«ҲАФТ ПИР» ЗЕБОТАР МЕШАВАД

Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат чун дигар ёдгориҳои зиёди кишвар зиёратгоҳҳои «Ҳафт пир»-и комил дар вилояти Бухоро Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, Хоҷа Орифи Моҳитобон ар-Ревгарӣ, Хоҷа Маҳмуди Анҷири Фағнавӣ, Хоҷаи Азизон — Хоҷа Алии Рометанӣ, Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ, Хоҷа Амир Саид Мирикулол, Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд низ умри дубора дида, обод мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафараш ба Бухоро 16 феврали соли ҷорӣ бобати боз ҳам ободу зеботар кардани ин зиёратгоҳҳо супориш дода буд. Алҳол корҳо баҳри амалӣ гардондани ин супоришот вусъат меёбад.
Навиштаи мо низ аз ҳамин хусус аст.

ДАР ЗИЁРАТГОҲИ ХОҶА ОРИФИ МОҲИТОБОН
Яке аз «Ҳафт пир»-и олами ислом, муаллифи асари «Орифнома» Хоҷа Муҳаммад Орифи Ревгарӣ Моҳитобон, ки халифаи чоруми Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ аст, барои дар осмони тариқат, маърифат ва ҳақиқат ситораи тобон гардидани Баҳоуддини Нақшбанд саҳми арзанда гузоштааст.
Хоҷа Ориф дар деҳаи Ревгар таваллуд шуда, бештар аз сад сол умр дидааст. Рӯзгори ибратбахши ӯ асосан дар зодгоҳаш гузашта, соли 1259 вафот кардааст.
Масҷиди ҷомеъ, ки ҳоло бо номҳои Хоҷа Муҳаммад Орифи Ревгарӣ  Моҳитобон машҳур аст, дар замони зиндагии ин пири комил сохта шуда, дар ҷойи масҷиди ҷомеи имрӯза бошад, хонаҳои бузург ва дар самти шимолии он манораи иборат аз чил зина барои азонгӯии муаззин воқеъ гаштааст.
Дар зиёратгоҳ қабри он ҳазрат бо чӯбу тахта иҳота гардида, болои он рустании ҳамешасабз бо хори сафед вуҷуд доштааст. Дар ҷониби қиблаи зиёратгоҳ чиллахонаҳо, дар шафати он айвони дароз ва боғи дарахтони мевадор будааст. Зоирон аз ин меваҳо бархурдор мешудаанд. Дар пеши айвон ҳавзе бо оби ошомиданӣ ҷой доштааст. Айвони сетарафаи зиёратгоҳи ҳозира қадимӣ буда, онро амири охирини Бухоро Саид Олимхон соли 1910 таъмир кардааст.
Масҷиди ҷомеи нави зиёратгоҳ баъди истиқлолияти мамлакат соли 1997 бунёд гардид. Мегӯянд, ки дар сохтмони он яке аз фарзандони асили Шофиркон (зодаи деҳаи Талисафед), Вазири сохтмони деҳоти ҳамонвақтаи Ӯзбекистон Назир Раҷабов, ҳокимияту ташкилоти зиёд саҳми арзанда гузоштаанд.
Масҷиди ҷомеи Хоҷа Орифи Моҳитобон 10 августи соли 1998 ба қайд гирифта шуда, ҳамчун ташкилоти динӣ мақом пайдо кардааст. Дар ин давра дар зиёратгоҳ «Боғи Моҳитобон» бунёд гардида, таҳоратхонаи нави замонавӣ, бинои маъмурӣ сохта шуд. Масҷид бо ҷиҳозҳои нав, гилемҳои намозхонӣ, дастгоҳҳои гармкунӣ таъмин гардида, барои зиёраткунандагону намозхонон шароити хуб фароҳам оварда шуд.
Солҳои охир бобати ободгардонӣ ва рушди сайёҳӣ дар Бухоро ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ қабул шуданд. Баробари ин, тавре ки маълум аст, Президент Ш. Мирзиёев 16-17 феврали соли ҷорӣ ба вилояти Бухоро ташриф оварда, барои боз ҳам ободтар гардондани зиёратгоҳҳои «Ҳафт пир» супоришҳо дод. Бояд таъкид намуд, ки зиёратгоҳи Хоҷа Орифи Моҳитобон дар маркази ноҳияи Шофиркон воқеъ гардидааст. Аз ин рӯ, дар ин ҷо низ корҳои зиёди бунёдкорӣ сурат мегиранд. Ба қарибӣ мо ба зиёратгоҳ омада, бо ҷараёни корҳои сохтмон аз наздик шинос шудем. Маълум гардид, ки мувофиқи фармоиши махсуси ҳокими ноҳия дар ин ҷо штаби ба танзимдарории корҳо созмон ёфта, прокурори ноҳия роҳбари он таъин гардидааст.
Мо дар зиёратгоҳ бо узви ситод, раиси шуъбаи ноҳиявии Бунёди «Нуроний» Ботур Олимов рӯбарӯ шудем. Вай аз мақсадамон огоҳ шуда, моро бо нақшаю амалиётҳо шинос кард.
– Мувофиқи супориши сарвари давлат барои ободтар кардани зиёратгоҳҳои «Ҳафт пир» корҳои зиёд ба сомон мерасанд. Аз ҷумла, мувофиқи лоиҳа-ҳуҷҷатҳои азнавсозии зиёратгоҳи Хоҷа Орифи Моҳитобон ҷараёни корҳо вусъат меёбанд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳудуди зиёратгоҳ 4,5 гектар майдонро дар бар гирифтааст ва дар ин ҷо иншооти зиёд  сохта мешаванд.
– Барои татбиқ шудани ин лоиҳа чӣ қадар маблағ лозим аст?
– Даҳ миллиард сӯм.
– То ҳол чӣ қадари он иҷро шуд?
– Нисфаш.
– Аз кадом ҳисоб?
– 1,6 миллиард сӯм аз буҷа, 3,4 миллиард сӯм аз ҳисоби ҳомиён.
– Кадом ҳомиёнро метавонед ном баред?
– «Хайру эҳсонро Худо донад, на дигарон, то ки он беминнат бошад» мегӯянд ҳомиён, – ҷавоб дод мусоҳибам. – Ба ғайр аз ҳомиёни саховатпеша «Тоза ҳудуд» (бо техника) мадад мерасонад. Ба ҳисоби миёна рӯзе 250-300 нафар баҳри ободии зиёратгоҳ кор мекунанд. Масъулияти корҳои бинокорӣ ба зиммаи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Моҳитобонободқурилиш» гузошта шудааст.
– Мо сохтмони масҷид, осорхона ва дигар иншоотро  ба сомон мерасонем, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд сардори корхонаи бинокорӣ Ҷонибек Амонов. – Ҳоло дар зиёратгоҳ 17 бригада кор мекунад. Ҳашарчиёни ташкилоту маҳаллаҳо ба ҳамвору тахткунии майдон машғуланд. Устоҳои бухориву галаосиёӣ низ серкоранд, – гуфт сарвари бинокорон.
Мо ба назди устои дарвозасоз Неъмат Йӯлдошев рафтем. Вай бо шогирдонаш, аз ҷумла, бо писари хурдиаш Акбарҷон ба даромадгоҳи ёздаҳметрии зиёратгоҳ хишт мечинд. Бо устои 58-сола, ки аз деҳаи Чандири Шофиркон будааст, шинос шудем. Маълум гардид, ки вай барои зиёратгоҳҳои вилоят, аз ҷумла,  даромадгоҳҳои Чақарато, Ғавсулаъзам, Шайх Абдураҳмон, Мискинато бештар аз сӣ дарвоза сохтааст.
Чанд қадам дарунтар устоҳои галаосиёӣ Саъдулло Содиқов ва Фарҳод Раҳматов айвон месохтанд.
Дар шафати масҷиди нав гурӯҳи устоҳо бо роҳбарии Ботур Бобомуродови меъмор манор месохтанд. Усто Ботур фарзанди Бухорои Шариф аст. Падараш усто Очил шогирди Усто Ширин Муродов будааст. Усто Ботур ба касби падар дил баста, Донишкадаи меъмории Самарқандро хатм кардааст. Ӯ ифтихор дорад, ки дар таъмири Манораи Калон, манораҳои Ҳазрати Имоми Бухоро, Абдулхолиқи Ғиждувонӣ саҳм гирифтааст.
– Мо чор моҳ боз бо шогирдонамон Ҳамза Ҳамроев, Бахтиёр Олимов, Дилшод Рафиқов баҳри ободшавии зиёратгоҳи Хоҷа Ориф саҳм мегузорем, – изҳори қаноатмандӣ кард Усто Ботур.
– Ҳар рӯз барои ҳашарчиён ва таъмиргарони зиёратгоҳ ба тарзи хайрия хӯроки гарм омода месозем, – хабар дод ҷонишини раиси шуъбаи ноҳиявии Бунёди хайрияи «Маҳалла» Ботур Солиев.
– Ҷараёни корҳои ободсозӣ кай ба охир мерасад? – пурсидем аз мутасаддиён.
– Азму кӯшиш дорем, ки  дар арафаи Рӯзи истиқлолияти мамлакат корҳоямонро анҷом диҳем, – ҷавоб доданд онҳо.
Шубҳае нест, ки зиёратгоҳи Хоҷа Орифи Моҳитобон, ки дар байни «Ҳафт пир» баъди зиёратгоҳи Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд аз ҷиҳати масоҳат дар ҷойи дуюм қарор дорад, зиёраткунандагону сайёҳонро бо ҷозибаи худ бештар моту мабҳут хоҳад кард.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: