ДӮСТИИ АДАБӢ – ДӮСТИИ АБАДӢ

Бобати дар ҷаҳон тарғибу ташвиқ намудани маданияти ғанӣ, маънавияти воло, таърихи кӯҳан ва нотакрорамон нақши адабиёт беназир аст. Бо намояндагони барҷастаи санъати сухани миллиамон барҳақ ифтихор менамоем. Дар айни ҳол ба миқёси ҷаҳон баровардани намунаҳои беҳтарини адабиёти ӯзбек, тадқиқотҳои рӯзмарра бурдан дар ин самт аҳамияти муҳим касб менамояд.

Бобати дар ҷаҳон тарғибу ташвиқ намудани маданияти ғанӣ, маънавияти воло, таърихи кӯҳан ва нотакрорамон нақши адабиёт беназир аст. Бо намояндагони барҷастаи санъати сухани миллиамон барҳақ ифтихор менамоем. Дар айни ҳол ба миқёси ҷаҳон баровардани намунаҳои беҳтарини адабиёти ӯзбек, тадқиқотҳои рӯзмарра бурдан дар ин самт аҳамияти муҳим касб менамояд. 
Конфронси байналхалқии илмиву амалӣ таҳти мавзӯи «Масъалаҳои рӯзмарраи омӯхтан ва дар хориҷа тарғибу ташвиқ кардани адабиёти классикӣ ва муосири ӯзбек», ки дар пойтахт ташкил шуд, бо он сазовори эътибор гардид, ки ба таъмин кардани рушди адабиёти миллӣ, баланд бардоштани обрӯву эътибори он дар майдони байналхалқӣ, мустаҳкам кардани рабобити адабӣ бо халқҳои ҷаҳон нигаронда шудааст. 
Ба анҷумани мазкур, ки якҷоя бо Иттиҳоди нависандагон, Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёт ӯзбеки ба номи Алишер Навоии Тошканд, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Академияи фанҳои Ӯзбекистон ва ташкилотҳои дигари ҳамкор ташкил шудааст, аз кишварамон ва 25 давлати ҷаҳон адибу шоирон, тарҷумонҳо, олимони адабиётшинос, мунаққидон, эҷодкорони ҷавон даъват шуданд. 
Иштирокдорони конфронс аввал дар Хиёбони адибон ва Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон шуда, бо миқёси саъю кӯшишҳои неке, ки дар мамлакатамон ба адабиёти миллӣ нигаронда шудааст, кори ташкилоти эҷодии мазкур, ки фаъолияташро ҳоло ҳамоҳанг бо рӯҳи замон ба роҳ мондааст, ошно гардиданд. Иштирокдорон ба пойи ҳайкали Ҳазрати Навоӣ, ки дар майдони шафати Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоии Тошканд гузошта шудааст, гулҳо гузоштанд.
Конфронси байналхалқӣ низ дар ҳамин донишгоҳ кори худро оғоз кард.
Муборакбодии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба  иштирокдорони конфронси байналхалқӣ Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н. Йӯлдошев хонд.
Аз азал меҳри халқамон ба адабиёт баланд аст. Дар тӯли солҳои истиқлол адабиёти миллиамон ривоҷ ёфт, ба зинаи нави рушд баромад.
Раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон С. Саййид, роҳбари ваколатхонаи ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон Д. Бадарч, ноиб-президенти Академияи фанҳои Ӯзбекистон Б. Абдуҳалимов, раиси Иттиҳоди нависандагони Озарбойҷон, адиби барҷаста Анор, раиси Иттиҳоди нависандагони Қазоқистон У. Есдавлат, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Н. Қосим, ректори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоии Тошканд Ш. Сироҷиддинов ва дигарон таъкид намуданд, ки дар васеъ гардондани мулоқоти самимӣ, дӯстии байни халқҳо, миллатҳо, баланд бардоштани маънавият нақши адабиёт беназир аст.
Дар ҳақиқат, дар кишварамон ба рушди адабиёт ба сифати воситаи муҳими баланд бардоштани манавияти миллиамон эътибор дода мешавад. 3 августи соли 2017 дар вохӯрии Президент Шавкат Мирзиёев бо эҷодкорони зиёии кишварамон вазифаҳои муҳими зиёиёни эҷодкорро, ки қалби инсон, дарду ташвишҳои он, саъю кӯшиш, эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва садоқатро бо сухани нотакрор, оҳанги бадеии тасирбахш тараннум намуданро маънову мазмуни ҳаёти худ медонанд, муайян намуда буд.
Дар анҷумани сермазмун ва калон, ки дар кишварамон бори аввал гузаронда мешавад, таъкид гардид, ки дар миқёси ҷаҳон фикр иваз намудани аҳли адаб, ба якдигар наздик гардидани тафаккури адабиву эстетикии халқҳои гуногун зарурати ҳаётист. Ба мақсади аз ҷониби Иттиҳоди нависандагон ба забонҳои хориҷӣ тарҷума кардани асарҳои бадеӣ бобати муайян намудани намунаҳои беҳтарини адабиёти миллиамон пайваста корҳо пеш бурда мешаванд. Дар айни ҳол аз аслият тарҷума кардани намунаҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳон, дар ин бобат вусъат додани маҳорати эҷодӣ ва малакаи тарҷумонҳои ҷавон масъалаи рӯзмарра аст. 
– Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ирсол карда шудани табрик ба иштирокдорони конфронс аз он дарак медиҳад, ки дар мамлакататон ба рушди адабиёти миллӣ дар миқёси давлатӣ эътибор дода мешавад, – гуфт профессори Донишгоҳи омӯзгории Теҳрон, олими навоишинос Ҳусайн Муҳаммадзода Сидиғ. – Доир ба асарҳои «Муҳокамат ул-луғатайн», «Мезон ул-авзон»-и Навоӣ рисолаҳо навиштаам. Суханҳои хикматомез, мактубҳои симои бузургро ҷамъ оварда, ба забони форсӣ тарҷума кардам. Луғати асарҳои Навоиро офаридам. Конфронси мазкур ба майдони мулоқоти эҷодии ба худ хоси аҳли адаб табдил ёфт.  
– Анҷуман  бо рӯҳбаландӣ мегузарад, – мегӯяд раиси Ассотсиатсияи нависандагони штати Панҷоби Ҳиндустон Дев Раҷ Бхардваҷ. – Ҳиссиёташонро пуртуғён, беғубор ва соф ифода намудани муаллифони адабиёти ӯзбек хонандаро мутаассир мегардонад. Эҷоди беназири намояндаи пешқадами адабиёти миллиатон Бобур ба адабиёти ҳинд низ таъсири худро расондааст.
– Конфронс дар рӯҳи шавқовари эҷодӣ мегузарад, – мегӯяд аспиранти донишгоҳи Мичигани ИМА Кристофер Форт. – Амин шудем, ки Президент Шавкат Мирзиёев ба адабиёт, эҷодкорон эътибори алоҳида медодааст. Романи «Шаб ва рӯз»-и Чӯлпонро ба забони англисӣ тарҷума кардам. Дар айни ҳол низ бобати тарҷумаи баъзе асарҳои ӯзбек кор мебарам. Ба фикри ман, хусусияти ба худ хоси адабиёти ӯзбек дар ба он ҳамоҳанг гардидани маданиятҳои гуногун намоён мегардад.
– Анҷумани мазкур аз он ҷиҳат аҳамиятнок аст, ки он имкони муфассал мубодилаи афкор намуданро бо олимоне, ки дар самтҳои гуногуни адабиёти ӯзбек тадқиқот пеш мебаранд, нависандагону шоирони ӯзбек фароҳам овард, – мегӯяд профессори Донишгоҳи забонҳои хориҷии Токио Хисао Коматсу. – Асарҳои Абдурауф Фитрат, Маҳмудхӯҷа Беҳбудиро ба забони ҷопонӣ тарҷума мекунам. Ин бошад, ба васеъ таҳлил намудан ва омӯхтани моҳияти муҳити иҷтимоиву сиёсӣ, адабиву мадании аввали асри гузашта, ҳаракати ҷадидӣ даъват менамояд. Эътибори бузурге, ки дар кишваратон ба рушди адабиёти миллӣ дода мешавад, аз дар савияи баланд, рӯҳи ҷиддӣ ташкил гардидани конфронси мазкур равшан намоён мегардад.
Дар анҷуман видеоролике, ки саъю ҳаракатҳои неки рушди адабиёти миллиро инъикос менамояд, намоиш дода шуд. Иштирокдорон ба шуъбаҳо тақсим шуда, масъалаҳои таҷрибаҳои пешқадами байналхалқиро бобати омӯхтан ва тарғиб намудани адабиёти классикӣ ва муосири ӯзбек, ба забонҳои дигар тарҷума кардани онҳо, тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ, пурзӯр гардондани равобити байналхалқии эҷодӣ муфассал мавриди муҳокима қарор доданд. 
Мавзеъҳои сазовори диққат, китобхона ва музейҳо, қадамҷойҳои таърихӣ дар иштирокдорони чорабинӣ таассуроти калон гузошт. Вохӯриву мулоқотҳои гуногуни эҷодӣ, намоиши китобҳо, мушоираҳо ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид. 
Дар кори конфронси байналхалқӣ Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х. Султонов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Абдуҳакимов иштирок карданд.

Н. УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: