ҲИСОБОТИ СЕНАТОРОН ДАР НАЗДИ ҶОМЕА

Бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи оид ба масъалаҳои фан, таълим ва нигаҳдории тандурустии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шашмоҳаи аввали соли равон дар Маркази миллии матбуот анҷумани матбуотӣ доир гардид ва тавре таъкид гашт, ба амал баровардани назорати парлумонии пайдарпай аз болои иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунӣ ва барномаҳои давлатӣ, ки ба такмили рушди фан, нигаҳдории тандурустӣ ва сохтори таълим нигаронида шудаанд, яке аз вазифаҳои асосии Кумита қарор гирифтаанд.

Дар даврае, ки гузашт, дар роҳи дастгирии истеъдодҳои ҷавон, тарбияи авлоди баркамол, густариши имкониятҳои ба таълими сифатнок фарогирии насли ҷавон корҳои муҳим ба амал баромада ва дар заминаи Кумита, Кумитаи ҷавонон, фарҳанг ва масъалаҳои варзишӣ таъсис ёфт.
Дар давраи ҳисобот аз ҷониби Кумитаи оид ба масъалаҳои фан, таълим ва нигаҳдории тандурустӣ дар доираи фаъолияти назоратӣ-таҳлилӣ иҷрои Қонун «Дар бораи таълим» дар вилояти Сирдарё омӯхта шуд. Оиди ҷамъбасти омӯзиш қарори дахлдори кумита қабул гашт. Ин ба беҳсозии сифати ташкили ҷараёни таълим дар дабистонҳои таълими  умумӣ, истифодаи интенсивӣ аз технологияҳои хабарӣ-коммуникатсионӣ, мустаҳкамсозии муҳити иҷтимоию маънавӣ ва таъмини моддию техникии даргоҳҳои таълимӣ, гузаронидани тадбирҳо оиди пешгирии камҳафсалагии кадрҳо хидмат намуд.
Дар давоми омӯзиши иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сифат ва бехавфии маҳсулоти озуқаворӣ» аз ҷониби мақомоти назорати давлатӣ як қатор муаммоҳо аниқ карда шуданд. Маълум шуд ҳуҷҷати қонуние, ки 20 сол қабл аз ин қабул шудааст, ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Оид ба таъмини сифат ва бехавфии маҳсулоти озуқаворӣ дар ҳузури Девони Вазирон зарурати созмон додани Шӯрои ҳамоҳангсоз таъкид ёфт.
Ҳамчунин қайд гашт дар давраи ҳисобот, ба узви кумитаи Сенат 4675 муроҷиат расид. Аз он 953 муроҷиат бевосита аз ҷониби кумита дида баромада шуд. 321 муроҷиат мавриди назорат қарор гирифт, 148 муроҷиат ҳаллу фасли худ ёфт.
***
Ин гуна нишасти матбуотӣ бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Кумитаи оид ба мудофиа ва масъалаҳои амнияти Сенати Олий Маҷлис низ доир гашт. 
Таъкид гардид, ки баррасии қонунҳо оиди соҳаҳои дифоъ ва амният, иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунӣ доири соҳа, таъмини амнияти дохиливу берунӣ, муттасил ба амал баровардани назорати парлумонӣ аз болои рафти ислоҳоте, ки дар соҳаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтори ҳарбӣ амалӣ мегарданд, чун вазифаҳои аввалдараҷаи кумита муайян шудаанд.
Дар нимсолаи аввал аз ҷониби кумита қонунҳо «Дар бораи Хидмати амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва «Дар бораи мубориза алайҳи экстремизм» барои дар маҷлиси умумии Сенат дида баромадан омода карда шуданд. Қонунҳои мазкур ба ҳифзи якпорчагии ҳудудӣ ва сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таъмини бехавфии ҷамъият ва давлат аз экстремизм, нигоҳдории осудагии шаҳрвандон, ҳамҷиҳатии байнимилливу динӣ нигаронида шуданд.
Мувофиқи нақшаи кории кумита иҷрои қонун «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбии умумӣ ва хидмати ҳарбӣ» омӯхта шуд. Оиди ҷамъбасти омӯзиш аз рӯи иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунӣ доири сафарбарӣ ба хидмати захиравӣ, ҳолати омодагии ҷавонон то давраи даъват ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон пурсиши парлумонӣ фиристода шуд.
Бо мақсади васеъ фаҳмонидани мазмуну моҳият ва аҳамияти қонунҳое, ки қабул мешаванд, хабардорсозии шаҳрвандон аз иҷрои барномаҳои давлатӣ тавассути телевизион, радио ва матбуоти даврӣ 860 баромади аъзои Сенат ташкил карда шуд. Дар Сенат ва маҳалҳо 7224 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд. Ба кумита аз шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ 4030-то муроҷиат расид, ки онҳо сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар давоми мулоқот ходимони ВАО ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: