САМАРАИ ҲАМҶИҲАТӢ

Деҳаҳои Гулобод ва Чароғони ноҳияи Сариосиё дар шоҳроҳи Тошканд – Душанбе воқеъ буда, се сол қабл аз ин дар ин мавзеъ зиёда аз дусад бинои обод бунёд шуда буд.

Ҳоло дар ин деҳаҳо дар 683 хоҷагӣ беш аз 4762 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Аксарияти аҳолии ин деҳаҳо ба миллати тоҷик мансубанд. Беш аз 83 нафар ба тадбиркорӣ шуғл меварзанд. Дар қатори хонаҳои навсохт нуқтаҳои савдо, хонаи маишӣ, дуконҳои таъмири пойафзор мавҷуд аст.
Аз рӯи дастур дар ин маҳал бозорча барои 30 ҷой, сартарошхона, майдончаи варзиш, нуқтаҳои савдои маишӣ бояд сохта шавад. Бояд қайд кард, ки беш аз 95 бинои истиқоматии ин маҳалла аз ҷониби худи сокинон хушсифат таъмир карда шуд. Ҳоло таъмири биноҳои дигар аз ҷониби аҳолии ин масканҳо бо суръат идома дорад. Ба ғайр аз он, дар ин мавзеъ таъмири 20 хонаи дуқабата, ки се сол пеш сохта шуда буд, аз ҷониби сокинон хушсифат таъмир карда шуд. Беш аз 683 хонадон бо идораи «Тоза ҳудуд», «Сувоқава» ба шартномаи тарафайн имзо гузоштаанд. Мардум бо оби нӯшокӣ пурра таъминанд. Партовҳои маиширо ҳар пагоҳи кормандони «Тоза ҳудуд» гирифта мебаранд. Аз ҷониби идораи корхонаи «Автойӯл» шоҳроҳи ин маскан таъмир карда шудааст. Ҳоло барои 500 нафар аҳолӣ ба таври ҳашар хати оби нӯшокӣ кашида мешавад.
— Аксарият корҳои ободонӣ ва сохтмон, – гуфт дар суҳбат раиси маҳаллаи мавзеъи деҳаҳои Чароғон ва Гулобод  Абулқосим Неъматуллоев, – асосан бо таври ҳашар ба сомон расонида мешаванд. Ба нақша гирифтаем, ки чунин корҳои ободониро то рӯзҳои истиқлолият ба анҷом расонем.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: