Афзалшоҳ ШОДИЕВ: «САНЪАТ САРҲАД НАДОРАД...»

Суҳбати мо бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, маҳбуби дилу дидаҳои шефтагони санъати мусиқии волои Шарқ Ҳоҷӣ Афзалшоҳ Шодиев дар рӯзҳои «Форуми тиҷоратии соҳибкорони вилояти Самарқанд ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Самарқанд хеле тӯлонӣ буд.

Ҳоло мухтасари муҳовараро пешкаши шумо – хонандагони арҷманд мегардонем:
– Аввало хуш омадед, нури дида, тоҷи сар мегӯем...
– Ташаккур, бародар! Рости гап, расо 21 сол пазмони Самарқанд ва дидори дӯстон будам. Инак, бо хости Худо ва албатта ба шарофати сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон на танҳо  сарҳадҳо кушода шуданд, инчунин дари дилу дидаҳо ба рӯйи якдигар боз гардид. Ман ҳангоми ба майдони Регистон омадан заминашро тавоф кардам, бӯсидам ва беихтиёр ашки шодӣ рехтам. 
– Дидори дӯстон чӣ нақш гузошт?
– Чунин лаҳзаҳои фараҳбахшро маънидод кардан душвор аст. Меҳрубониҳои Ҳасанҷон Нуриллоев, Ҷумъа  Ҳамроҳ, Мансурҷон Норов, Озод Ҳамидзода, Эркин Мавлонӣ, бародархондам Санъатако ва дигарон хеле хотирнишин буд. Ва ин шоҳбайти устод Мирзо Турсунзода ба ёдам омад:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум 
рӯзи сахт.
– Афзалшоҳи азиз, дар зодгоҳи Рӯдакӣ, Туғрал, Лоиқ барин абармардон ба саҳнаи зиндагӣ омадани Шумо ва аз он саҳна ба саҳнаи санъату дилҳо гузаштанатон амри тасодуф нест. Пайраҳаҳои пушти сар гузаштаатон барои хонандагон шавқангез аст...
– Роҳи банда ба олами зебои санъат  ҳангоми таҳсил дар мактаби зодгоҳам  деҳаи Панҷрӯд оғоз ёфта буд. Дар даҳсолагӣ захма ба тор задаву тақлид ба бузургон карда, суруд хондам. Аввалин устодам дар ҷодаи ҳунар Аслиддин Мастонованд. Соли 1973 дар шаҳри Панҷакент,  пас аз як сол дар пойтахти Тоҷикистон дар озмуни сарояндагони ҷавони ҷумҳурӣ ҷойи аввал насибам гашт. Дар қувваозмоии «Бӯстон» чандин маротиба гулборон карданд. Лекин комёбиву қадршиносӣ ба осонӣ даст надодааст. Танҳо заҳмати бисёру сангин, худафрӯзиву худфидоӣ, шабҳои бедорӣ ва заҳмату талоши бепоён назди  мухлисони санъат азизу мӯътабар намуд. Сипосгузорам аз устодони меҳрубону сахтгир Барно  Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Нериё Аминов ва албатта ҳофизи мардумӣ, устод Ҷӯрабек Муродов. Дар хотир дорам, соли 1983 камина баъди хатми Донишгоҳи ҳунарҳои зебо ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба гурӯҳи эҷодии «Зарафшон» ба кор омадам. Ҳамкорӣ аз ҳамон айём оғоз ёфт. Бояд таъкид намуд, ки устод Ҷӯрабек Муродов   санъаткори заҳматкашу навовар буда, соҳиби фазилатҳои неки инсониянд. Мо ҳамроҳ дар бисёр гӯшаву канори дунё ҳунарнамоӣ кардаем. 
– Назари шумо ба санъаткорони имрӯз...
– Имрӯз мухлиси нуктасанҷ аз ҳар як ҳунарпеша сабку услуби хеш ва суруду таронаҳои тару тозаро талаб мекунад. Чӣ ҷойи руст кардан аст, баъзе санъаткорони тақлидкор ба қавле «Чӣ мехонӣ, порсола» рафтор мекунанду худ намефаҳманд, ки номаълум аз саҳна дур шудаанд. Ба маълумоти шумо расондан мехоҳам, ки ҳофизи мумтози мо устод Ҷӯрабек Муродов ҳар сол 20-30 суруди тоза эҷод мекунанд ва шумораи он аз ҳазор адад гузаштааст.
– «Турфа шогирде, ки ба ҳайрат оварад устодро» гуфтаанд. Шумо дӯсти гиромӣ, Афзалшоҳ, дар консерти мутантани ходимони  фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки дар маҷмӯъи давлатии «Кохи Борбад» баргузор шуд, бо суруди тозаи худэҷод табъи ҳозиронро болида сохтед.
– Нахустин сафари муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон   дар муносибатҳои мутақобилаи дӯстонаи ду халқи дорои расму оин, тарзи зиндагӣ, ақоиди динӣ ва санъати умумӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, беш аз 40 миллион халқи ду кишварро боз наздик кард. Таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ба имзо расидани Аҳднома оғози марҳилаи сифатан нави муносибатҳои мутақобилаи мо аст, ки барои рушди минбаъдаи ду кишвар заминаи устувор гузошт. Ба шарофати сиёсати башардӯстона ва дурбинонаи муҳтарам Шавкат Миромонович аз нӯҳ гузаргоҳи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аллакай қариб миллион нафар сарҳадро убур карда, ба дидор расиданд. Ана ҳамин навид ба камина илҳом бахшид ва бахшида ба дӯстии абадии ду кишвари бародару ҳамсоя ба шеъри Ниҳонӣ оҳанг баста иҷро намудам. Ҳамон суруд  дар Кохи санъати Самарқанд ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ танинандоз гашт.
– Беш аз 40 сол аст, ки шумо сурудҳои дилангез иҷро мекунед ва мухлисон як ҷаҳон лаззат мегиранд.
– Ҳар як ҳофиз бояд дар интихоби шеъру суруди пурмаънои ранг ба ранг ва хушсадо аҳамият диҳад. Оҳанг барои суруд пироҳан аст, ки онро зеботар мегардонад. Мо, санъаткорон бо бастакорон низ риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дорем, ки барои пайдо кардани оҳанги марғуб аҳамияти калон  дорад. Шахсан ман бештар ба шеърҳои пайғамбарони назми тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҷалолиддини Румӣ, Нақибхон Туғрал оҳанг баста, суруд мехонам. Аз шоирони муосир ба ашъори Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода  ва бештар Лоиқ Шералӣ рӯй овардаам. Воқеан, ба шеърҳои Лоиқ Шералӣ, ки шодравон падари маънавии ман, ҳамдеҳаи ман аст, як силсила  суруд эҷод кардаам, ки бо завқу илҳом месароям. 
– Афзалшоҳ, агар санъаткор намешудед, кадом касбро интихоб менамудед?
– Муаллими адабиётамон, бародари  Лоиқ Шералӣ акои Шариф  орзу доштанд, ки ман ҳатман бо роҳи  он кас хоҳам рафт. Лекин меҳри ҳофизӣ баланд будааст, ки ба ҳоли қудрат ба мардуми санъатдӯст хидмат мекунам. 
– Хабар доред, ки Шумо ба ғайр аз  иҷрогари сурудҳои классикӣ ва муосир директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳастед?
– Шаш сол қабл аз ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, ҷаноби олӣ , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди худ хонда, супориш доданд, ки  ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон низ роҳбарӣ намоям. Ин вазифаи  пурмасъул маблағи зиёд, мутахассис, асбобу ускуна талаб кард. Шукри Худо, ки ҳама кор иҷро шуд. Ҳоло баъди таъмиру тармим Филармония ба маскани ҳунаромӯзӣ ва сайқали истеъдоди санъаткорон табдил ёфтааст.
– Оё фарзандон аз паси падар рафтанд?
– Мутаассифона не. Ман панҷ нафар фарзанд ва панҷ нафар набера дорам. Писарам Ҷовидон варзишгар аст. Чанде пеш дар қитъаи Амрико аз рӯйи намуди варзиши «Ҷанги бе қоида» чемпиони ҷаҳон шуд ва парчами Тоҷикистонро баланд бардошт. Акнун умед аз набераҳо. Мағзи донакҳоям: Достону Сулаймон гоҳ-гоҳ ба таври худ суруд мехонанд.
– Дар Самарқанд, саҳеҳтараш гузару деҳаҳои  тоҷикнишини он аксарият навзодонро Афзалшоҳ ва духтараконро Фарзона номгузорӣ мекунанд.
– Илоҳо, онҳо ба камол расанд. Номбардори миллату забон шаванд ва камина дар рӯзҳои  хурсандии онҳо хидмат кунам.
– Самарқанд баъди бист сол чӣ гуна таассурот гузошт?
– Шаҳр куллан тағйир ёфтааст. Кӯчаҳо васеъ, биноҳо зебо, замонавӣ, равшан, гулгашту хиёбонҳо дилнишин. Ба гуфти тоҷикон ба ободонӣ гап нест.
– Нақшаҳои ояндаи шумо?
– Ҳоло даъватнома аз Италия, Япония, Белгия омад.
– Аз Ӯзбекистон чӣ?
– Ман фарзанди Самарқанд. Дар синни ҳафтсолагӣ бобоям Раҳмони Усмон аз шафати Регистон – маҳаллаи Бӯстони Хон ҳавлӣ харида омада буданд. Бачагиам дар маркази Самарқанд гузаштааст. Пас, барои ман даъватнома лозим нест. Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков дар Душанбе сурудҳои тоҷикӣ ёд гирифт. Нақша дорем, ки ҳар ду дар Самарқанду Бухоро ва Тошканд баромад кунем.
– Ва ниҳоят таманноҳои Шумо ба ду халқи бародар?
– Тоҷикон ва ӯзбекон  ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш ба харҷ медоданд ва ин иқдоми нек бо ташаббуси сарони ду давлат – Ӯзбекистону Тоҷикистон аз нав мустаҳкам шуд. Ба фазои мусаффои дӯстиву самимияти мо чашми бад нарасад. 

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: