МӮЪҶИЗА

И Ми Э (Адиби Корея)

Дар наздикии шаҳр як деҳаест. Он ҷо ҳамагӣ се-чор хонадон зиндагӣ мекунанд. Рӯзе осоиши  яке аз хонадонҳо гум шуд. Фарзанди хурдии ин оила ба бемории сахт гирифтор шуд. Дар ин оила ҳамагӣ се нафар  зиндагӣ ба сар мебурданд. Модар ва ду писар. 
Писари калонӣ аз писари хурдӣ ҳамагӣ 3-4 сол калон буд. Марди хона чанд сол пеш аз дунё  гузашта буд. Дар акси ҳол на ба муолиҷа духтур ва на барои харидани дору пул доштанд.
Модар аз ночорӣ чӣ карданашро намедонист. Ба ҳамсояҳо умед бастан фоида надошт, зеро онҳо  низ рӯзашонро базӯр мегузарониданд.
«Вой дард мекунад!» – гуфта дод задани писарашро шунида, модар бесаранҷомтар мешуду дандонашро рӯйи дандон гузошта, аз як тарафи хона ба тарафи дигари хона рафтуо дошт. Модар ҳар чӣ бодо бод (он чӣ дар хона дошт) як пиёла шири говро ба ӯ нӯшонд. Писарчаи  беморро, ки чанд рӯз чашм напӯшида буд, зуд хобаш бурд.
Ҳарчанд аз чашмони модар ашк мерехт, лек бесадо буд. Фақат гаштаю баргашта илтиҷо мекард: — Эй, Худо, ба дарди писарам шифо бахш. Ҷигарпораамро аз ман магир. Ба мӯъҷизаат умедворам.    Писари калонӣ, ки ҳар як ҳаракати модарро таҳти назорат гирифта буд ва худро гунаҳкор ҳис мекард, кӯмаке карда наметавонад , ба ҳаракат даромад. 
– Модарам «мӯъҷиза» гуфт. «Мӯъҷиза»-ро дар дорухона мефурӯхта бошанд. Ин гуфту пулҳои барои зодрӯз пинҳон ҷамъовардаашро гирифта оҳиста ба кӯча баромад.
Дар сари кӯча, ки бозор буд, садои савдогаронро шунид, ки мегуфтанд: «Биёед, ҳама чиз арзон шуд, мана инаш ҳазор вон, инаш дуҳазор, пулҳоятон боз дар худатон мемонад». 
Ӯ ба ҳар тарафи кӯча давида, ниҳоят дорухонаро ёфт.
Нафасашро базӯр рост карду ҳафт ҳазору шашсад вонро ба доруфурӯш дароз кард.
Духтарак пулро шумурду аз писарак пурсид:
– Ба ту кадом дору даркор?
— «Мӯъҷиза» доред!
— «Мӯъҷиза»? Ин гуна дору вуҷуд надорад, ту хато кардӣ.  
— Бояд бошад. Зеро модарам сари додарамро сила карда гуфт: «Агар «Мӯъҷиза» шавад, албатта, сиҳат  мешавӣ. Он қимат будагист? Ҳамаи пули ман ҳамин, агар доруро  дода истед, боқимондаашро албатта, мебиёрам. Ваъда медиҳам! 
Духтараки доруфурӯш ба писарак нигоҳ карду вазъиятро фаҳмида, ба беморхона занг  зад. Писарча  ҳанӯз умедвор буд, ки доруи «мӯъҷиза»-ро пайдо мекунад.
Баъди чанд вақт духтурҳо расида омаданд...
Модар дар ҳайрат буд, бо овози баланд гиря мекард.
Беморро ба шифохона бурданд. Модар, ки дар  пушти дари палатаи писараш пичиррос мезад: «Худоё, барои мӯъҷизаат аз ту як умр сипосгузорам».
Писари калонӣ пули ғиҷимшуда дар даст ба модараш ҷафстар мешуд.
Духтур баъди муолиҷаи бемор ба модар рӯ оварду гуфт:  — Писаратон рӯзҳои наздик сиҳат мешавад,  ҳоло аҳволаш беҳтар аст. Ба хонаатон баргардед, кофист, ки ба хазинаи беморхона ҳафт ҳазору шашсад  вон пардозед.
Модар чӣ гуфтанашро намедонист. Охир ӯ ин қадар пул надошт. Агар ин қадар пул медошт, барои писараш дору мехарид. Баъд аз фаҳмидани  суханони духтур писари калонӣ ба модараш пулеро, ки дар даст дошт, дароз кард.
Модар ба пули дасти писараш нигоҳ карду инони гиряро сар дод...

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи 
Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: