ШОХАҲОИ ЯК ДАРАХТ

Дар шароити нави таърихӣ муносибатҳои кишварҳои ҳамсоя ва дӯст – Ӯзбекистону Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва ҷанбаҳои дигари афзалиятнок торафт мустаҳкам мегарданд.

Боварӣ, эҳтиром ва эътиборе, ки аз давраҳои қадим халқҳои тоҷик ва ӯзбек ба якдигар доранд, дар робитаҳои адабӣ ва фарҳангӣ низ таҷассум ёфта, чеҳраҳои намоёни адабу ҳунари ин ду халқ чун ёру бародари ҳамқалам, устоду шогирд ва пиру пайрав паҳлӯ ба паҳлӯ эҷод карда, мероси аҷдод омӯхта, дӯстию ҳамҷиҳатиро тараннум сохта, якдигарро дастгирӣ ва пурра намуда, дар арсаи илм ва эҷод қадам задаанд.
Дар ҳифзи ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва таҳкими қаробатҳои фарҳангӣ имрӯзҳо адабиёт низ саҳмгузор аст. Анъанаҳои аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ, аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ баргардониши асарҳо давом мекунад. Маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти» яке аз шумораҳои махсуси худро ба адабиёти тоҷик бахшид. Ба ин муносибат дар Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ бо иштироки меҳмонон аз Тоҷикистон – мудири шуъбаи робитаҳои байналхалқии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷабборов ва директори нашриёти «Адиб», шоир Гурез Сафар чорабинӣ баргузор гардид.
Тадбирро бо суханони муқаддимавӣ раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ Рустамбек Қурбонов ифтитоҳ бахшид ва таъкид сохт дар назди кумита 138 маркази мадании миллӣ мавҷуд буда, аз онҳо 14-тояшон, дар ин қатор МММ тоҷикон ба мавқеи ҷумҳурӣ моликанд. Таъмини ҳамҷиҳатии байнимиллӣ дар ҷамъият, кӯмак дар роҳи мустаҳкамсозии муҳити оилаи ягонаи бисёрмиллата мақсади асосии мост.
Сармуҳаррири маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти» Аҳмадҷон Мелибоев, нависандаи тоҷик Абдуғаффор Абдуҷабборов, шоир Гурез Сафар, мутарҷим Амир Файзулло дар баромадҳои худ бинобар таҳкими муносибатҳои ҳарҷониба байни ду ҷумҳурӣ, мазмун ва моҳияти тоза касб намудани робитаҳои адабию фарҳангӣ ва дар меҳмонии ҳам шудан – ба якдигар шумораҳои махсус бахшидани нашрҳои адабии ду ҷумҳурӣ изҳори мамнунӣ карданд.
– Риштаҳои дӯстӣ, робитаҳои бародаронаи тоҷикону ӯзбекон решаҳои қадимӣ дошта, аз қаъри асрҳо об хӯрдаанд, – гуфт адабиётшинос Шуҳрат Ризоев, – дар давраи зиндагию эҷоди Ҷомию Навоӣ он маънии тоза касб намуд. Шарофати дӯстӣ ва файзи қаробат бо Ҷомии бузургвор буд, ки Навоӣ ба дараҷаҳои баланд расид, таҳти таъсири адабиёти форсӣ «Хамса»-и туркии ӯ аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо кард.
Шоир Гурез Сафар қироат намуд:
Тоҷику ӯзбек ҳарду некбахтанд,
Сабзгашта шохаҳои як дарахтанд.

Меҳмонони тоҷикистонӣ ба Шуҳрат Ризоев ва Амир Файзулло туҳфаҳо супурданд. Ба онҳо, дар навбати худ, маҷмӯи нашрии «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» тақдим дошта шуд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: