ИЛМРО БАР ДИЛ ЗАНӢ, ЁРЕ БУВАД...

Аҳли илму фарҳанги Самарқанд дар китобе, ки ба муносибати 80-умин солгарди зодрӯзи устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои филологӣ, профессор Амон Воҳидов интишор ёфтааст, ба устод унвонҳои «олими фарҳангшинос», «фарҳангшиноси шоиста», «соҳиби тоҷи ҷамеъи улум», «чароғбони дониш», «бонии мактаби луғатшиносии Самарқанд», «устоди луғатшинос», «шахси нуктадон»-ро арзонӣ доштаанд.

Суҳбати мо бо устод тӯлонӣ буд. Инак, фишурдан он.
– Устод, Шумо яке аз мураттибони шоҳкории садаи XX – «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошед. Доир ба рафти омодагирӣ, таҳияи фарҳанг ва иштироки худ дар он сухане чанд мегуфтед. 
– Тавре ки худатон изҳор доштед «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «шоҳкории қарни XX» маҳсуб меёбад. Банда баъди хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд (соли 1959) ба вилояти Сурхондарё ба кор таъин шудам. Бахши таълими халқи вилоят маро ба ноҳияи Сариосиё фиристод.
Дар ноҳия гуфтанд, ки бояд чанд рӯз омадани директорро аз кӯҳ мунтазир бошам. Бо иҷозати мудири таълими халқи ноҳия то омадани директор роҳи Душанберо пеш гирифтам.
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ вақте бо дӯстон – олимони варзидаи тоҷик, рафиқон Раззоқ Ғаффоров, Баҳрон Бердиев, Баҳрон Шермуҳаммадов, Азиз Ӯрунов (равонашон шод бод!) суҳбат доштам, як  марди қавипайкар вориди утоқи мо гардид. Раззоқ Ғаффоров маро ба ӯ муаррифӣ кард, ки хатмкардаи донишгоҳи Самарқандаму бо вилояти Сурхондарё бино ба роҳхат ба кор омадаам. Инсони қавипайкар изҳор дошт, ки агар хоҳиш дошта бошам, маро ба кор мегирад, худи ҳозир аризаамро нависам. Ҳарчӣ бодо бод, гуфтаму аризаро навиштам. Дертар фаҳмидам, ки он олими қавипайкар мудири бахши  луғатҳои институти мазкур Абдураҳмон Бухоризода будаанд.
Маводҷамъкунӣ барои фарҳанги оянда соли 1953 шурӯъ шуда будааст. Солҳои аввал дар бахши луғат Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, С. Арзуманов кору фаъолият доштанд. Бо маслиҳати олимони саршиноси ҷумҳурӣ феҳрасти адабиётҳо тартиб дода шуд, ки бояд барои фарҳанги оянда мисолҳо ба варақа-карточкаҳо кӯчонда мешуданд. Мисолан, байте аз шоире баргузида мешаваду вожаҳои душворфаҳм ё ҳамаи вожаҳо мавриди шарҳ қарор мегиранд.
Бо ин кор натанҳо ходимони шуъба машғул буданд, балки дар шаҳрҳои Самарқанду Хуҷанд ва Душанбе гурӯҳҳои корӣ созмон дода шуда буд. Дар Самарқанд таҳти роҳбарии Мардон Муҳаммадқулов, Масеҳои Тамҳид, А. Азизов, Ҳайдар Ҳодизода, Наберахоҷа Валихоҷаев, Раҳмон Эгамбердиев фаъолият доштанд. Ин буд, ки дар тӯли солҳои 1954-1964 фонди (захира) картотекаи шуъба ба 1,5 миллион расид.
Дар таҳияи фарҳанги дуҷилда беш аз 100 фарҳанги ниёгон мавриди истифода қарор гирифтааст. Иштироки шоирону олимони соҳибтаҷриба Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҳошим, В. Капранов, С. Арзуманов ба пешрафти кор мусоидат намуд. Дар кори фарҳанги дуҷилда саҳми фарҳангнигорон  Ҳ. Рауфов, Қ. Муҳиддинов, Х.Муҳсинзода, Вадуд Маҳмудӣ, А. Сангинов, А. Нуров ва дигарон низ назаррас аст.
– Устоди муҳтарам, шумо қимати фарҳангро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Дар омода кардани он усулу услуби фарҳангнигории пешинагон то куҷо риоя шудааст?
– Пас аз нашри фарҳанг мутахассисони соҳа ва шарқшиносон ба он баҳои баланд доданд. Он, воқеан, барои омӯхтани адабиёти қадиму ҷадиди мо ёвари беминнатест. Дар он тарзи навишти ҳар як вожа, ҳам бо алифбои кириллӣ ва ҳам арабӣ (форсӣ), пешниҳод гардидааст. Шарҳи маънои аслӣ ва маҷозии вожаву ибораҳо, ба дониши хонанда меафзояд. Дар фарҳанг воҳидҳои луғавии адабиёти мо натанҳо мавриди шарҳу тафсир қарор гирифтааст, балки тавассути он дурдонаҳои насру назми ниёгони мо ба сифати баёз ба оламиён пешниҳод карда шуд. Мураттибон ҳангоми интихоби мисолҳо намунаҳои беҳтарини адабиёти моро баргузиданд. Имрӯз, аз ҷониби аҳли илму адаби тоҷику ғайритоҷик ба қимати баланд харидорӣ шудани шоҳкорӣ, ба сифати яке аз мураттибон, маро хеле хушҳол мегардонад. Кори дастҷамъӣ ва бамаслиҳату машварат дар ҳамаи асру замонҳо натиҷаи матлуб бахшидааст. Дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-ро метавон муҷассамаи ақлу хиради халқи тамаддунсози тоҷик номид.
– Аз нигоҳи Шумо фарҳангҳо дар омӯзиши забон чӣ нақш доранд?
– Ба фикри инҷониб, бояд сарфу наҳв (грамматика) аз фарҳангҳо омӯхта шавад. Ба ин масъала дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» рӯйи эътибор гардонда нашудааст. Фарҳангҳо дар баробари шарҳу эзоҳи воҳидҳои луғавӣ ва ибораҳо бояд бори омӯзиши грамматикаро низ бар дӯш дошта бошанд. Хусусан, дар онҳо нишон додани шаклҳои феълӣ мувофиқи матлаб аст. Фарҳангҳо ба масал модареанд, ки ба даҳони кӯдак – мардум як ҳарфу ду ҳарф ниҳода, гуфтан меомӯзанд. Аммо баҳрабардорӣ аз онҳо яксон нест...
Умуман, забондонӣ ба муҳит вобаста аст. Мисолан, бузургсолони мо дар муҳити якзабонӣ ба камол расидаанд. Биноан, забони модарии худро хуб медонанд. Зеро онҳо забонро дар асоси адабиёти классикӣ омӯхтаанд. Инҷониб солҳои 60-уми қарни сипаригардида дар ҳалқаи мӯйсафедон «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-ро қироат карда будам, ҳама таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, мазмуну муҳтавои онро баҳузур фаҳмиданд. Баъди сипарӣ шудани солҳои зиёд, дар чойхонаи гузар афсонаеро қироат карданӣ шудам. Аҳли нишаст гуфтанд: «Э монед, ҳамон китобатонро!». Дар ҷавоб чизе нагуфтам. Ба фикрам, қарори Президенти мамлакат доир ба китобхонӣ беасос нест.
Забони тоҷикӣ мушкил гуфтани баъзе зиёиёни мо (бале, маҳз зиёиёнро дар назар дорам) бефарқӣ ба забони худ, фарҳанги худ, равед, ки миллати худ аст.
– Чанде қабл китоби пурарзиши Шумо «Фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои X-XIX» рӯйи чопро дид. Он маҳсули меҳнати чандсолаи шумост? Ҳадаф аз нашри чунин китоб чӣ буд?
– Банда аз соли 1959 бо луғат ё фарҳанг сарукор дорам. Соли  1975 доир ба «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсиддин рисолаи номзадӣ дифоъ намудам. Дертар рисолаи услубиеро таҳти унвони «Аз таърихи луғатнависии тоҷику форс» ба дасти чоп додам. Олими Чехословакия Ирже Бечка онро дар Аврупо бо забони англисӣ муаррифӣ кард. Ва ниҳоят бо мурури вақт, баъди ҷамъоварии маводи зарурӣ, монографияи «Фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои X-XIX» рӯйи кор омад.
Дар монографияи мазкур доир ба 34 фарҳанги муътабар, ки то имрӯз маҳфузанд, маълумот дода шудааст. Ва ин як қисми меҳнати 60-солаи илмии инҷониб аст.
Мақсад аз таълифи монография ошно намудани мутахассисони соҳа ва хонандагони саршумори  тоҷик бо таърихи ғании фарҳангнигории халқамон буд.
– Шунидем, ки дар Душанбешаҳр мутахассисони соҳа фарҳанги бисёрҷилдаеро, ки бояд ҳамаи вожаву ибораҳои забони тоҷикиро дар бар гирад, ба чоп омода месозанд. Шумо ба сифати мутахассиси варзида ба онҳо чӣ пешниҳодҳо доштед?
– Чанде қабл ба Душанбе рафта будам. Ба шуъбаи фарҳангнигории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии ФУ Тоҷикистон сар халонда, монографияи «Фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои X-XIX»-ро тақдим кардам.
Хуш пазируфтанд. Гуфтанд, ки ба чунин таълифот шуъба ниёз дорад. Ба фикрам, дар Душанбе низ доир ба монография тақризе омодаи чоп аст. 
Тибқи қарори Фарҳангистони улуми Тоҷикистон соли 2008 фарҳанге таҳти номи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», ки 80 ҳазор вожаву ибораро дар бар дорад, ба дасти чоп супурда шуда буд.
Ҳоло тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон ходимони илмии фарҳангнигории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии ФУ Тоҷикистон ба таълифи фарҳанги тафсирии мукаммале шурӯъ намудаанд. Ин фарҳанги шашҷилда сад ҳазор вожаро дар бар хоҳад гирифт. Ҷилди аввали он рӯйи чопро дидааст. Шояд он ба шоҳкории қарни XXI табдил ёбад. Шубҳае нест, ки дар таҳияи «Фарҳанги тафсирии мукаммали забони тоҷикӣ» маводи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (2008), «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (2004-2006) мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Ба фарҳангнигорони ҷавон дар ин кори сангин бурдборӣ ва комёбиҳо таманно дорам.
– Устоди гиромӣ, барои суҳбати пурмуҳтавоятон як ҷаҳон ташаккур.
– Тавфиқ ёратон бод!

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: