ҶАРАЁНИ ТАТБИҚШАВИИ ЛОИҲАҲОИ ПЕШОМАДНОКИ САРМОЯВӢ БАРРАСӢ ШУД

26 июл таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои татбиқшавии лоиҳаҳо бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ, дар ин самт аз байн бардоштани нуқсонҳо ва тезондани азхудкунии маблағҳои сармоявӣ машварати видеоселекторӣ баргузор шуд.

Дар он Сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбарони вазорату идора, ширкат ва иттиҳодияҳо, Раиси Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар хориҷа ширкат ҷустанд.
Зикр гардид, ки соли равон дар доираи барномаҳои сармоявӣ ва инфрасохторӣ аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағтаъминкунӣ татбиқсозии 2 612 лоиҳа ва аз худ кардани  беш аз 6 миллиарду 850 миллион доллар пешбинӣ шудааст. 4,9 миллиард доллари он сармояҳои хориҷӣ, аз ҷумла 2,3 доллар – воми идораҳои байналҳалқии молиявӣ ва 2,6 миллиард доллар – сармояҳои бевосита ба шумор мераванд.
Дар машварат вазъи ғайриқаноатбахши азхудкунии ин маблағҳо ва татбиқшавии лоиҳаҳо танқид карда шуд. Чунончӣ, соли равон дар доираи 82 лоиҳа бо иштироки созмонҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ аз худ кардани 2 миллиарду 283 миллион доллар пешбинӣ гардидааст. Вале дар нимсолаи аввал танҳо 26 фоизи ин маблағ аз худ шудааст. 
Яке аз сабабҳои асосии ин таҷриба то охири сол аз худ кардани 70 фоизи маблағҳо ба шумор меравад. Сармоягузорони хориҷӣ аз ин иқдом барҳақ норизоӣ баён мекунанд. Сабаби дигар – захираҳои вомӣ на барои лоиҳаҳои бо ҳуҷҷатҳои тайёр ҷиддан коркардшуда, балки бо андешаи «аввал маблағро гирем, баъд фикр карда мебинем» ҷалб карда мешаванд. Бояд зикр сохт, ки ҳар қадар маблағҳо суст аз худ карда шаванд, ҳамон қадар ҷалб намудани сармояҳо барои татбиқсозии лоиҳаҳои оянда мураккабтар мешаванд.
Бо дарназардошти ин роҳбарони маҷмӯъҳои Девони Вазирон бояд ҳолати азхудкунии сармояҳоро амиқ омӯзанд ва бобати аз байн бардоштани мушкилот, аз ҷумла монеаҳои бюрократӣ дар коркарди ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, баргузор намудани тендерҳо, экспертизаи лоиҳа ва шартномаҳо чораҳо андешанд.
Шавкат Мирзиёев ба Сарвазир ва муовинони ӯ супориш дод, ки дар моҳҳои август-октябр ҷадвали нави соҳавиро барои азхуд кардани  қисми асосии маблағи созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва хориҷӣ тасдиқ кунанд ва то охири сол иҷрои пурраи нишондиҳандаҳои пешбинишударо таъмин намоянд. 
Бояд чунин мушкилот, аз ҷумла мураккабиҳои аз ҳад зиёди тартиботи вобаста ба татбиқшавии лоиҳаҳои сармоявӣ, бюрократикунонии онҳо, бенизомии фаъолияти идораҳои масъул аз байн бардошта шаванд, самарабахшии лоиҳаҳои сармоявӣ зиёд, азхудкунии саривақтии онҳо таъмин карда шавад. Бо ин мақсад ба наздикӣ қарори Президент дар бораи ҷалби маблағҳои созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва хориҷӣ, омода ва экспертиза намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ қабул гардид. Минбаъд лоиҳаҳо бо иштироки маблағи созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва хориҷӣ куллан бо низоми нав татбиқ карда мешаванд. Чунончи, тартиби коркарди стратегии ҳамкорӣ бо идораҳои байналхалқии молиявӣ ҷорӣ гардид, барои экспертиза 60 рӯз не, балки 14 рӯз сарф мегардад, ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва шартномаҳое, ки бинобар натиҷаи тендерҳо ба имзо мерасанд, аз экспертиза намегузаранд, талаботи вобаста ба кворум ва миқдори ҷӯяндагон бекор карда шуданд.
Роҳбари давлат зарурияти самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти гурӯҳҳои масъулро бобати бо сифат татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ бо иштироки идораҳои байналхалқии молиявӣ таъкид кард. Кори гурӯҳҳо самарабахш ба роҳ монда нашудааст, дар низоми баъзе вазорату идораҳо чандин гурӯҳҳои лоиҳавӣ амал мекунанд. Гурӯҳҳои мазкур бо созмонҳои васоятгар ҳамкорӣ надоранд, аксарияти кормандон дорои ихтисоси паст мебошанд. Дар оқибати ин бисёр лоиҳаҳои сармоявӣ солҳо иҷро намешаванд ва ба мушкилот табдил меёбанд.
Вобаста ба ин мувофиқи қарори Президент аз 21 июни соли ҷорӣ ҳамоҳангсозии корҳо ва назорати лоиҳаҳо бо иштироки созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва хориҷӣ пурра ба зиммаи Кумитаи давлатии оид ба сармояҳо гузошта шуд. Дар машварат ба раиси кумита супурда шуд, ки таркиби тамоми гурӯҳҳоро таҷдиди назар кунад ва онҳоро на аз ҷиҳати лоиҳаҳо, балки бинобар раванди соҳавӣ аз нав созмон диҳад, ихтисоси роҳбарон ва мутахассисони гурӯҳҳои лоиҳавиро баланд бардорад, курсҳои махсуси таълимӣ ташкил кунад, экспертизаи зудамал гузаронад ва асосҳои техникиву иқтисодӣ, ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва қарордодҳои воридотиро дар доираи тамоми лоиҳаҳо бо иштироки созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва хориҷӣ  бинобар тартиби нав баргузор намояд.
Дар машварат таъкид шуд, ки мониторинги лоиҳаҳо дар соҳа ва минтақаҳо ҳолати ғайриқаноатбахши иҷрои онҳоро ошкор кард. Бинобар ин ҳам ҳафтаи гузашта қарори Президент оид ба тезондани татбиқсозии лоиҳаҳои сармоявӣ ва инфрасохторӣ қабул гардид, ки дар он солҳои 2018-2019-ум татбиқ кардани 580 лоиҳа ба маблағи умумии 30 миллиард доллар, аз ҷумла бо ҷалби 26 миллиард доллар сармояҳои бевосита пешбинӣ шудааст. Аз миқдори умумии лоиҳаҳо 148-тоашон аз ҷониби иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва 432 ададшон аз тарафи корхонаҳои минтақавӣ татбиқ карда мешаванд. Дар чаҳорчӯбаи 456 лоиҳа аллакай соли равон аз худ кардани 2,6 миллиард доллар сармояҳои бевосита тақозо мегардад.
Вобаста ба ин ба муовинони Сарвазир супориш дода шуд, ки бинобар саривақт ва босифат татбиқ намудани лоиҳаҳои зикршуда, ки тӯли солҳои 2018-2019 пурра аз худ кардани 3,9 миллиард доллар сармояҳои иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва 3 миллиард доллар сармояҳои бевосита – корхонаҳои минтақавиро дар назар доранд, ҷадвалҳои соҳавиро кор карда бароянд. Баробари ин  роҳбарони иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ, Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошкандро зарур аст, ки бобати дарёфти сармоягузорон барои 69 адад лоиҳаҳои пешомадноки сармоявии соҳавӣ ва 189 минтақавӣ, тезондани коркарди асосҳои техникиву иқтисодӣ ва татбиқсозии онҳо «харитаи амалиёт»-ро кор карда бароянд. Вазоратҳо ва идораҳо, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ бояд ҳангоми татбиқсозии лоиҳаҳои сармоявӣ эътиборро ба масъалаҳои ҷалби сармояҳои бевосита бештар кунанд. 
Зикр шуд, ки мувофиқи қарори Президент як қатор сабукӣ ва гузаштҳо барои тезондани ҷараёнҳои коркард ва мувофиқсозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ фароҳам оварда шуданд. Аз ҷумла, талабот бинобар коркарди ҳатмии АТИ-и пешакӣ ё худ ҳисобу китобҳо, инчунин мувофиқсозии номгӯйи мақсадноки сохтмон бо Оҷонсии миллии раёсати лоиҳавӣ бекор карда шуд. Ҳамчунин талаботи экспертизаи лоиҳаҳо аз Оҷонсии мазкур бо иштироки созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва хориҷӣ, лоиҳаҳое, ки дар онҳо саҳми сармояҳои бевоситаи хориҷӣ аз 70 фоиз зиёд аст ва лоиҳаҳое, ки мувофиқи муоҳида дар бораи тақсими маҳсулот татбиқ мешаванд, бекор карда шуданд. Қарордодҳои воридотӣ, ки бинобар натиҷаи савдоҳои тендерӣ баста шудаанд, дар Оҷонсии миллии раёсати лоиҳавӣ танҳо барои мувофиқат кардани ҳуҷҷатҳои тендерии онҳо ва қонунгузорӣ, дурустии тарҷумаи матн аз экспертиза мегузаранд. Ғайр аз ин, мувофиқи қарор ба иҷрои корҳои сохтмониву монтажӣ бинобар 37 лоиҳаи бузургу муҳими сармоявии арзиши умумиаш 27 миллиард доллар ҳамзамон бо коркарди ҳуҷҷатҳои лоиҳавиву сметавӣ, тезондани лоиҳабандӣ ва бо маблағ таъминкунии якдавраина иҷозат дода шуд. Ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки бинобар ҳар кадоми 37 лоиҳаи мазкур гурӯҳи махсуси корӣ ташкил диҳанд, кори онҳоро тезонанд, сохтмони босифат ва саривақтии иншоотро таъмин кунанд, ба афзоиши беасоси нархи харид роҳ надиҳанд, пудратчиён ва хидматгузорони мушаххасро муайян кунанд.
Дар машварат он санад  танқид карда шуд, ки номгӯйи лоиҳаҳои дар соли 2019-ум аз ҳисоби тамоми манбаъҳо  татбиқшаванда ҳанӯз тайёр нестанд, ҳарчанд то охири соли равон камтар аз шаш моҳ боқӣ мондааст. Пештар мушаххас шуда буд, ки бояд консепсияи рушди дарозмуҳлати соҳа ва минтақаҳо то 1 апрели соли равон, маҷмӯи лоиҳаҳо то 15 июл, лоиҳаи Барномаи давлатии рушд то 10 октябр тайёр бошанд, ҳоло бошад, бояд корҳо бобати тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншоот барои соли оянда оғоз мешуданд. 
Барои ислоҳ кардани вазъият Кумитаи давлатии сармояҳоро лозим аст, ки бо вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва ҳокимиятҳо лоиҳаи барномаҳои сармоявиро дар асоси таклифҳои вобаста ба лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби тамоми манбаъҳо бо маблағ таъмин карда мешаванд, кор карда барояд. 
Тавре ки маълум аст барои он ки роҳбарони ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба сафарҳои хориҷӣ бароянд ва бо шарикони хориҷӣ дар бораи ҷалби сармояҳои бевосита ба минтақаҳои худ гуфтушунид гузаронанд, шароитҳо фароҳам оварда шуданд. Пештар чунин таҷриба амал намекард. Ҳокимон, муовинони онҳо, роҳбарони корхона ва ташкилоти минтақавӣ ба кишварҳои хориҷӣ мераванд ва бемамониат бо ҳамкорон мулоқот мекунанд. Чунончи, дар давраи сипаришудаи соли равон 33 ҳайати ҳокимиятҳо ба сафарҳои хидматӣ ба хориҷа рафтанд. Дар натиҷа бинобар 195 лоиҳаҳои арзиши умумиашон 5 милларду 290 миллион доллар муоҳидаҳо ба имзо расиданд. Ҳоли ҳозир татбиқсозии 75 лоиҳаи арзишашон 1,5 миллиард доллар оғоз шудааст. 
Вале ҷуғрофияи сафари намояндагони ҳокимиятҳо асосан бо кишварҳои Чин, Русия, Туркия, Куриёи Ҷанубӣ ва баъзе мамлакатҳои ИДМ маҳдуд мегардад. Сарони намояндагиҳои дипломатии кишвари мо дар ИМА, Ҷопон ва давлатҳои Аврупо бобати ҷалби сармояҳо ба минтақаҳои тобеи худ фаъолнокӣ зоҳир намекунанд.
Дар навбати худ ҳамкориҳои тарафайни байни ҳокимиятҳо ва сафоратхонаҳо ба роҳ монда нашудаанд. Дар натиҷаи ин қисми зиёди шартномаҳое, ки ҳангоми сафарҳои хориҷӣ ба имзо мерасанд, дар коғаз боқӣ мемонанд. Чунончи, ҳайати ҳокимияти вилояти Фарғона дар ҷараёни сафараш ба Латвия 1-4 феврали соли равон 6 меморандумро имзо кард, вале то имрӯз аз  ягонтои онҳо натиҷае нест.
Он чиз боиси эътибор аст, ки муоҳидаҳои бастаи ҳокимиятҳо ҷалби сармояҳоро барои коркарди ибтидоии маҳсулот, истеҳсоли маснуоти бофандагӣ ва маводи сохтмон, ҳамчунин соҳаи хидматрасонӣ пешбинӣ менамоянд. Лоиҳаҳои вобаста ба истеҳсолоти баландтехнологӣ амалан  нестанд.
Гурӯҳи корӣ, ки корро дар самти мазкур аз нуқтаи назари танқидӣ дида баромад, ба хулосае омад, ки тайёрии ҳайати ҳокимиятҳо пеш аз сафари хориҷӣ дар сатҳи зарурӣ нест, дар аксар ҳолат аъзои ҳайатҳо нақшаи мушаххаси корӣ надоранд, матолиб, наворҳои видеоӣ ва буклетҳо, ки дар бораи имкониятҳои иқтисодии вилояти дахлдор маълумоти заруриву пурра диҳанд, лоиҳаҳое, ки татбиқшавиашон имконпазир аст, вуҷуд надоранд. Аз 40 нафар соҳибкороне, ки ба ҳайати вакилони вилоятҳои Андиҷон, Фарғона ва Намангон дохил карда шудаанд, баъди омӯзиш маълум гардид, ки танҳо 12 нафарашон аз муҳтавои муоҳидаҳои мушаххас хабардор ҳастанд.
Танқид карда шуд, ки дар кори ҳайатҳо рақамбозӣ мушоҳида мегардад. Меморандум, муоҳида, шартномаҳои сармоявӣ ва содиротие, ки ба имзо расидаанд, натиҷаҳои мушаххасро дарбар нагирифтаанд, балки аксаран ҷиҳатҳои абстракт ва маданиву инсонпарварӣ доранд. 
Дар натиҷаи муносибати бемасъулиятонаи баъзе роҳбарон «харитаи амалиёт» ва ҷадвали соҳавӣ бобати татбиқ сохтани лоиҳаҳо андешида нашудаанд, низоми мониторинги қатъии иҷрои онҳо вуҷуд надорад. Лоиҳаҳо бо душворӣ, танҳо ба шарофати саъю кӯшишҳои сармоягузорон – соҳибкорони хусусӣ, бидуни кӯмаки заруриву амалии ҳокимиятҳои маҳаллӣ татбиқ мегарданд. 
Ба гурӯҳи корӣ супурда шуд, ки нақша — ҷадвали оид ба омӯхтани масъалаҳои зикршударо дар тамоми минтақаҳо тайёр кунад, мушкилоти мавҷуда ва сабабҳои онҳоро ошкор ва таҳлил намояд, бинобар фаъолтар кардани кор таклиф пешниҳод кунад. Ғайр аз ин бояд якҷо бо роҳбарони намояндагиҳои вобасташудаи дипломатӣ бинобар ташаккул додани лоиҳаҳои иловагӣ барои ҷалби сармояҳои бевосита ба минтақаҳо, зиёд кардани ҳаҷми содирот, тасдиқ  намудан ва тезондани татбиқсозии ҷадвалҳои соҳавӣ, бинобар лоиҳаҳои сармоявӣ, сари вақт ба кор гузоштани иқтидорҳои нав чораҳо андешида шаванд.
Ба Кумитаи давлатӣ оид ба сармояҳо ва Вазорати корҳои хориҷӣ супурда шуд, ки низоми назорати муассир ва ҳамоҳанги татбиқ кардани шартномаҳоеро, ки ҳайати ҳокимиятҳо дар ҷараёни сафарҳои хидматии хориҷӣ ба имзо расонидаанд, ҷорӣ кунад.
Дар машварат ҳисоботи роҳбарони маҷмӯъҳои Девони Вазирон, сафирони кишвари мо дар давлатҳои хориҷӣ ва ҳокимон шунида шуданд. Вазифаҳо бобати тезондани азхудкунии сармояҳои хориҷӣ ва татбиқсозии лоиҳаҳо мушаххас гардиданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: