ИМТИЁЗ, ИМКОНИЯТ ВА ҲАМКОРИИ САМАРАБАХШ

Ширкати «Parsalpine Gmbh»-и Австрия ба Сурхондарё сармоя ворид менамояд.

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Сурхондарё Б. Пӯлатов бо роҳбари ширкати «Parsalpine Gmbh»-и Австрия А. Рамзанӣ вохӯрд.
Дар мулоқот оиди захираҳои ғании табиии зеризаминӣ ва рӯйизаминии вилоят, муҳити қулайи инвеститсионӣ ва фароҳам оварда шудани шароит барои васеъ ба роҳ мондани тиҷорати соҳибкорони хориҷӣ маълумот дода шуд. 
Ҳоло ширкати мазкур лоиҳаи истеҳсоли кетчупи сифатнокро дар арзиши 35 миллион доллари ИМА дар ноҳияи Музработ ба амал татбиқ менамояд. Ғайр аз ин, дар вохӯрӣ дар бораи рафти корҳои бунёдкории корхонаи нав ва яхдони бузургҳаҷм, фаъолияти гармхонаи замонавӣ, ки дар як гектар майдон ташкил шудааст, имконияти ускунаҳои яхдони хориҷӣ, ки қувваи нигоҳ доштани 6 000 тонна маҳсулотро доро аст, сухан рафт.
Мувофиқи Меморандуми имзошуда оиди амалӣ гардондани лоиҳаи бузург дар вилоят, масъалаҳои ба амал татбиқ кардани лоиҳаи истеҳсоли маснуоти коғази хушсифат аз оҳак ва маҳсулоти текстил дар арзиши 15 миллион доллар дар ноҳия муҳокима гардида, барои пешомад вазифаҳо муайян шуданд.

Х. МАМАТРАЙИМОВ, мухбири ӮзА.   
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: