ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАҲОИ СЕНАТ ТАҲЛИЛ ШУДАНД

Дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти давраи гузашта ва корҳои дар оянда амалишавандаи Кумитаи масъалаҳои ҷавонон, фарҳанг ва варзиши Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ ба амал омад.

Ба зиммаи кумита вазифаҳои устувор – амалӣ кардани назорати муттасили парламент аз рӯйи иҷрои ҳуҷҷатҳои қонун ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба камолоти маънавию ахлоқии ҷавонон, дар онҳо ташаккул додани ҳисси дахлдорӣ ва масъулият нигаронда шудаанд, гузошта шудааст.
Хусусан, аъзои Кумита дар Барномаи давлатии «Yoshlar - kelajagimiz», аз ҷумла, бинобар ҷойи нави корӣ муҳайё кардан ба ҷавонон, таъмини бо шуғл фарогирии ҷавонони номуташаккил, фаъол ширкат меварзанд.
То моҳи июл аз ҷониби аъзои кумита қабули 3973 нафар шаҳрванд роҳандозӣ гардида, муроҷиати 523 нафар омӯхта шуд.
Бояд гуфт, таҳлили муроҷиатҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандон на танҳо бо масъалаҳои шахсӣ, балки бо назардошти манфиати ҷомеа низ муроҷиат мекунанд. Масалан, Корманди шоистаи маданияти Ӯзбекистон Сувон Мелиев таклиф кардааст, ки дар хонааш 60 ҳазор китоб дораду мехоҳад онро ба нафъи ҷомеа истифода барад. Барои ду сотиқ замини назди ҳавлияш бо мақсади сохтани китобхонаи халқӣ кӯмак хостааст. Бинобар ҳаллу фасли муроҷиат чораҳо андешида шуданд.
Дар нишаст таъкид гардид, ки барои соҳиби маданият ва маърифат шудани ҷавонон корҳои васеъмиқёс андешида мешаванд, аммо барои тарбияи авлоди баркамол бояд тамоми аъзои ҷомеа масъулият ва дахлдорӣ ҳис кунанд. Роҳ надодан ба исрофгарӣ, хусусан, дар тӯйҳо, баланд бардоштани сатҳи донишу биниши ҷавонон, ба низом даровардани корҳои вобаста ба санъат ва рағбатноксозии санъаткорони ҷавон ва наврас аз самтҳои муҳими корҳо дар ин бобат мебошанд.
Раиси Кумита И. Мирзо ибрози ақида намуд, ки миллат бояд солим гардонда шавад. Барои ин ҷалб кардани ҷавонон ба варзиш ва тарбияи маънавии онҳо аҳамияти муҳим дорад.
***
Дар Маркази матбуоти миллӣ ҳамчунин оид ба ҳисоботи нимсолаи аввал ва корҳои пешистодаи нимсолаи дуюми соли ҷории Комиссияи ёрирасони пурзӯрсозии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ нишасти матбуотӣ ба амал омад.
Мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ бевосита барои ҳимоя кардани манфиати шаҳрвандони онҳоро интихобкарда, татбиқи ислоҳоти демократӣ, амалӣ кардани назорати парлумонӣ аз болои бе гуфтугӯ иҷрои барномаҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ масъул мебошад. 
Бо ташаббуси комиссия дар давраи ҳисобот чорабинӣ ва анҷуманҳои назоративу таҳлилӣ низ ташкил гардиданд. Аз ҷумла, барои дар байни ҷавонон баланд бардоштани самаранокии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ ҳолати иштироки депутатҳои халқ дар мисоли вилояти Намангон омӯхта шуд. 
Моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳама ҳудудҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳое ташкил гардиданд, ки ба истифодаи оқилонаи об дар хоҷагии қишлоқ, нарм кардани оқибатҳои норасоии об, таъмини назорати парламентӣ ва ҷамоатӣ дар офаридани ҳосили кафолатноки ғӯза нигаронда шудаанд. 
Бо мақсади гузарондани мониторинг бинобар дар ҷойҳо иҷрошавии меъёрҳои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои устувор доир ба таъмини рушди бошиддати иҷтимоиву иқтисодии ҳудудҳо» ҳолати корҳое, ки дар ҳудудҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби сенаторҳо бурда шудаанд, аз нуқтаи назари танқидӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар доираи чунин тадбирҳо дар як қатор ноҳияҳои шаҳр ва вилояти Тошканд бинобар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, омӯхтани аҳволи шабакаҳои иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ, ҳамчунин, бартараф кардани муаммоҳои мавҷуда корҳои хизматрасонии амалӣ ба роҳ монда шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ аъзои комиссия инчунин оиди корҳое, ки бояд дар оянда татбиқ карда шаванд, алоҳида мулоҳизаронӣ намуданд. 

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: