САМОЛЁТИ «SOMON AIR» ДАР БУХОРО

Самолёти «Boeing-737-300»-и Ширкати миллии авиатсионии «Somon Air»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аэропорти байналхалқии Бухоро рейси техникиву шиносоиро амалӣ намуд.

Меҳмонони ба ин  муносибат омадаро мутасаддиёни ҳокимияти шаҳри Бухоро, намояндагони ҷомеа тантананок пешвоз гирифтанд.
Дар байни мусофирон гурӯҳи кормандони масъули ширкати миллии авиатсионии мамлакати ҳамсоя таҳти сарварии муовини аввали директори он Суҳроб Ҷӯраев, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва намояндагони ВАО-и Тоҷикистон буданд.
Дар тӯли солҳои охир дар мамлакатамон ба мустаҳкам кардани муносибат бо давлатҳои ҳамсоя эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар натиҷа дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, маданӣ, сайёҳӣ ва ғайра ҳамкориҳо фаъол ривоҷ меёбанд. Ин дар беҳтар гардидани муносибат бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифода меёбад.
– Байни мамлакатҳоямон ҷорӣ карда шудани тартиби 30-рӯзаи бераводид дар ҳақиқат воқеаи фараҳбахш гардид,– мегӯяд яке аз меҳмонон Мадина Ваидова.– Ба туфайли аз байн бардошта шудани расмиятбозии зиёдатӣ шаҳрвандонамон бе ягон хел мамониат меҳмони якдигар шуда, дар тӯю маросимҳои якдигар иштирок мекунанд. Дар Тоҷикистон сафи онҳое, ки ба мамлакати шумо, хусусан Бухоро ташриф оварда, бо ёдгориҳои қадимӣ ва қадамҷоҳо шинос шудан мехоҳанд, зиёд мебошанд. Дар ин бобат дар рӯзҳои наздик пешбинӣ шудани парвози самолётҳо байни Душанбе ва Бухоро айни муддао мегардад.
Меҳмонон бо ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва ҷойҳои ҷолиби диққати Бухоро шинос шуданд. Фароҳам оварда шудани қулайиҳо дар аэропорти байналхалқии Бухоро, хидматрасонӣ ба киштиҳои ҳавоӣ дар ҳавонавардони тоҷик таассуроти бузург гузошт.
Рейси шиносоии самолёти мусофиркашонии ширкати авиатсионии хориҷӣ бомуваффақият гузашт. Онро ташрифномаи парвозҳои мунтазаме, ки ба назар гирифта шудаанд, гуфтан мумкин.

Э.ЁДГОРОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: