БА ИШТИРОКДОРОНИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚИИ «МАСЪАЛАҲОИ РӮЗМАРРАИ ОМӮХТАН ВА ДАР ХОРИҶА ТАРҒИБУ ТАШВИҚ КАРДАНИ АДАБИЁТИ КЛАССИКӢ ВА МУОСИРИ ӮЗБЕК»

Муҳтарам иштирокдорони конфронс!

Дӯстони азиз!
Хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама шумо – меҳмонони муҳтарами моро, ки аз кишварҳои хориҷи дуру наздик барои иштирок ба ин анҷумани адабиёт ба Ӯзбекистон омадаед, аз таҳти дил хайрамақдам мегӯям.
Иштироки шуморо дар ин конфронси сернамояндаи байналхалқӣ мо, пеш аз ҳама, ба сифати зуҳуроти эҳтироми амиқ ва эътибор ба халқи Ӯзбекистон, ба мероси ғановатманди маънавӣ ва адабиёти муосири он мепазирем.
Мо ба фаъолияти неки ҳар кадоми шумо чун ба дӯсти наздики Ӯзбекистон, ки кишвари моро сидқан дӯст медорад, адабиёт ва фарҳанги Ӯзбекистонро хуб медонад ва васеъ тарғибу ташвиқ менамояд, баҳои баланд медиҳем. 
Аз фурсат истифода бурда, барои худ шараф медонам, ки ба шумо барои он ки беғаразона,  истеъдод, дониш ва таҷрибаи худро дареғ надошта, дар кишварҳои худ ва дар арсаи байналхалқӣ нисбат ба адабиёти миллии мо шавқу рағбат зоҳир мекунед, миннатдории бузург изҳор менамоям.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Басо рамзист, ки конфронси бахшида ба чунин мавзӯи муҳиму рӯзмарра дар арафаи Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Истиқлолияти миллӣ, ки ба шарофати иродаи матин ва қатъияти халқи мо бисту ҳафт сол муқаддам ба даст омад, ба мо имкон дод узви комилҳуқуқи оилаи озоди халқҳои ҷаҳон бошем, бо ҷомеаи байналхалқӣ бинобар тамоми самтҳо, аз ҷумла соҳаҳои фарҳангу инсонпарварӣ ҳамкориҳои пурмаҳсулро ба роҳ монем.
Алҳол Ӯзбекистон ба давраи сифатан нави пешрафти худ ворид мегардад. Мо барои худ гузаштан аз эҳёи миллӣ ба шукуфоии миллиро вазифаи муҳимтарину афзалтарин муайян кардем. Мо хуб дарк менамоем, ки муваффақ шудан ба ин ҳадафи олӣ танҳо дар шароити мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо халқҳои ҷаҳон, бунёди ҷомеаи кушоди демократӣ, дар ҳаёти худ беш аз пеш ҷорӣ кардани суннатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ метавон муваффақ шуд.
Аз ин нуқтаи назар омӯхтан ва дар хориҷа тарғибу ташвиқ кардани адабиёти классикӣ ва муосири ӯзбек, таҳлили амиқи ин мавзӯи бисёрҷанба бо дарназардошти ҷараёнҳои муҳиме, ки имрӯз дар соҳати умумиҷаҳонии адабиёт ба вуқӯъ меоянд, ташаккул додани хулосаҳои илмиву амалӣ ва муайян сохтани вазифаҳои дахлдор барои пешомад аҳамияти бузург доранд.
Дар замони кунунии ноорому муташанниҷ худи ҳаёт – беш аз пеш – баланд бардоштани нақш ва масъулияти сухани бадеиро ба мақсади муттаҳид кардани тамоми мардуми некандеш барои якҷоя ҳаллу фасл намудани мушкилоти бағоят мураккаби кунунӣ, паси сар сохтани таҳдид ва хурӯҷҳои ҷаҳонӣ, ки ҳоли ҳозир дар назди инсоният истодаанд, дар пояи ғояҳои олии инсонпарварӣ тарбия кардани ҷавононро, ки анқариб сеяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, тақозо дорад.
Фикр мекунам, шумо дар ҷараёни конфронс доир ба корҳои васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон дар ин самт татбиқ мегарданд, аз ҷумла ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудани вазифаҳои афзалиятнок чун рушди муттасили илм, таълим ва тарбия, маданият, санъат ва адабиёт, дастгирии ҳамаҷонибаи зиёиёни илмӣ ва эҷодӣ дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ, баланд бардоштани маданияти мутолиа дар ҷамъият маълумоти мукаммал мегиред. 
Аз ин хусус сухан ронда, зарур мешуморам эътибори шуморо ба баъзе ҷиҳатҳои муҳим ҷалб намоям.
Мо дар Ӯзбекистон бо назардошти раванди амиқандешидашудаи «Дӯстии адабиётҳо – дӯстии халқҳо» ба тарҷума ва ба забони ӯзбекӣ интишор додани дурдонаҳои адабиёти классикӣ ва муосири ҷаҳон эътибори бузург медиҳем.
Бояд таъкид кард, ки дар мамлакат мактаби нодири эҷодии тарҷумаи бадеӣ ташаккул ёфтааст, бисёр асарҳое, ки дастоварди бемисли маданияти умумиинсонӣ ба шумор рафта, қисми ҷудонопазири олами маънавии китобхонҳои мо гардидаанд, ба забони ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.
Баробари ин, дар Ӯзбекистон бобати ба забонҳои хориҷӣ тарҷума кардан ва дар хориҷа васеъ тарғибу ташвиқ намудани намунаҳои беҳтарини адабиёти классикӣ ва муосири мо, ки рушди муттасили инсон, ҷомеаи одил, озодии шахс, шукуфоии Ватан, сифатҳои зебои инсоният, аз ҷумла саъю кӯшиш ба бунёдкорӣ, меҳру мурувват, кушодадилӣ ва инсонгариро тавсиф менамоянд, корҳои зиёде амалӣ мешаванд.
Ҳамзамон он чиз аҳамияти бузург дорад, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурии мо ғайр аз забони ӯзбекӣ, забонҳои қароқалпоқӣ, русӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ, дар муассисаҳои таълими олӣ филологияи англисӣ, франсавӣ, испанӣ, ҷопонӣ, чинӣ, куриёӣ, арабӣ ба сифати фанҳои махсус омӯзонида мешаванд.
Баробари ин мо бояд дар ин бобат бисёр масъалаҳои муҳиму рӯзмарраро ҳаллу фасл намоем. Чунончи, то ҳол тарҷумаи бисёр асарҳои адабиёти хориҷӣ ба забони мо аз тариқи забонҳои саввум амалӣ мешуд. Ин таҷриба имрӯз ҳам идома дорад. Ғайр аз ин, ба тарҷумонҳои ҷавони мо, бо вуҷуди он ки чун қоида, забони асари мавриди тарҷумаро хуб медонанд, баъзан маҳорати бадеӣ намерасад. Чунин вазъиятро метавон дар соҳаи тарҷумаи адабиёти ӯзбек ба забонҳои дигар низ мушоҳида кард.
Муътақидам, ки конфронси байналхалқӣ бинобар ин мавзӯъ, ки бори аввал бо иштирок ва кӯмаки фаъоли шумо дар Ӯзбекистон гузаронида мешавад, ба баррасии ҳамаҷонибаи ҳамаи ин мушкилоти муҳими эҷодӣ, коркарди тавсияҳои амалӣ бобати истифодаи бештари таҷрибаи байналхалқӣ, технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ, имкониятҳои интернет, созмон додан ва мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстона, ҳамкориҳои байни иттиҳодияҳои эҷодӣ, нашрияҳои адабӣ, ба роҳ мондани мубодилаи тарафайн хидмат хоҳад кард.
Мо ҳамеша саъй менамоем дар ин кори муҳим ба шумо ҳамаҷониба ва пурсамар кӯмак расонем. Аз ҷумла, бо иштироки шумо дар назди Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон таъсис додани Шӯрои дӯстони адабиёти ӯзбек дар хориҷа ва ба роҳ мондани фаъолияти доимии он дар самти мазкур метавонад қадами амалии аввалин гардад.
Дӯстони муҳтарам!
Сад сол муқаддам шоири бузурги ӯзбек Абдулҳамид Сулаймон – Чӯлпон ин шиори оташинро пеш гузошта буд: «То даме, ки адабиёт зинда аст, миллат зинда хоҳад буд!».
Ин суханони хирадмандона, ки аз санҷишҳои ҳаёт ва таърих гузаштаанд, имрӯз ҳам аҳамият ва моҳияти худро гум накардаанд. Воқеан, то даме, ки адабиёт, санъат ва маданиятҳо бақо доранд, миллатҳо, халқҳо, умуман тамоми инсоният пойдор хоҳанд буд.
Ба шумо, дӯстони азиз, ки ҳаёти худро ба чунин кори неку пуршараф бахшидаед, саломатии мустаҳкам, комёбиҳои нави эҷодӣ, бахту саодат, ба кори конфронс бошад, муваффақият орзу мекунам.

Шавкат МИРЗИЁЕВ, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: