АСАРҲОЕ БИОФАРЕМ, КИ ҶАВОБГӮЙИ ДАВРУ ЗАМОН БОШАНД

Агар гӯям, ки нависандагӣ барои банда сарнавишт аст, хато нахоҳам кард.

 Воқеан, ҳаёти падарам ва пайвандонам барои мани нависанда таъсири амиқе гузоштааст.
Борҳо шоҳиди он будам, ки падарам рӯзҳои дароз дар кунҷи хона тани танҳо  нишаста, ҳаёти талху шӯри худу пайвандонашро ба ёд меовард, зери лаб ким-кадом як ғазали ҳузнангезро замзама карда гиря мекард. Баъдтар фаҳмидам, ки аслан ватани бобоии мо деҳаи Боғучорбоғи вилояти Қашқадарё буда, солҳои 1930-юми асри гузашта падарам ва амакҳоямро «шумо муллоед, майнаи мардумро заҳролуд мекунед», гӯён ба минтақаҳои Деҳнав бадарға мекунанд. Қиблагоҳам, ёд дорам, боре нақл карда буданд, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба деҳааш Боғучорбоғ меоянд. Айёми зардолупазӣ будааст. Падарам ба умеди зардолу хӯрдан ба боғи собиқи хеш даромада онро диданӣ мешаванд. Ин вақт касе дод зада, падарамро огоҳ мекунад, ӯ ҳаққе надорад, ки ба боғ бе пурсиш дарояд. Ниҳоят, падарам бо дили шикаста ба Деҳнав бармегарданд. Ҳамин воқеаро борҳо ба ёд оварда, гиря мекарданд, ки наход инсон ҳаққи ба боғи худ даромадан ва хӯрдани меваи онро надошта бошад. Ҳамин қабил воқеаҳои сарнавишти пайвандону қиблагоҳам ба ҷаҳонбинии  банда таъсири амиқ гузошт ва ба даст қалам гирифтанам низ аз ҳамин боис аст. Як замон ба таъсири ин гуна воқеаҳои ғамангез шеъре иншо карда будам бо номи «Ватани пушти ағба».
Баъдтар қиблагоҳам огоҳ гаштанд, ки ман бо навиштан сарукор дорам. Боре бо дарду алам изҳор карданд, ки кай ҳаёти талху шӯри ӯ ва пайвандонашро рӯйи коғаз меоварам.
Ҳамин тариқ бо таъсири қиссаҳои аламангези падар қиссаи «Вақте ки осмон фурӯ рафт» арзи вуҷуд намуд. Асосан дар ин қисса то ҷое тавонистам, кӯшиш кардам, ки ҳаёти пайвандонамро ба риштаи наср кашам. Баъди иншои қисса он тавассути нашриёти «Адиб»-и Тоҷикистон дар шакли китоб чоп гардид. Афсӯс, чопи ин қиссаро падарам надиданд. Пас аз чопи қисса банда аз ҳаводорони каломи бадеъ номаҳои зиёд гирифтам. Ба ҳамин мазмун даҳҳо новелла, ҳикоя ва қисса навиштам. Ва ҳоло ҳеҷ гумон намекунам, ки умрам ба ҳафтод расида бошад.
Ду моҳ қабл аз ин мудири шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон М.Алламуродов ба ман занг зада гуфт, ки ба шаҳри Тирмиз оям, ҳоким қабул мекардааст. Маро ҳокими собиқи вилоят қабул кард. 
Банда бо ҳоким чанде суҳбат кардам. Суҳбати мо хеле самимӣ сурат гирифт. Дар рафти суҳбат ӯ дар бораи муаммоҳои кори банда пурсон шуда, дар навбати худ барои чопи қиссаи «Соясини  эркалаётган аёл» 7 миллион сӯм маблағ пайдо кард. Ҳамон шабу рӯз ман барои таҷлили 70-солагиам омодагӣ мегирифтам. Дар ин бора ӯро огоҳ сохтам. Эркин Турдимов дар назди ман ба ҳокими ноҳияи Деҳнав Қ.Қосимов занг зада гуфт, ки таҷлили зодрӯзи нависандаро ботантана ва сарҷамъона гузаронед. Ҳамин тариқ, бо кӯмаки бевоситаи ҳокимияти ноҳия ин чорабинии хотирмон ба вуқӯъ пайваст. Барои 100 нафар меҳмон дар тарабхонаи «Осиё» аз ҷониби ҳокимияти ноҳия зиёфат ташкил карда шуд.
Чуноне ки ҳамагон тибқи расонаҳои ахбори оммавӣ огоҳӣ доранд, 3 августи соли гузашта Президент Шавкат Мирзиёев аҳли эҷодро қабул карда, бо онҳо суҳбати самимӣ доир намуда буд. Сарвари давлатамон дар баробари шунидани муаммоҳои эҷодкорон, ба онҳо ба сифати роҳбари давлат як қатор маслиҳатҳои  муфид дод. Таъкид намуд, нависандагон бояд асарҳое биофаранд, ки аз дарди халқи оддӣ маншаъ гирад. Пас аз вохӯрии роҳбари давлатамон Хонаи эҷодии Дӯрмон пурра таъмир гардид. Дар Боғи миллии пойтахт Хиёбони адибон ва бинои нави Иттиҳоди нависандагон бунёд шуд.
Чанде пеш гузорам ба ин шаҳри азим афтоду ин ғамхориҳоро дида, ба ҳаққи роҳбари давлатамон дуо кардам. Чунин маҷмуъҳои бошукӯҳ дар вилоятҳои Намангон, Андиҷон ва Фарғона низ қад рост кардаанд, ки онро кас дида, аз хидматҳои бебаҳои Президент сипосгузор мешавад.
Дар охир ҳаминро гуфтаниям, ки мо аҳли қалам бояд дар ҷавоби чунин ғамхориҳо асарҳое эҷод кунем, ки ҷавобгӯйи давру замон бошанд.

Чоршанбеи ДЕҲНАВӢ,
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: