ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ САЙЁҲОНИ ҶОПОНӢ ХАТСАЙРИ ХУБ АСТ

Дар мавсими пуравҷи сайёҳӣ бисёр расонаҳои ахбори Ҷопон, бо мақсади дарёфти хонандагони худ ва кӯмакрасонӣ ба онҳо дар интихоби хатсайрҳои рағбатноку қулай ба имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон эътибор медиҳанд.

«Ӯзбекистон дурдонаи Шарқ аст, – менависад хабарнигори рӯзномаи Komei Shimbun-и Ҷопон Нобуа Сугияма. – Ин кишвар барои бисёриҳо чун мамлакати дорои таърихи амиқ ва Шоҳроҳи абрешим шинохта шудааст».
Хатсайрҳои тиҷоратӣ аз тариқи шаҳрҳои Ӯзбекистон гузашта, ба табодули фарҳангиву тиҷоратӣ, аз ҷумла, ба пешрафти минтақа мусоидат кардаанд. Дар мақола қайд мегардад, ки аксар ёдгориҳои таърихӣ ва осори меъмории ҷумҳурӣ маҳз ба даврони Роҳи абрешим тааллуқ доранд. Вале дар ҳудуди мамлакат бисёр ёдгориҳои буддоӣ низ маҳфузанд.
Н.Сугияма аксар сайёҳони ҷопониро бо Ӯзбекистон ошно карда, дар бораи иқлим, урфу одат ва анъанаҳои мардуми Ӯзбекистон, ки бо онҳо дар ҷараёни саёҳати матбуотиаш моҳи майи соли равон дар сар то сари кишвари мо шинос шудааст, ҳикоя мекунад.
– «Мо дар тӯли шаш рӯз Тошканд, Тирмиз, Нуқус, Мӯйноқ, Урганҷ, Хева, Бухоро ва Самарқандро саёҳат кардем. Барномаи сафари мо хеле  ғанӣ буд, – менависад муаллиф. – Дар шаҳрҳои Хева, Бухоро ва Самарқанд ёдгориҳои зиёди таърихӣ ҳастанд, ки ба асрҳои миёна тааллуқ доранд. Ҳангоме ки дар кӯчаи шаҳрҳои мазкур саёҳат мекунед, худро беихтиёр дар даврони гузашта эҳсос менамоед».
Журналист дар бораи кушодадилии мардуми Ӯзбекистон низ навиштааст: «Дар ҳама ҷо, дар ҳар куҷое, ки мо будем, бисёриҳо ба наздамон омада, бо мо бо забони ҷопонӣ салому алейк мекарданд. «Конничева» (Ассалому алайкум), мегуфтанд онҳо, ин барои мо бағоят хушоянд буд, ки дар сарзамини Ӯзбекистон ба ҷопониҳо бо чунин самимият муносибат мекунанд».
Рӯзномаи дигар – Tokyo Shimbun дар ин рӯзҳо мақолаи журналист Сеиджи Хараро чоп кард, ки низ дар бораи таассуроташ аз сафар ба Ӯзбекистон нақл намудааст.
Барои онҳое, ки ҳанӯз намедонанд, журналисти ҷопонӣ хабар медиҳад, ки аз моҳи феврали соли 2018-ум ба сайёҳони Ҷопон ва боз 6  кишвари дигар барои сафар ба ҷумҳурӣ режими бидуни раводид ҷорӣ гардидааст.
С.Хара ба нуқтаи гузаргоҳии сарҳадҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шуд, дар ин ҷо он санад эътибори ӯро ҷалб намуд, ки муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳои ҳамсоя боз беҳтару амиқтар мешаванд. «Чеҳраи одамоне, ки сарҳадро убур мекунанд, аз табассум медурахшад – онҳо имкон пайдо карданд, ки хешовандон ва дӯстони наздики худро, ки дар ҳудуди сарҳадҳо зисту зиндагӣ доранд, оромона ва бемамониат зиёрат кунанд. Намояндаи маҳаллӣ иброз дошт: «Дар ин ҷо хеле осуда аст», – менависад журналисти ҷопонӣ. – Вай дар ҷараёни сафари худ имкон дошт Шаҳрисабз, ватани Амир Темурро бубинад. Муаллиф  зиёратгоҳҳои ин шаҳри куҳанро, ки муҳташамтарини онҳо, бешубҳа, пайкараи Соҳибқирон, қасри ӯ, ҳамчунин мақбараи писари бузургаш – Ҷаҳонгир ба шумор мераванд, бо ваҷд тавсиф менамояд.
Дар мақола аз хусуси шаҳракҳои буддоӣ, ки дар Тирмиз боқӣ мондаанд, ҳикоя карда мешавад. Яке аз онҳо Файёзтеппа мебошад, ки ба асрҳои I-III-и милодӣ тааллуқ дорад. Алҳол вай тармим шудааст ва дар доираи лоиҳае, ки ЮНЕСКО ва Бунёди Ҷопон татбиқ мекунанд, нигаҳдорӣ мешавад.    
С.Хара чун ҳамкораш аз рӯзномаи Komei Shimbun муътақид аст, ки дар Ӯзбекистон мардуми кушодадил ва меҳмоннавоз зисту зиндагӣ доранд.

ОИ «Дунё»,
ТОКИО.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: