МАРҲАЛАИ МУҲИМ ДАР ТАШАККУЛЁБИИ ОБРӮЙИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОН

Тавре ки пештар хабар дода будем, 26 июл дар Вашингтон бахшида ба пешбурди озодии дин анҷумани бузурги байналхалқӣ баргузор шуд.

Дар кори он тақрибан 600 нафар наояндагони зиёда аз 80 кишвар дар сатҳи роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, пешоҳангони дин ва фаъолони ҷамоаҳои шаҳрвандӣ ширкат ҷустанд. Ба ин ҷорабинӣ ҷомеаи васеи ҷаҳон ва расонаҳои ахбори оммавӣ эътибори махсус доданд. 
Аъзои ҳайати Ӯзбекистон ба иштирокдорони конфронс дар бораи муносибатҳои нав оид ба таъмин сохтани озодии дин, сулҳу салоҳи байнидинӣ дар Ӯзбекистон маълумоти муфассал пешкаш намуданд. Зикр гардид, ки соҳаи мазкур аз ҷумлаи самтҳои хеле муҳими барномаи ислоҳоти васеъмиқёс ба шумор рафта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев андешида шудааст ва тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро фаро мегирад. Маълумот дар бораи ташаббусҳои роҳбари мамлакат бинобар паҳн кардани ғояҳои исломи бомаърифат, дар Ӯзбекистон таъсис додани Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии ба номи Имом Ал-Бухорӣ, Маркази тамаддуни исломӣ, ҳамчунин Академияи ислом боиси рағбати ҳозирон гардид.
Сазовори зикр аст, ки Ӯзбекистон ягона кишваре шуд, ки дар анҷумани мазкур бобати мунтазам таъмин сохтани яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон, чун озодии эътиқоди динӣ баҳои баланд гирифт. 
Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео анҷуманро ифтитоҳ намуда, қайд сохт, ки «ҳангоме ки озодии дин инкишоф меёбад, мамлакат пеш меравад». Ӯ таъкид кард: «намунаи ин гуфтаҳо Ӯзбекистон аст. Мо саъю кӯшишҳоеро, ки Ӯзбекистон барои бунёди ҷомеаи беш аз пеш озод амалӣ менамояд, дастгирӣ мекунем».
Бинобар ақидаи роҳбари идораи сиёсати хориҷии ИМА, сиёсати роҳбарияти нави Ӯзбекистон дар ин соҳаи бағоят эҳсосӣ аҳамияти муҳими байналхалқӣ дорад. «Мо қатъиян бовар дорем, ки гуфт Помпео, қарорҳои қабулнамудаи Ӯзбекистон вобаста ба масъалаҳои озодии дин беш аз пеш барои мамлакат, ҷомеаи он, умуман тамоми минтақа натиҷаҳои мусбат хоҳад дод».
Дар конфронс аз хусуси муҳимияти пешбурди озодии дин дар олами кунунӣ суханҳои зиёд гуфта шуданд. Зикр гардид, ки озодии эътиқоди динӣ аз ҷумлаи ҳуқуқҳои асосии инсон ба шумор меравад ва дар ҷое, ки ин ҳуқуқ ба монеа дучор меояд, радикализм ва зӯроварӣ зуҳур мекунанд. Ҳамзамон бинобар маълумоте, ки дар анҷуман изҳор гардид, алҳол 83 фоизи аҳолии ҷаҳон дар кишварҳое зисту зиндагӣ мекунанд, ки озодии дин ба монеа рӯ ба рӯ мешавад ё худ зери таҳдид қарор дорад.
Дар доираи иштироки ҳайати Ӯзбекистон дар конфронс дар Клуби матбуоти миллии ИМА нишасти махсус таҳти унвони «Даврони нави озодии дин дар Ӯзбекистон» баргузор шуд, ки дар байни вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ ва ҷомеаи коршиносон рағбати зиёд пайдо кард.
Ба шунавандагони амрикоӣ дар бораи ислоҳоте, ки дар кишвари мо бобати таъмин кардани озодии дин ва пешбурди ғояҳои исломи бомаърифат, дастгирӣ намудани ҷиҳати дунявии ҷомеа татбиқ мегарданд, маълумоти муфассал дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон намояндагони 140 миллат ва 16 дин дар сулҳу салоҳ ва ҳамдилӣ зисту зиндагӣ мекунанд, онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат фаъолона иштирок менамоянд. 
Президенти Пажӯҳишгоҳи ҷалби ҷаҳонӣ Ҷ. Чен дар суханронии худ зикр намуд, ки алҳол намояндагони кишварҳои гуногун асосан аз афзудани таъқибот бинобар эътиқод ва коҳиш ёфтани озодӣ дар тамоми ҷаҳон шикоят мекунанд. Аз ин нуқтаи назар «Ӯзбекистон ягона кишвари умедбахш ва манбаи хабарҳои хуш мебошад».
Вакили Қасри сафед Ҷ. Колберт  дар нишаст изҳор дошт, ки «аз ибтидои муҳлати Президентии Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон дар масъалаҳои таъмин гардидани ҳуқуқи инсон, аз байн бардоштани меҳнати бачагон, татбиқ намудани ислоҳот бобати пойдор шудани адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин боз гардидани ҷамъият барои ғояҳои нав ба пешрафти бузург муваффақ шуд». Бинобар суханони ӯ Ӯзбекистони намунаи соли 2018-ум давлатест, ки барои ҳаллу фасли чунин масъалаҳои маҷмӯӣ, аз ҷумла таъмин кардани озодии этиқоди динӣ иродаи сиёсӣ дорад.
«Чунин тағйирот имкон медиҳанд нафақат эътидоли мустаҳками иҷтимоӣ устувор гардад, балки зиёда аз он ҷолибияти сармоявии мамлакат барои тоҷирони амрикоӣ бештар шавад», – таъкид кард Ҷ. Колберт.
Ин хулосаро дар ҷараёни мулоқоти алоҳида арбоби машҳури сиёсӣ, Сафир оид ба супоришҳои махсус дар соҳаи озодии дин С. Браунбэк низ зикр кард. Бинобар ақидаи ӯ мушкилоти зиёде, ки бо ҷалби сармояҳо алоқаманд мебошанд, пеш аз ҳама, он буд, ки ширкатҳо аз коҳиш ёфтани обрӯйи худ меҳаросиданд, бинобар ин тиҷорати худро дар кишварҳое, ки ҳуқуқҳои инсон халалдор мегарданд, ба роҳ намегузоштанд. «Алҳол, таъкид кард С. Браунбэк, ҳангоме ки симои нави Ӯзбекистон ташаккул меёбад, барои ба мамлакат ҷалб намудани доираҳои корчаллони ИМА ва тамоми ҷаҳон имкониятҳои бемисл фароҳам омаданд». 
«Маҳз ҳоло замоне фаро расид, ки бояд ба бозори сармояҳои ИМА дохил шуд ва дар ҷалби маблағҳо фаъолона иштирок кард», қайд намуд С. Браунбэк.
Барои тасдиқи суханони мазкур раиси Палатаи савдои амрикоиву ӯзбекистонӣ хонум К. Лэмм ба иштироки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар конфронси нахустин бинобар масъалаҳои озодии дин баҳои баланд дод. Мувофиқи суханони ӯ ба ин анҷумани муҳими байналхалқӣ даъват шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин бинобар он ки дар маърӯзаҳо маҳз Ӯзбекистон ба сифати «намунаи мусбати татбиқсозии ислоҳот дар соҳаи мазкур таъкид гардид, барои баланд бардоштани нуфузи мамлакат аҳамияти муҳим дорад ва бешубҳа, дар афзудани ҷолибияти сармоявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсири мусбат хоҳад расонид». 
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори аввал дар чунин чорабинии байналхалқӣ оид ба озодии дин боз як зуҳуроти ташаккулёбии симои нави кишвар дар арсаи байналхалқӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани тағйироти мусбатест, ки дар мамлакат ба вуқӯъ меоянд. 

Содиқ САФОЕВ, 
муовини аввали Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
(ӮзА).   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: