ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ БИНО БАР РУШДИ САНОАТИ КИНОИ МИЛЛӢ

Саноати кинои ватанӣ ба рушди маданият ва санъати миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи садоқат ва муҳаббат ба Ватани худ, эҳтироми насли куҳансол саҳми беқиёс мегузорад.

Кино дар соҳаи худшиносӣ нақши муҳим бозӣ мекунад, мазмуни ғановатманди он бошад, ба дараҷаи саводнокии аҳолӣ таъсири бевосита мерасонад.
Баробари ин аҳволи воқеии кор дар соҳаи мазкур аз  мавҷуд будани як қатор мушкилоти ҳаллу фаслнашуда шаҳодат медиҳад, ки рушди ҳар чи бештари саноати кинои миллӣ, баланд бардоштани рақобатбардориашро дар бозор, ҳамчунин пешрафти онро дар хориҷа боз медоранд.
Аз ҷумла:
якум, сатҳи  пасти ғоявиву бадеии саноати кино, сифати ғайриқаноатбахши асар, кор ва фаъолияти таҳиягарону актёрон, аксаран мавҷуд набудани симоҳои муассири бадеӣ, ки барои ҷавонон ҳамчун ибрати маънавӣ хидмат кунанд, имкон намедиҳанд, ки таъиноти асосии кинематографияи миллӣ – тарбияи насли ҷавон дар рӯҳи матонату диловарӣ, аксуламал ба «маданияти оммавӣ»-ро адо кунад;
дуввум, таҷрибаи мавҷудаи ҷой додани супоришоти давлатӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кино ошкорбаёнӣ ва шаффофияти чорабиниҳои қабулшуда, истифодаи сарфакорона ва самарабахши маблағҳои буҷавиро таъмин намекунанд, ҳамчунин рушди муҳити рақобати солимро дар соҳаи кинематография боз медоранд;
саввум, мавҷуд набудани стратегияи ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба соҳаи саноати кино, тадқиқоти замонавии маркетингӣ ва барномаи дақиқи мақсадноки истеҳсоли кино ба мақсади сарпӯш кардани хароҷот ва даромаднокии маҳсулоти кино сабабҳои талафоти баланди кинематографияи миллӣ ба шумор мераванд;
чорум, мавҷуд будани низоми ғайрисамарабахши фурӯши кино ва расонда додани маҳсулоти кино ба сарсари ҷумҳурӣ, хабардории сусти аҳолӣ аз пешбурди ғайрифаъоли маҳсулоти истеҳсолшудаи кино ба даромади фурӯшгарони кино, рағбатноксозии моддии  аҳли эҷодиву истеҳсолии ширкатҳои кино таъсири манфӣ расонда, боиси аз фаъолият мондани шабакаи кинотеатрҳо гардиданд;
панҷум, кам будани маблағҳои ҷудошуда барои истеҳсоли маҳсулоти кино бино бар супоришоти давлатӣ, низоми ғайрисамарабахши андозгузорӣ ва бори зиёди андоз барои истеҳсолгарони кино даромаднокии соҳаи саноати киноро маҳдуд мекунанд ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами инноватсионӣ ва рақамиро мувофиқи анъанаҳои умумиҷаҳонии рушди кинематография рағбатнок намесозанд;
шашум, низоми тайёркунии кадрҳо дар соҳаи кино ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, кор бобати тайёр кардани мутахассисони зарурии саноати кинои замонавӣ дар муассисаҳои касбии таълими олӣ, аз ҷумла кишварҳои хориҷӣ, бозомӯзонӣ ва такмили ихтисоси намояндагони санъати кино дуруст ба роҳ монда нашудааст;
ҳафтум, механизмҳои мушаххаси ошкор ва пешгирӣ намудани паҳншавии ғайриқонунии иншооти ҳуқуқи муаллифӣ, аз ҷумла барои маҳсулоти кино, ҳифзи муътамади онҳо аз истифодаи ғайрисанксионии мубориза ба муқобили ҳаннотӣ мавҷуд нест, ки сабаби сатҳи баланди фурӯши ғайриқонунии маҳсулоти воқеии кино мегардад ва боиси талафи зиёди ширкатҳои кино ва кинотеатрҳои мамлакат мешавад;
ҳаштум, бино бар пешниҳод кардани наворҳои беҳтарини кинои ватанӣ ба ҷашнвораҳои дар тамоми ҷаҳон машҳури байналхалқӣ, аз ҷумла иштирок дар онҳо мунтазам кор бурда намешавад, дараҷаи ғайриқаноатбахши табодули тарафайни фарҳангӣ ба пешбурди фаъоли кинематографияи миллӣ дар хориҷа ва қаробати он ба соҳати ҷаҳонии кино мусоидат намекунад.
Ба мақсади рушди минбаъдаи саноати кинои мамлакат, таъмин кардани шаффофияти интихоби ширкатҳои кино, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи кинематография, баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшуда бо истифодаи технологияҳои замонавӣ, ҳамчунин мустаҳкам кардани ҳамкориҳои байналхалқӣ:
1. Ба таклифи Оҷонсии миллии «Ӯзбеккино» (минбаъд – ОМ «Ӯзбеккино»), Вазорати молия, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кӯмак ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат, ҳамчунин саҳҳомони Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекфилм» дар бораи:
табдил додани ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекфилм» ба корхонаи муттаҳиди давлатии «Ӯзбекфилм» бо ба роҳ мондани ҳисобу китоб бо саҳмгузорон дар тартиби қонунгузорӣ муқаррарнамуда;
табдил додани корхонаи муттаҳиди давлатии «Ҳужжатли филмлар киностудияси» ба корхонаи муттаҳиди давлатии «Ҳужжатли ва хроникал филмлар киностудияси» бо ба зиммаи он гузоштани вазифаҳои баргузор кардани басуратгирии корҳои созандагӣ ва комёбиҳои бадастомада дар соҳаҳои муҳими ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятии мамлакат бо минбаъд ба бойгонигузории онҳо;
таъсис додани филиалҳои корхонаи муттаҳиди давлатии «Республика кинопрокат маркази» дар пойгоҳи шуъбаҳои ҳудудии ОМ «Ӯзбеккино», бо нигоҳ доштани миқдори штатӣ, биноҳо ва дигар пойгоҳҳои моддиву техникӣ, ҳамчунин дар муҳлати то 1 январи соли 2020-ум – манбаъҳои дарамали бо маблағ таъминкунӣ;
табдил додани муассисаи давлатии «Иттиҳодияи эҷодии арбобони кинои Ӯзбекистон» ба созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ бо ба он додани молу мулк ва арзишҳои дигари моддиву техникӣ (амволи ғайриманқул – барои истифодаи ройгон), ки дар ихтиёри муассисаи мазкури давлатӣ мебошанд, ризоият дода шавад.
Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ қайди давлатии созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратии таъсисдодашударо таъмин кунад, ба он бобати  ташаккул додани мақомоти оинномавӣ кӯмаки зарурӣ расонад.
2. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
аз 1 январи соли 2019 аз ҷониби Шӯрои бадеии ОМ «Ӯзбеккино» банақшагирии ҳарсолаи мавзӯии истеҳсоли маҳсулоти кино бино бар супоришоти давлатӣ бо дарназардошти вазъияти мавҷуда, тағйироти татбиқшудаистода дар соҳаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, маданиву инсонпарварӣ ва ғайра, ҳамчунин талаботи воқеии аҳолӣ ба кинофилмҳои пурмазмун татбиқ карда мешавад;
низоми квотаҷудокунӣ барои истеҳсоли филмҳои бадеӣ бино бар жанрҳо дар таносуби фоизӣ аз ҳаҷми умумии солонаи истеҳсоли филмҳои бадеӣ оид ба супоришоти давлатӣ ҷорӣ карда мешавад;
аз 1 январи соли 2019 низоми квотаи ҳаҷми намоиши филмҳои бадеии ватанӣ дар кинотеатрҳои мамлакат, новобаста аз шакли моликият, дар як рӯз на камтар аз ду чунин филмҳои васеъметражӣ, аз 1 январи соли 2021-ум бошад, на камтар аз 25 фоизи ҳаҷми моҳонаи вақти экран, дар рӯзҳои ид – 40 фоиз ҷорӣ карда мешавад;
10 фоизи маблағҳое, ки дар сметаи хароҷоти истеҳсоли филмҳои бадеӣ бино бар супоришоти давлатӣ нишон дода шудаанд, танҳо барои рекламаи онҳо ва пиар-ширкатҳо аз тариқи телевизион, радио ва шабакаҳои Интернет, ҳамчунин аз тариқи ҷойгир кардани рекламаҳои зоҳирӣ истифода мешаванд;
эълон кардани маҳсулоти кино бино бар супоришоти давлатӣ дар шабакаҳои телевизиониву радиоии низоми Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон дар шартҳои имтиёзнок бо риоя кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва моликияти ОМ «Ӯзбеккино» барои маҳсулоти худии кино ҳангоми дар шабакаҳои телевизионии Ширкати миллии телевизион ва радио намоиш додани онҳо татбиқ карда мешавад;
иштироки ширкатҳои кино, новобаста аз шакли моликият, дар истеҳсоли маҳсулоти кино бино бар супоришоти давлатӣ танҳо дар пояи озмуне, ки ОМ «Ӯзбеккино» мувофиқи қонунгузорӣ ташкил кардааст, татбиқ карда мешавад;
ҳайати Шӯрои бадеии ОМ «Ӯзбеккино» аз ҷумлаи таҳиягарон, адабиётшиносон, муаррихон, операторони кино, коргардонҳо, кинофурӯшон, мунаққидони кино, рӯҳшиносон, намояндагони созмонҳои ғайридавлатии соҳаи кинематография, мутахассисони дигар ташаккул дода, аз ҷониби ОМ «Ӯзбеккино» бо ризоияти Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ карда мешавад;
ба ҳайати Шӯрои бадеии ОМ «Ӯзбеккино» дохил кардани шахсоне, ки бевосита ё худ бавосита аз қабул шудани қарори шӯро манфиатдоранд, ҳамчунин иштироки онҳо дар озмун манъ карда мешавад;
баъди хатми ҳар кадом давраи истеҳсоли маҳсулоти кино бино бар супоришоти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои бадеии ОМ «Ӯзбеккино» ба мазмуну муҳтавои сенарияи коргардон, нишондиҳандаҳои сметаи хароҷот, талаботи техникӣ ва технологии ҷараёни ба наворбардорӣ, ҳамчунин риоя кардан ба талаботи дигар, ки дар шартномаи банаворбардории маҳсулоти кино зикр шудаанду пас аз он маҳсулоти кино (қисмҳои он) қабул карда мешаванд, баҳо дода мешавад.
Ба ОМ «Ӯзбеккино» супурда шавад, ки якҷо бо Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати молия, Вазорати адлия ва идораҳои манфиатдори дигар дар муҳлати то 1 октябри соли 2018-ум ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи қарори ҳукуматро, ки тартиби ба роҳ мондан ва баргузор кардани озмунро барои истеҳсоли маҳсулоти кино бино бар супоришоти давлатӣ, аз ҷумла талаботи пешбинишуда нисбат ба ширкатҳои киноро барои иштирок дар озмун мушаххас менамояд, пешниҳод кунад.
3. Таклифи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба татбиқ намудани Барномаи чораҳо оид ба рушди минбаъдаи кинематографияи миллӣ, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 августи соли 2017-ум №ҚП-3176 дар бораи:
аз соли хониши 2019/2020 равона кардани хатмкунандагони соҳибистеъдоди Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон ва мутахассисони соҳаи кинематографияи миллии дорои  дараҷаи бакалавр, ки дар донишкада бино бар самтҳои «продюссери иҷрогар» ва «кинорежессура ва кинодраматургия» аз санҷиши пешакӣ гузаштаанд, барои таълим дар курсҳои олии «Кино ва телевизион»-и назди Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи ба номи С.А.Герасимов (минбаъд – ВГИК);
аз соли хониши 2020/2021 дар шаҳри Тошканд кушодани филиал (факултаи муштарак)-и ВГИК оид ба тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи кинематография бо ҷалби мутахассисоне  ба кори омӯзгорӣ, ки пештар тайёриро дар курсҳои олӣ ва дар ассистентура – таҷрибаомӯзии ВГИК гузаштаанд, ҳамчунин ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада барои баргузор кардани сабақомӯзӣ маъқул дониста шавад.
4. Ба ОМ «Ӯзбеккино» супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати фарҳанг ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 декабри соли 2018-ум бо роҳбарияти ВГИК бобати ба роҳ мондани таълими хатмкунандагони Донишкадаи санъат ва маданияти Ӯзбекистон ва мутахассисони ҷумҳурӣ дар курсҳои  олӣ ва ассистентура-таҷрибаомӯзии ВГИК, ҳамчунин дар шаҳри Тошканд кушодани филиал (факултаи муштарак)-и донишкада гуфтушунид кунад.
Муайян карда шавад, ки:
миқдори шахсоне, ки барои таълим ба курсҳои олӣ ва ассистентура-таҷрибаомӯзии ВГИК фиристода мешаванд, аз ҷониби ОМ «Ӯзбеккино» якҷо бо Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус бо дарназардошти талабот ба мутахассисони соҳаҳои дахлдор ва тасдиқи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мушаххас карда мешавад;
бо маблағтаъминкунии хароҷоти вобаста ба таълим дар курсҳои олӣ ва ассистентура-таҷрибаомӯзии ВГИК аз ҷониби Маркази тайёркунии мутахассисон дар хориҷа ва мулоқот бо ҳамватанони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳудуди маблағҳое, ки Марказ барои ин мақсадҳо ҷудо кардааст, татбиқ мегардад;
бо номзадҳое, ки барои таълим дар курсҳои олӣ ва ассистентура-таҷрибаомӯзии ВГИК бомуваффақият аз санҷиш гузаштаанд, муоҳидаҳое ба имзо мерасанд, ки ӯҳдадории номзадҳоро барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дар Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон, филиал (факултаи муштарак)-и ВГИК, ки дар шаҳри Тошканд ташкил карда мешавад, ба муҳлати на камтар аз се сол фаъолият карданро муқаррар мекунанд.
5. Маркази бозомӯзонӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи саноати кинои назди ОМ «Ӯзбеккино» (минбаъд – Марказ) ташкил карда, инҳо вазифаҳои асосии он муайян карда шаванд:
татбиқ намудани бозомӯзонӣ ва такмили ихтисоси кормандони эҷодиву истеҳсолӣ, техникӣ ва ғайраи соҳаи саноати кино, новобаста аз шакли моликият Ширкатҳои кино дар асоси қарордодӣ оид ба коргардонӣ, продюсерӣ, маҳорати актёрӣ, оператори кино, аниматсия ва самтҳои дигар, таъмин кардани қаробати тайёрии назарӣ бо кори амалӣ, ба ҷараёни бозомӯзонӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону мутахассисони соҳибтахассус, ҳамчунин коршиносони хориҷие, ки дар соҳаи саноати кино таҷрибаи корӣ доранд;
таъсис додан, беҳтар ва мунтазам нав кардани пойгоҳи услубиву иттилоотӣ, коркарди аёниятҳои зарурии таълимӣ ва тавсияҳо бино бар бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони соҳаи саноати кино;
ба роҳ мондани бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони соҳаи саноати кино дар ширкатҳои хориҷии кино, ба роҳ мондани робитаҳои қарин бо шарикони хориҷӣ.
Муқаррар карда шавад, ки Марказ:
дар шакли корхонаи муттаҳиди давлатӣ ташкил карда мешавад;
вай аз ҳисоби маблағҳое, ки барои таълими кормандони эҷодию истеҳсолӣ, техникӣ ва ғайраи соҳаи саноати кино ба даст меоянд, новобаста аз шакли моликияти ширкатҳои кино, ҳамчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, бо маблағ таъмин карда мешавад;
ба Марказ директоре, ки аз ҷониби директори генералии ОМ «Ӯзбеккино» ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, роҳбарӣ мекунад.
6. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
сохтори Маркази бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони соҳаи саноати кинои назди Оҷонсии миллии «Ӯзбеккино» мувофиқи замимаи №1;
«харитаи амалиёт»-и минбаъд такмил додани саноати кино дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №2 ;
«харитаи амалиёт»-и татбиқсозии лоиҳаҳои «Се шаҳр», «101» ва «Қаҳрамонҳо» мувофиқи замимаи №3.
Барои ҳаллу фасли босифат ва саривақтии маҷмӯи масъалаҳои ташкиливу техникӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи татбиқсозии лоиҳаи «Се шаҳр» ба инҳо ҷавобгарии шахсӣ муқаррар карда шавад:
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо С.Р.Холмуродов – дар қисми маҷмӯи «Шаҳри дипломатияи халқӣ»;
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов – дар соҳаи маҷмӯи «Шаҳри миллӣ»;
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон– раиси раёсати Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекнефтегаз» А.С.Султонов – дар соҳаи маҷмӯи «Киношаҳр».
7. Ба ОМ «Ӯзбеккино» супурда шавад, ки якҷо бо Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Маркази рушди кинематографияи Ӯзбекистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳар сола кинои беҳтарини ватаниро ба ҷашнвораҳои машҳури байналхалқии кинои Канн, Берлин, Венетсия, Роттердам, Пусан, Маскав ва ғайра, ҳамчунин бозорҳои бузургу бонуфузи ҷаҳон пешниҳод намояд.
Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки бо ҳисобу китобҳои асосноки ОМ «Ӯзбеккино» барои бо маблағ таъмин кардани хароҷоти вобаста ба пешниҳод кардани кинои ватанӣ ба ҷашнвораҳои байналхалқии кино ва бозорҳои кино, бо дарназардошти маблағҳои Бунёди рушди кинематографияи миллии назди ОМ «Ӯзбеккино» маблағҳои буҷавӣ ҷудо кунад.
8. Аз 1 августи соли 2018-ум барои кормандони дастгоҳи марказии ОМ «Ӯзбеккино» дар ҳаҷми 100 фоизи бунёди пардохти моҳонаи меҳнати онҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохта мешаванд, иловапулиҳои шахсӣ муқаррар карда шаванд.
9. Ба муҳлати то 1 январи соли 2020-ум:
ташкилоте, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кино машғул мебошанд, аз пардохти тамоми хелҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ, ғайр аз пардохтҳо ба Бунёди нафақат ғайрибуҷавии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин пардохтҳои гумрукӣ (ғайр аз боҷҳо барои қайди гумрукӣ) барои асарҳои кино ва таҷҳизоти намоиши кино бино бар рӯйхате, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда тартиб дода шудааст, оварда мешаванд;
ОМ «Ӯзбеккино» аз пардохти гумрук (ғайр аз боҷҳо барои қайди гумрук) барои таҷҳизоти истеҳсоли кино ва намоиши кино дар доираи таҷдид ва муҷаҳҳазсозии корхонаҳои муттаҳиди давлатии «Ӯзбекфилм», «Ҳужжатли ва хроникал киностудияси», «Республика кинофонди», «Республика кинопрокат маркази», «Мултипликатсион филмлар студияси» мувофиқи рӯихате, ки ба тартиби муқарраршуда расмӣ шудаанд, озод карда мешаванд.
10. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки бо дарназардошти талаботи қарори мазкур, ҳамчунин дигар вазифаҳои аввалиндараҷаи саноати соҳаи кино ба дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то:
а) 1 августи соли 2018 лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи минбаъд такмил додани фаъолияти Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон, аз ҷумла бо дарназардошти кушодани факултаҳои нави оид ба тайёркунии кадрҳои зарурии соҳаи кинематография (кинодраматург, кинорежиссёр, кинопродюсер ва ғайра);
б) аз 1 ноябри соли 2018:
лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кинематография»;
таклиф оид ба минбаъд содда кардани тартибот ва талабот ҳангоми аз ҷониби ширкатҳои хориҷии кино дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бардоштани кино, сабтҳои видеоии филмҳои бадеӣ таклиф пешниҳод кунад.
11. Маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, манбаи бо маблағтаъминкунии корҳои коркарди шабакаи ягонаи электронии фурӯши кино, давра ба давра ба роҳ мондани кинотеатрҳои шабакаи фурӯши кино ба шабакаҳои оптикиву нахии маълумот, ҷорӣ кардани низоми автоматикии пешниҳоди таъҷилии ҳисобу китоби билетҳои электронӣ дар кинотеатрҳо, ки дар боби 4-уми қарори Девони Вазирон аз 6 апрели соли 2018-ум №272 нишон дода шудааст, муайян карда шаванд.
12. ОМ «Ӯзбеккино» дар нишонии: шаҳри Тошканд, ноҳияи Чилонзор, кӯчаи Чилонзор, хонаи 1а ҷойгир карда шавад.
13. Ба ОМ «Ӯзбеккино» супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати адлия дар зарфи як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод намояд.
14. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х.М.Султонов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Б.Муродов ва муовини аввали Мушовири давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
24 июли соли 2018. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: