ИСЛОҲОТИ ТАЪЛИМ – ТАҚОЗОИ РӮЗ

Зиёда аз чил сол аст, ки дар соҳаи таълим кор мекунам.

Аз ҷумла аз соли  1999 инҷониб вазифаи раҳбарии шуъбаи таълими халқи ноҳияи Сариосиёро ба зимма дорам.  Дар ин муддати тӯлонӣ шоҳид ва иштирокчии бевоситаи тағйироту дигаргуниҳои  зиёде дар соҳаи таълим будам. Солҳое, ки таълими миёнаи даҳсола  ва баъдтар ёздаҳсола ҷорӣ гардид, директори мактаб, замоне, ки дар сартосари мамлакат мувофиқи дурнамои «9+3»  таълими маҷбурии дувоздаҳсола ба роҳ монда шуду бинобар он ҳар як хонанда бояд нӯҳ сол дар  мактаби таълими миёнаи умумӣ ва боз се соли дигар дар коллеҷи касбу  ҳунар ва ё литсейи академӣ  таҳсил мекард, ба давраи мудирии камина рост омад.  
Чун нафаре, ки умре дар соҳаи таълим кор кардаасту аз пасту баланд, баду  неки ин соҳа хуб хабар дорад, ба хубӣ ҳис мекардам ва медидам, ки ин ислоҳот чӣ қадар мушкилот ва муаммоҳоро пеш овард. Масалан, медидем, ки як нафар писар ва ё духтаре, ки нӯҳ сол дар мактаб хуб таҳсил кардаасту одобу ахлоқи писандида низ дорад, ҳамин ки ба коллеҷ рафт, дар аксари ҳолатҳо гӯё ба инсони дигар  табдил меёбад. Дар ин муассисаи таълимӣ, ки наврасон бояд ҳам маълумоти миёнаи пурра мегирифтанду ҳам дорои ягон касбу ҳунар мешуданд, мутаассифона, аксаран на фақат сатҳу сифати таълиму тарбияашон поин мерафт, балки ҳолатҳои ногувори қонуншиканӣ  ва ҷинояткорӣ низ аз ҷониби  онҳо сол аз сол зиёдтар ба назар мерасид. Мутаассифона, он замон на ин ки  ман, балки ҳатто вазири таълим ҳам имкон надошт, ки дар бораи чунин нуқсону камбудиҳо ҳарфе занад. Сиёсат намебардошт.  
Хушбахтона, Сарвари давлатамон муҳтарам Ш. Мирзиёев аз рӯзҳои аввали кор дар ин вазифа   мушкилоту муаммоҳои  соҳаи таълимро таҳлилу баррасӣ карда, камбудиҳои соҳаро  мавриди танқиди сахт қарор дод. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки таълим бинобар дурнамои  «9+3» дар шароити  мамлакат қобили қабул набудани худро нишон дод. Президент дар натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо бо халқ ва шунидани арзу ниёзи онҳо ба хулосаи  қатъӣ омад, ки аз нав таълими собиқи ёздаҳсола ҷорӣ карда шавад. Дар як муддати кӯтоҳ дар ин бобат корҳои зиёде ба сомон расиданд. Ҳамин  тавр, ҳамаи мо шоҳиди он гардидем, ки аз соли хониши 2017/2018 дар мамлакат синфҳои даҳум ба фаъолият оғоз намуданд ва инак, аз соли таҳсили нави 2018/2019 баъд аз чанд соли таваққуф  шогирдон имкон доранд, чун пештара дар синфи ёздаҳум таҳсил кунанду «номаи камол»  ба даст оваранд. Инро ҳам бояд таъкид  кард, ки баробари шаҳодатномаи хатми мактаби миёна ба хатмкунандагони синфи ёздаҳум диплом оид ба аз худ кардани ин ё он касбу ҳунар низ супурда мешавад. Зеро, тавре маълум аст, тибқи муқаррароти  ҷорӣ хонандагон ҳангоми таҳсил  дар синфҳои даҳу ёздаҳ ҳафтае як рӯз таълими касбӣ низ мегиранд ва имкон доранд, касбу ҳунари дилхоҳашонро аз қабили дуредгарӣ, сартарошӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ, ошпазӣ ва ғайра аз худ намоянд.
Чанде пеш тавассути воситаҳои  ахбор огоҳ шудам, ки Президент Шавкат Мирзиёев бахшида  ба масъалаҳои ислоҳ намудан ва ривоҷ додани сохтори  таълими миёнаи умумӣ маҷлиси махсусе доир намуда, мушкилоту муаммоҳои мавҷудаи соҳаро кушоду равшан иброз дошт ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро нишон дод. Аз ҷумла, бо таассуф таъкид кард, ки ҳарчанд солҳои пеш чандин барномаю дастурҳои давлатӣ оид ба ривоҷ додани соҳаи таълим, таъмиру азнавсозии мактабҳо қабул шуда,  гӯё дар амал татбиқ гардиданд, ҳолати имрӯзаи қариб шаст фоизи мактабҳо дар миқёси кишвар ғайриқаноатбахш аст. Пойгоҳи моддию техникии мактабҳо заиф буда, лабораторияҳо ба ном вуҷуд доранд, технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ кам истифода мешаванд. Ба ҳисоби миёна дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамагӣ 30 фоиз, дар шаҳри Тошканд бошад, камтар аз 10 фоизро ташкил намудани мардони омӯзгор боиси таассуф аст. 
Сарвари давлат бо мақсади ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои дахлдор дод. Аз ҷумла, барои баланд бардоштани мавқею нуфузи омӯзгорон дар ҷомеа, зиёд намудани музди меҳнати онҳо, аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дастгирӣ ва пуштибонӣ кардани кормандони соҳа вазифаҳо муайян гардиданд.
Ҳамаи ин, албатта, аз як ҷониб боиси хурсандӣ ва рӯҳбаландии мо — ходимони соҳаи таълим гардида бошад, аз ҷониби дигар масъулиятамонро дар назди халқу Ватан боз ҳам зиёдтар карданд. Зеро, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳое, ки сарвари давлат дар назди мо гузошт, аз ҳар нафар: аз муаллими оддӣ то раҳбари воломақом масъулияти зиёд, суботу матонатро тақозо менамояд.

Аҳмадҷон  БОБОЕВ,  мудири шуъбаи таълими халқи 
ноҳияи Сариосиё, депутати Шӯрои
депутатҳои халқи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: