БА ҶИНОЯТИ ФИРЕБГАРЗАН ХОТИМА ГУЗОШТА ШУД

Айни замон инспекторҳои профилактика дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҷойҳо ба масъалаҳое мисли баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, дар ҷамъият ташаккул додани муносибати бемуросо нисбати қонунвайронкунӣ ва барқарор намудани устувории қонун эътибори алоҳида диҳанд ҳам, шахсоне ёфт мешаванд, ки шаҳрвандонро фиреб диҳанд.

Хусусан, бо роҳи фиребгарӣ ҷиноят содир кардани занҳо таассуфовар аст.
Д. Азимова (номаш иваз шудааст) соҳиби оила ва 4 фарзанд буда, пеш суд шуда бошад ҳам, аз кори кардаи худ хулосаи дуруст набароварда, боз ба фиребгарӣ даст зад. 18 марти соли 2014 дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд барои мошини тамғаи «Matiz»-ро савдо карда, ба 9 ҳазор доллар фурӯхтан шаҳрванд  А. Ҷ.-ро розӣ намуд. Ба ӯ 4 ҳазор доллар дода, таъкид кард, ки боқимондаашро баъди як моҳ медиҳад. Баъд Д. Азимова мошинро ба каси дигар фурӯхта пулашро истифода бурд.
Ӯ ба кори фиребгарӣ идома дод. 29 июни ҳамин сол барои харида гирифтани мошини сабукрави тамғаи «Spark»-и шаҳрванд Э.Б., ки ба 12 ҳазор доллар аҳду паймон шуда буд, ба соҳиби мошин пешакӣ 4 ҳазор доллар дода ваъда медиҳад, ки боқимондаашро то моҳи сентябр хоҳад дод. 26 июн мошини сабукрави тамғаи «Nexia-1»-и шаҳрванд К. Б.-ро 12 ҳазору 600 доллар нарх мекунад. Чун одат пешакӣ 7 ҳазор доллар дода, боқимондаашро пас аз 1 моҳ медиҳам, гуфта ваъда мекунад. Д. Азимова дар давоми ин вақт боз ба шаҳрвандони зиёди дигар пули таъиншударо ба пуррагӣ надода, мошинҳоро ба шахсони дигар мефурӯшад. Аз рӯйи чунин ҳолат бо иштироки намояндагони ҷомеаи васеъ бинобар корҳои ҷиноӣ аз ҷониби суди ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд маҷлиси суди кушод баргузор шуд. 
Дар кори суд судшаванда аз кори худ пушаймон гардида, ба ҳама айбҳои худ иқрор шуд. Нишондодҳои гувоҳҳо шунида шуданд. Далелҳои ҷамъшуда боз як маротиба аз назар гузаронда шуда, ба судшаванда ҳукмро эълон карданд. Нисбат ба Д. Азимова бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тартиби дар қонун муайяншуда ҷазо таъин гардид. Таъкид гардид, ки зарари моддие, ки аз ҷониби судшаванда ба ҷабрдида расидааст, рӯёнда хоҳад шуд.

А. МӮСОЕВ, 
мухбири ӮзА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: