НАТИҶАИ ИСЛОҲОТИ АГРАРӢ БОЯД ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ НЕКӮАҲВОЛИИ ХАЛҚ ВА УСТУВОРИИ НАРХ ИНЪИКОС ЁБАД

31 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои тезондани нашъунамои пахта, кишти зироати такрорӣ дар майдонҳои аз ғалла холишуда, истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

31 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои тезондани нашъунамои пахта, кишти зироати такрорӣ дар майдонҳои аз ғалла холишуда, истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.
Чӣ хеле ки маълум аст, дар ҷамъомади видеоселектории 4 июл баргузоргардида аз 5 июл то 5 сентябр «Думоҳаи зарбдори ҳосилзамкунӣ» эълон шуда буд. Дар ҷамъомад корҳои дар ин бобат иҷрошуда таҳлил гардиданд.
Таъкид гардид, ки қафомонии нашъунамои  ғӯза барҳам дода нашуда, нашъунамои пахта то ҳол ба 8-10 рӯз, дар баъзе ҷойҳо ба 12-15 рӯз қафо мемонад. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар як бех ниҳоли пахта ба ҳисоби миёна 5-7 кӯрак пайдо шуда бошад, имрӯз он аз 3-5 то зиёд нест. 
Сабаби асосии ба миён омадани ҳолати мазкур моҳҳои июн-июл ҳокимони маҳалҳо, роҳбарони секторҳо, хусусан фермерон бо баҳонаи ҷамъоварии ғалла ва кишти ҳосили такрорӣ, парвариши ниҳоли пахтаро ба ҳоли худ гузоштаанд, гуфт роҳбари давлатамон. Корҳои обёрикунии ниҳоли пахта, коркарди байни қаторҳо, ва самарабахш истифода бурдан аз об низ ба таври бояду шояд ташкил нашудааст. Омӯзишҳо нишон доданд, ки дар аксари майдонҳо на култиватор, на обмон ва на ягон коргар ба назар мерасанд. Ҳатто дар баъзе ноҳияҳо пахта ба ҳоли худ гузошта шудааст. Дар аксарияти майдонҳо пахта бе об мондааст, ин бошад ба талаф ёфтани ҳосил оварда мерасонад.
Бино бар маълумоти гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ корҳои култиватсияи байни қаторҳои ниҳолҳои пахта ба талаб ҷавоб намедиҳад. Дар як қатор ноҳияҳо дар натиҷаи ба дигар корҳо ҷалб карда шудани тракторҳо, култиватсия қафо монда, байни қатори ниҳолҳо хушк шуда, дар он ҷо тарқишҳо пайдо шуданд. Дар натиҷаи мавҷуд набудани шароит дар «хонаи механизаторҳо», номуташакиллии кори отряд ва нарядҳо беш аз 40-50 фоизи култиваторҳо истифода намегарданд. 
Супориш дода шуд, ки роҳбарони тамоми чор секторҳои ноҳияҳои Зарбдор, Ғузор, Бағдод ва Уйчӣ аз вазифаҳояшон озод карда шаванд.  
Зарурати сари вақт ва хушсифат гузарондани чорабиниҳои агротехникӣ дар майдонҳои пахта, обёрии ниҳолҳо, коркарди байниқаторӣ, самарабахш истифода бурдан аз култиваторҳо таъкид гардид.
Соли ҷорӣ аз сабаби номусоид омадани обу ҳаво миқдори зараркунандагони пахта ва ҳашарот зиёд гардид. Олимон муайян намуданд, ки дараҷаи зинда мондани кирми пахта баъд аз зимистон 76 фоизро ташкил медиҳад, ки дар тӯли солҳои охир нишондиҳандаи баландтарин мебошад. Дар ин бобат ба 50 фоиз зинда мондани ҳашарот ҳамчун ҳолати фавқулодда баҳо дода мешавад. Соли ҷорӣ бошад, ҳашарот 1,5 баробар зиёд мебошад. Ба ин муносибат тақозо мегардад, ки ҳар як роҳбари масъул масъалаи мазкурро таҳти назорат гирад, хусусан масъулияти шахсии фермеронро пурзӯр гардонд. 
Олимони соҳа пешгӯӣ менамоянд, ки соли ҷорӣ тортанаккана дар 460 ҳазор гектар, кирми кӯрак дар 390 ҳазор гектар ва тортанаки юнучқа дар 42 ҳазор гектар паҳн мегардад. Аз ин рӯ, ба минтақаҳо таҳти сарварии роҳбарони институтҳои илмиву тадқиқотии Академияи илмҳо ва Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд 127 нафар олимон равона гардиданд. Барои ҳифзи пахта аз ҳашороти зараркунанда аз буҷа иловагӣ 100 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Аммо баъзе роҳбарони секторҳо то ҳол бепарвоянд. Дар ҳазорҳо гектар майдон коркарди кимёвӣ гузаронда шуд, гуён ҳисобот дода бошанд ҳам, онҳо ба натиҷаҳои назаррас муваффақ нагардиданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки коркард бесифат ва барои ҳисоботи расмӣ гузаронда шудааст. Дар натиҷа кирми кӯрак ба пахтаи 4-5 ҳазор гектар зарар расондааст. Ба 8-10 ҳазор гектар майдон таҳти хавф қарор дорад. 
Ба нашъунамои ғӯза дуруст ба роҳ наандохтани обгузорӣ низ таъсири манфӣ мегузорад. Роҳбарони секторҳо ва ходимони хоҷагии об дар бобати аз рӯи адолат тақсим намудани об ба таври бояду шояд машғул намегарданд. Масалан, дар ягон ноҳияи муайян 50-60 фоизи оби расондашуда барои обшор намудани такрорӣ ва полизи атроф равона карда мешавад. Аз сабаби мувофиқи мақсад истифода нанамудани об, ба таври кофӣ ҷалб нанамудани обронҳо, ташкил нанамудани обёрии шабона дар баъзе ноҳияҳо ғӯзаи 10-15 фоизи майдон беоб мемонад. Сарфи назар аз он ки дар бобати бо усули шарбат обёрӣ намудани ғӯза супориш дода шудааст, дар баъзе ноҳияҳо оби 60-65 фоизи майдон худаш ҷорӣ мешавад. Ба ин муносибат Вазорати хоҷагии об, Кумитаи давлатии ветеринария ходимони ниҳодҳои худро барои ба саҳро баровардани пору ва бо шарбат таъмин намудани ғӯза ҷалб намуда, вазифаи ба хоҷагиҳои фермерӣ вобаста намудан супурда шудааст. Ба роҳбарони секторҳо ва фермероне, ки аз об босамар истифода набурдаанд, чора андешида мешавад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои ба анҷом расондани кишти такрорӣ дар майдонҳое, ки аз ғалла холӣ шудааст, суръат бахшидани корҳои имзо намудани шартнома ва вогузоштани маблағи бунак муҳокима гардиданд.
Имрӯз бо сабаби афзудани аҳолӣ ва дараҷаи ҳаёти он дар дунё дар бозорҳои ҷаҳон талаб ба маҳсулоти озуқаворӣ афзуда, нарх боло меравад. Дар чунин шароит дар ҳоле ки аз тамоми имконот истифода мегардад, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд намуда, сарпур намудани бозори дохилӣ ва афзудани ҳаҷми содирот аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Айнан бо ҳамин мақсад дар 680 ҳазор гектар майдоне, ки аз ғалладона холӣ гаштааст, дар соли ҷорӣ кишти такрорӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аммо бо вуҷуди он ки аз оғози кишти такрорӣ бештар аз як моҳ гузаштааст, кор ҳанӯз ба охир нарасидааст. Аз ҷумла, дар мамлакат дар майдони 25 ҳазору 350 гектар кишт намудани картошка муқаррар гаштааст. Аммо то имрӯз танҳо 52 фоизи он анҷом дода шудааст.
Боз як муаммои дигар ин аст, ки бо вуҷуди он ки намуди кишти такрорӣ ва майдони он муқаррар гаштааст, дар натиҷаи аз ҷониби роҳбарони сектор беназорат мондан дар майдони бештар аз ду баробар зиёд аз муқарраргардида озуқавории чорво кишт гаштааст. Ба туфайли аз иллати кӯҳна ва зарарноки  изофанависӣ халос наёфтани баъзе роҳбарони секторҳо ба дурустии маълумот дар бораи кишти такрорӣ кафолат дода намешавад. Масалан, дар натиҷаи маълумоти нодуруст додан дар соли гузашта дар бобати кишти такрорӣ дар майдонҳои аз ғалла холигардида ба содироти маҳсулоти меваву сабзавот таъсири манфӣ расонд. Аз ин хулоса намуда, ба роҳбарони масъуле, ки талабҳои муайяннамудаи Сарпрокурорро вайрон мекунанд, бояд чора дида шавад. Мутасаддиён аз камбудии соли гузашта хулоса намуда, парвариши маҳсулотро дар майдонҳои кишти такрорӣ ва корҳои бонизомро дар бобати содирот бояд ташкил намоянд. Кишти такрорӣ то 5 август комилан бояд ба анҷом расонда шавад. Барои ин захираҳои моддиву техникӣ пурра расонда дода шуда, корҳои агротехникӣ сари вақт иҷро гардида, истифодаи оқилона аз об бояд зери назорати алоҳида гирифта шавад.
Дар ҷамъомад инчунин ҳолати ғайриқаноатбахши кор дар бобати ба имзо расондани шартномаҳо дар бораи хариди маҳсулоти кишти такрорӣ бо корхонаҳои азнавкоркард, содиркунандагон ва ташкилотҳои таҳиякунанда таъкид ёфт. Ҳамин тариқ, бо содиркунандагон дар бораи хариди 25 фоизи маҳсулоти кишти такрорӣ дар Қароқалпоқистон шартнома ба имзо нарасидааст, дар вилояти Тошканд 27 фоиз, дар вилояти Бухоро 53 фоиз чунин шартномаҳо ба имзо нарасидаанд. Ҳамин гуна манзараро дар бобати имзои шартномаҳо дар масъалаи корхонаҳои азнавкоркард ва ташкилотҳои таҳиякунанда низ дидан мумкин аст.
Пурра ба имзо нарасидани шартнома ба пардохти бунаки фермерон таъсири манфӣ мерасонад. То ҳоли ҳозир корхонаҳои азнавкоркард ҳамагӣ 10 фоизи бунак, содиркунандагон 11 фоиз, ташкилотҳои таҳиякунанда 38 фоизро пардохтаанд. Аз афташ ин масъала, ки агар шартномаҳо имзо нагарданд, бунакҳо пардохта нашаванд, бо деҳқонон чӣ мешавад, ба гӯшаи хаёли касе намеояд. Барои ҳар чи зудтар аз байн бурдани ин масъала ба шахсони масъул дар муддати панҷ рӯз доир ба имзо намудани шартнома дар бораи хариди кишти такрорӣ ва ба анҷом расондани пардохти бунак дар муддати даҳ рӯз супориш дода шуд.
Ҳамзамон дар муддати кӯтоҳ ҷудо намудани кредит, ки барои корхонаҳои азнавкоркард, содиркунандагон ва ташкилотҳои таҳиякунанда барои пардохт ногузиранд, зери назорати ҷиддӣ бояд гирифта шаванд, низоми босамари гузоштани маҳсулоти кишти такрорӣ аз рӯи қарордодҳои имзогардида таҳия ва татбиқ гардида, дар бобати ҷамъоварии беталафи ҳосил чораҳо андешида шавад.
Дар бобати афзудани ҳаҷми таҳияи маҳсулоти озуқаворӣ ва сарпур намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти арзон босамар истифода намудани заминҳои наздиҳавлӣ аҳамияти муҳимро молик аст. Дар ин ҷанба дар соли ҷорӣ низоми нав татбиқ гардида, 161 корхонаи «Томорқа хизмати» ташкил гаштааст. Барои роҳандозии фаъолияти онҳо ҷудо намудани 471 миллиард сӯм кредит ба нақша гирифта шудааст.
Фонди дастгирии фермерон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлӣ ташкил гардида, ба он 500 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. То ҳоли ҳозир аз ин фонд барои парвариши маҳсулот, ташкил намудани гармхонаҳо дар заминҳои наздиҳавлӣ, хариди техника ва таҷҳизот 62 миллиард сӯм равона гаштааст.
Дар доираи барномаи «Ҳар як хонавода – соҳибкор» ба аҳолӣ 400 миллион доллар ҷудо гаштааст.
Ҳамаи ин ба афзудани даромад, бошуғлфарогирӣ, беҳсозии дараҷаи ҳаёти аҳолӣ аз тариқи афзудани парвариши маҳсулот, ташкили гармхонаҳо дар қитъаҳои наздиҳавлӣ, нигоҳ доштани парранда ва ҳайвонот дар шароити хона мусоидат менамояд.
Аммо сарфи назар аз кӯшишҳои харҷгардида, Шӯрои фермерон, деҳқон ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлӣ сохтори «Томорқа хизмати» низ дар бобати ташкили истифодаи босамари қитъаҳои наздиҳавлӣ фаъолнокии бояду шояд зоҳир наменамояд.
– Низоме, ки барои истифодаи босамари қитъаҳои наздиҳавлӣ ташкил гаштааст, бояд натиҷа бахшад. Мо ба самаранокии он аз рӯи тағйир ёфтани шароити ҳаёти аҳолӣ ва нарх дар бозори дохилӣ баҳо медиҳем. Ҳамаи роҳбарон бояд дақиқ бидонанд: заминҳои наздиҳавлӣ – ин шуғли аҳолӣ, манбаи даромад, – гуфт роҳбари давлат.
Тартибе муқаррар гаштааст, ки бино бар он узви бекори оила, ки парвариши ҳайвоноти калони шохдор, 50 сар паррандаро ба ӯҳда мегирад, дар сурати ба фонди нафақа фиристодани маблағ дар ҳаҷми баробар ба ҳадди ақалли музди меҳнат як соли кафолатноки собиқаи корро молик мегардад. Ин имтиёз ба он мусоидат менамояд, ки аҳолӣ, хусусан занон ва ҷавонон, дар хона бо деҳқонӣ машғул гарданд, метавонанд дар оянда соҳиби нафақа гарданд. Шахсони масъул дар бобати босамар ташкил намудани низоми нав бояд чораҳо андешанд ва бо мақсад истифода гардидани маблағи ҷудогардидаро ҷиддан назорат кунанд. Пеш аз ҳама дар қитъаҳои холии наздиҳавлӣ кишти такрориро бояд ташкил намоянд. Ҳамзамон дар моҳҳои август-сентябр дар қитъаҳои наздиҳавлӣ ҷойгир намудан ва кишти чунин маҳсулоти «навадрӯза»-ро таъмин бояд кард, ки онҳо метавонанд аз ҷумлаи пиёз, сир, кабудӣ бо назардошти шароити иқлими ҳар як минтақа иборат бошанд. Барои ин аз ҷониби корхонаҳои «Томорқа хизмати» расонда додани тухмӣ, сӯзишворӣ, поруи маданиро зери назорати ҷиддӣ бояд гирифт.
Дар ҷамъомад масъалаҳои сафарбарсозии захираҳо барои воридоти иловагӣ ба буҷаи маҳаллӣ ва босамар истифода намудани онро таъмин намудан муҳокима гардиданд.
Таъкид гардид, ки аз рӯи натиҷаи моҳи июл аз ҷониби мақомоти андоз ба даст овардани қариб 4,7 триллион сӯм ва ба буҷа ворид гардидани барилова 889 миллиард сӯмро таъмин намудан ба нақша гирифта шудааст, аммо баъзе минтақаҳо нақшаро аз ҳисоби андоздиҳандагони калон иҷро мекунанд. Кор дар бобати васеъ намудани пойгоҳи пардохтии андоз аз ҳисоби фарогирии бунгоҳҳои  тиҷоратии андоздиҳанда, хидматрасонӣ, воҳидҳои соҳибкории хурд, кор бо воҳидҳои бекорхобида ба таври бояду шояд ташкил нагаштааст. Қариб афзоиши теъдоди пардоздиҳандагон ба назар намерасад. Ҳокимон ва муовинони аввали онҳо ин вазъиятро амиқ таҳлил намуда, ба кор бархӯрди ҷиддӣ бояд намоянд. Фақат ҳамин тариқ дар ин ҷанба корро метавон ислоҳ намуд.
Дар ҷамъомад инчунин чорабиниҳои андешидашаванда дар бобати иҷрои содироти маҳсулот ва хидматрасонии пешгӯишуда баррасӣ гардид.
Интизорӣ меравад, ки аз рӯи натиҷаи моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ дар мамлакат содирот дар ҳаҷми 7,2 миллиард доллар ва иҷрои нишондодҳои башоратӣ ба 104 фоиз ё худ қариб дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба 127 фоиз дар назар дошта шудааст. Аммо ин рақам афзоиши содиротро дар тамоми соҳаҳо инъикос карда наметавонад. Барои мисол, дар баъзе вилоятҳо эҳтимоли афзудани содироти мева ва сабзавот вуҷуд дорад, аммо нишондодҳои башоратӣ доир ба содироти маҳсулоти саноатӣ метавонад иҷро нагардад. Барои пурра даст ёфтан ба нишондодҳои башоратӣ шахсони масъул бояд масъаларо дар маҷмӯъ омӯхта, чорабиниҳои ногузир бояд андешанд.
Дар ҷамъомад аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида ҳисоботи муовинони Сарвазир, вазирон ва ҳокимон шунида шуд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: