки аз нигоҳи экологӣ тоза ва безарар аст, ба рушди иқтисодии кишварамон ҳиссаи бузург мегузорад. Аз ҳама муҳимаш, шароити зисти аҳолӣ беҳ шуда, эҳтиёҷ ба энергияи барқ қонеъ мегардад. Аниқ аст, ки худи ҳамин муваффақияти бузург.

Саъдулло БАҲРОМОВ,
академики АУ Ӯзбекистон. (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: