ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН: ДАР РОҲИ ҲАМКОРИИ СТРАТЕГӢ

ҲАМКОРӢ

Дар рӯзҳои наздик сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари мо пешбинӣ шудааст. Ин воқеа, бешубҳа, дар таърихи муносибатҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ ҳодисаи муҳим буда, дараҷаи куллан нави мулоқоти дуҷонибаро намоиш медиҳад. Сафари роҳбари Тоҷикистон иқдоми қатъии ду халқи бародарро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкориҳои дӯстона, некҳамсоягӣ, бисёрҷабҳа ва тарафайн таҷассум мекунад. 

Мулоқоти асосӣ

Халқҳои моро таърихи умумӣ, суннатҳои маданиву маънавӣ, эҳтироми тарафайн ва анъанаҳои асринаи ҳамсоягии нек муттаҳид мекунанд. Ин қаробат барои муносибатҳои тарафайни Ӯзбекистону Тоҷикистон чун заминаи мустаҳкам ва тамоили асосӣ хидмат мекунад.
Муносибатҳои дипломатии байни кишварҳои мо соли 1992 ба роҳ монда шуда буд, тӯли даврони гузашта беш аз сад муоҳида ва шартномаҳои сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо гардиданд. Дар ҳуҷҷатҳои мазкур равандҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба: эҳтироми тарафайни истиқлолият ва мустақилии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, саъю кӯшиши тарафайн барои истиқрори шарикии дуҷонибаи робитаҳои иқтисодӣ – ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам дар байни субъектҳои хоҷагидорӣ пешбинӣ шудаанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин муносибатҳо чандон самимӣ набуданд.

Саҳифаи нав

Тӯли ду соли охир бисёр тағйирот рух доданд. Ба таҳким ва вусъати муносибатҳои кунунии байни ду мамлакат, бидуни муболиға, дар давраи қиёсан кӯтоҳ такони бузург дода шуд. Дар роҳи мустаҳкам кардан ва вусъат додани муносибатҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон ба вуқӯъ пайваст, қадами муҳим гардид.
Иродаи сиёсӣ ва хоҳиши қатъии сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, рӯҳи дӯстона ва пурмазмуни гуфтушунидҳо дар Душанбе ба рушди ҳамкориҳои васеъмиқёси дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, маданиву инсонпарварӣ ва ғайра такони бузург доданд.
Ҳамкориҳои тарафайн бо авҷ инкишоф меёбанд, онҳо бо мазмуни мушаххаси амалӣ саршор мегарданд. Боиси қайд мебошад, ки мушоҳидони байналхалқӣ ба дараҷаи кунунии муносибатҳои тарафайни ду мамлакат аксар вақт ба сифати «гардиши куллӣ» баҳо медиҳанд. Ба манфиати халқҳои ду кишвар саҳифаи нави ҳамкорӣ боз гардид, ки вазифа ва пешомадҳои навро дарбар мегирад. Ҳаққонияти ин баҳоро бисёр санадҳо собит менамоянд. 

Нирӯи иродаи сиёсӣ

Робитаҳо дар сатҳи олӣ мунтазам вусъат пайдо мекунанд. Аз моҳи сентябри соли 2016  то имрӯз  шаш вохӯрии Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин як қатор суҳбатҳои телефонии сарони ду давлат баргузор шуданд. Хусусияти дӯстонаи гуфтушунидҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ аз бисёр ҷиҳат ба муносибатҳои эътимодбахши шахсӣ вобастаанд.  Ин ҷиҳат дар муносибатҳои норасмии байни сарони ду давлат, ки бо ҳам бо суханони «Бародари азизам» муроҷиат мекунанд, низ падидор мегардад. Чунин мулоқоти ошкоро барои ба сатҳи нави шарикии стратегӣ  бардоштани муносибати ду халқи бародар асос гузоштанд. 

Равобит оид ба самтҳо

Моҳи декабри соли 2017 Гурӯҳи байнипарлумонии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ бо Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон таъсис ёфт. Дар нақшаи онҳо – рӯзҳои наздик баргузор кардани аввалин ҷамъомади муштараки ин гурӯҳ ҷой дошт. Ё худ моҳи майи соли 2018 дар Тошканд вохӯрии вазирони корҳои дохилии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон П. Бобоҷонов ва Р. Раҳимзода ба вуқӯъ пайваст, ки дар он масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои аксуламал ба терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, савдои одам баррасӣ шуданд. Дурнамои муштараки чораҳои маҷмӯӣ барои солҳои 2018-2019 бинобар аксуламал ба фаъолияти сохторҳои экстремистӣ ва террористӣ дар шабакаҳои интернет имзо гардид. 
Манфиатдории тарафайн дар таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ бобати аксуламал ба таҳдид ва хуруҷҳои замонавии амният, ҳамчунин ҳарчи зудтар муътадил гардонидани вазъият дар Афғонистон боиси эътибор мебошанд. Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тайёр будани худро ба ҳамкории тарафайн дар доираи минтақаи Осиёи Марказӣ барои муваффақ шудан ба оромӣ ва шукуфоии умумӣ намоиш медиҳанд.

Нуқтаи назари ягона

Душанбе сиёсати нави минтақавии Шавкат Мирзиёевро дастгирӣ мекунад. Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии аввалини машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи марти соли равон дар Остона ба амал омад, тасдиқи равшани он гардид. Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи «Мустаҳкам кардани ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ бобати таъмин сохтани сулҳу салоҳ, эътидол ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ», ки  Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул кард, якдилона дастгирӣ намуд.
Назари ягонаи сарони ду давлат вобаста ба зарурияти истифодаи сарфакорона ва одилонаи захираҳои обу энергетика бо назардошти манфиати тамоми кишварҳои минтақа мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Тавре ки коршиносони хориҷӣ қайд менамоянд, ҷиҳати конструктивии ҳамкориҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ дар самти мазкур метавонад нишондиҳандаи саъю кӯшишҳои минтақавӣ бинобар таъмин намудани бехатарии об дар Осиёи Марказӣ гардад. 
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ғайр аз ҳамкориҳои дуҷониба, дар доираи созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки соли равон Тоҷикистон раиси он ба шумор меравад, ҳамкории қарини тарафайн доранд. Ӯзбекистон ба раисии Тоҷикистон дар ИДМ баҳои баланд медиҳад. Тошканд ва Душанбе ҷонибдори рушди ИДМ дар пояи шарикии муфиди тарафайн, ба соҳати самарабахшу муассир табдил додани он барои ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла масъалаҳое, ки ба таъмин намудани эътидол ва амният дахл доранд, мебошанд. Ҳар ду мамлакат вобаста ба соҳаҳои аксуламал ба қочоқи нашъа, экстремизм ва терроризм ҳамфикранд, ки аз ҷониби Ӯзбекистон дастгирӣ шудани ташаббуси Тоҷикистон бобати таъсис додани Маркази зиддинашъаи Созмони ҳамкории Шанхай шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад.

Муомилоти мол меафзояд

Соли 2017 ҳаҷми мубодилаи моли байни ҷумҳуриҳо 240 миллион долларро ташкил дод, ки дар тӯли бист соли охир нишондиҳандаи баландтарин мебошад. Дар нимсолаи аввали соли 2018 ҳаҷми савдои тарафайни байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 фоиз афзуд. Ҳоли ҳозир дар мамлакати мо 24 корхонае, ки бо иштироки соҳибкорони тоҷикистонӣ ташкил шудааст, амал мекунанд, дар кишвари ҳамсоя бошад, нӯҳ корхона бо иштироки соҳибкорони ӯзбекистонӣ кор мебарад. Соли 2017-ум дар Тоҷикистон 6 хонаи савдои Ӯзбекистон кушода шуданд. Аз моҳи феврали соли 2018-ум дар Тошканд хонаи савдои Тоҷикистон кори худро сар кард.
Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар амиқсозии муносибатҳои ин соҳаи байни ду давлат нақши муҳим мебозад. Шӯрои корчаллонҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ бомуваффақият амал мекунад, он имкониятҳои навро дар таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мушаххас менамояд. Робита ва алоқаҳои бевоситаи доираҳои корчаллони ду мамлакат мунтазам инкишоф меёбанд. 
Истиқрори ҳамкории байни Биржаи фонди ҷумҳуриявии «Тошкент» (UZSE) ва Биржаи фонди Осиёи Марказӣ (CASE, Тоҷикистон) қадами муҳим гардид. Дар пешомад он бояд ба ташаккул додани соҳати ягона барои баргузор кардани савдоҳои биржавӣ ва ташкил намудани шабакаҳои сармоявии байни ду давлат мусоидат намояд.
Ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика сазовори эътибор мебошад. Аз моҳи апрели соли 2018, баъди даҳ соли танаффус, расонда додани энергияи электр аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, аввало дар ҳаҷми 106,9 миллион кВт/соат оғоз гардид. Пешбинӣ мегардад, ки минбаъд ҳаҷми умумии расондадиҳии энергияи электр соле на камтар аз 1,5 миллиард кВт/соатро ташкил хоҳад дод.

Монеаҳо аз байн бардошта шуданд

Барқарор намудани хатсайрҳои пешина ва ба роҳ мондани хатсайрҳои нави автомобилӣ, роҳи оҳан ва рафтуои ҳавоӣ қарори оқилонаи роҳбари ду мамлакат гардид. Зеро мавқеи хуби ҷуғрофӣ ва инфрасохтори бузурги нақлиётии Ӯзбекистон барои ба бозорҳои хориҷӣ баромадан, аз ҷумла диверсификатсияи он имкониятҳои бузург доранд. Бешубҳа, пурра ба роҳ мондани имкониятҳои умумии нақлиётиву коммуникатсионӣ ва транзитии ду мамлакат на фақат ба афзоиши савдои тарафайн, балки ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварии сатҳи байниминтақавӣ мусоидат ҳоҳад кард. 
Моҳи май рафтуои доимии байналхалқии автобус бо хатсайри Тошканд – Хуҷанд – Тошканд сар шуд. Аз замони аз нав ба роҳ монда шудани мубодилаи мунтазами авиатсионии байни Тошканд ва Душанбе Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ба манфиати шаҳрвандони ҳар ду мамлакат нархи билетҳои авиатсиониро ду баробар кам кард. Хатсайрҳои авиатсионии байни Душанбе ва шаҳрҳои Ӯзбекистон – Самарқанду Бухоро низ аз нав барқарор гардиданд.
Кушода шудани нӯҳ нуқтаи назоративу гузаргоҳӣ дар сарҳадҳои давлатӣ ва бекор гардидани режими раводиди байни ду кишвар ҳодисаи муҳим шуд. Инро аҳолиҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо қаноатмандии бузург қабул карданд. Дар тавзеҳот ва гузоришҳои худ шаҳрвандони давлатҳо шодиву хурсандии худро пинҳон надоштанд. «Боз гардидани нуқтаҳои назоративу гузаргоҳӣ ва бекор шудани раводид барои мо армуғони ғайричашмдошт гардид», «Чунин ҳодисаҳо касро хурсанд мекунанд», «Тағйироти баамаломада касро рӯҳбаланд менамоянд», чунин аст як қисми ин шодмониҳо. Бешубҳа, ҳамаи ин ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон имконпазир шуд.

Ваҳдати маданиятҳо

Робитаҳои маданиву инсонпарварӣ низ мустаҳкам мешаванд. Онҳо низ хеле муҳиманд, зеро аз бисёр ҷиҳат ба шарофати маданият ва рукнҳои маънавӣ инсоният пеш меравад, такмил меёбад. Қаробати маънавии шахсҳо, ҷомеаҳо ба миён меоянд. Табодули фарҳангӣ нафақат дар дараҷаи шахсҳо, балки дар сатҳи минтақавӣ, беш аз он дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум меёбанд. Барои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон умумияти фарҳангӣ ва урфу одатҳо воқеият мебошад.
Мо ҳамеша ба мероси фарҳангӣ ва маънавии якдигар баҳои баланд медиҳем. Маданияти моддӣ, урфу одатҳо, ҳунарҳои халқӣ – ҳамаи инҳо он қадар шабеҳанд, ки фарқ карданашон душвор аст. Ӯзбекон ва тоҷикон дар шодиву хурсандӣ ва ғаму андӯҳ мунтазам бо ҳам буданд ва дӯстиро азиз медоштанд. Ин ҳикмат ҳаққонист:  ӯзбекон ва тоҷикон як халқ мебошанд, ки ба ду забон сухан мегӯянд.
Тавре ки Шавкат Мирзиёев дар вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, «Халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро риштаҳои махсуси бародарӣ пайванд мекунанд. Онҳо тӯли асрҳо ҳампаҳлӯ зисту зиндагӣ карда, бо ягонагии решаҳои маънавии таърихӣ, маданиятҳо, анъана ва урфу одатҳо вобаста шудаанд. Аз ҳам ҷудо тасаввур кардани онҳо худ дилҳоро тираву тор мекунад».
Беихтиёр мисраъҳои шоири бузурги тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба хотир мерасанд:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Ба шарофати шахсиятҳои беназире, ки таърихи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон  аз онҳо ғанист, дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳои мо мустаҳкам ва бо мазмуну муҳтавои нав саршор гардиданд. Ин сифатҳоро шоирон ва мутафаккирони бузург Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, шоирону нависандагони бузург Абдурауф Фитрат ва Садриддин Айнӣ, Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода, Эркин Воҳидов ва Мӯъмин Қаноат, Абдулло Орипов ва Лоиқ Шералӣ васф кардаанд.
Дар Самарқанд гузошта шудани ҳайкалҳои Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомиро дар ҳар ду мамлакат бо руҳбаландии азим истиқбол намуданд. Ғайр аз ин яке аз истгоҳҳои метрополитене, ки дар ноҳияи Сергелии Тошканд бунёд меёбад, номи шоири машҳури тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро дорад.
Хурсандиовар аст, ки сафарҳои тарафайни арбобони маданият ва санъати ду мамлакат зуд-зуд рух медиҳанд. Ин чорабиниҳо собит намуданд, ки мардум чунин вохӯриҳоро бесаброна интизор буданд.
– Ман мувофиқи фаъолиятам саъй менамоям, ки аз ҳамкорон таҷриба омӯзам, бо онҳо таҷриба иваз кунам, – мегӯяд актёри Театри мусиқӣ ва драмавии ба номи Маннон Уйғури вилояти Сурхондарё Хайрулло Насриддинов. – Вале, бо вуҷуди наздикии ҳудудҳо, мо пештар барои озодона аз як кишвар ба кишвари дигар рафтан душворӣ мекашидем. Ҳоло вазъият тағйир ёфт.  Рӯзҳои маданият ва санъат, намоишгоҳҳо, чорабиниҳои дигар шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд. 
Ҳунармандон бо сафарҳои эҷодӣ ба кишварҳои ҳамсоя мераванд, бо ҳамкорони худ мубодилаи таҷриба мекунанд. 
Дар ибтидои моҳи август ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд боздид ба амал овард. Гурӯҳҳои эҷодии Ӯзбекистон бори аввал дар ҷашнвораи этникии «Боми ҷаҳон», ки дар шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок карданд. 
Дар Ӯзбекистон Маркази ҷумҳуриявии милливу мадании тоҷикон ва нӯҳ маркази ҳаммонанди минтақавӣ бомуваффақият амал мекунанд. Дар 245 мактаб машғулиятҳо ба забони тоҷикӣ мебошанд. Дар донишгоҳҳои давлатии Самарқанд, Тирмиз ва Фарғона гурӯҳҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ ташкил шудаанд, барои тоҷикон дар мамлакати мо чаҳор нашрияи даврии матбуотӣ чоп мешаванд, панҷ барномаи телевизионӣ ва 30 барномаҳои радиоӣ интишор меёбанд. 
Дар навбати худ Ӯзбекистон ба саъю кӯшиши ҳокимиятҳои давлати ҳамсоя барои фароҳам овардани шароитҳои баробар ба он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки миллаташон ӯзбек мебошад, баҳои баланд медиҳад. Онҳо бобати ҳифз кардан ва инкишоф додани маданияти миллӣ, забони ӯзбекӣ ва анъанаҳояшон ҷонибдорӣ карда мешаванд. Дар бораи рушди ҳамкориҳои байни Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ шартнома ба имзо расид. Ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш фаъолона инкишоф меёбад. Аз ҷумла кумитаҳои миллии олимпии  Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бораи шарикӣ муоҳида бастанд. 
Дар партави дигаргуниҳои васеъмиқёси ӯзбекистониву тоҷикистонӣ мулоқоти пешистодаи роҳбарони ду мамлакат, бешубҳа, муносибатҳои байнидавлатиро ба дараҷаи нави стратегӣ мебардорад ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар пояи эътимод ва некҳамсоягӣ пешомадҳои бузург мекушояд, ки ба анъанаҳои дӯстонаи халқҳои бародари мо куллан ҷавобгӯ аст.
Ҷомеаи ҷаҳон ҷараёнҳои мусбати ин воқеаҳоро мунтазам мушоҳида мекунанд, ҳар як иқдом аз ҷониби расонаҳои ахбори оммавӣ баррасӣ мешаванд. Зеро муносибатҳои самимии тарафайни байни ду ҳамсоя барои тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ муҳим мебошанд. 
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев борҳо таъкид намудааст: «Манфиати инсон аз ҳама авлотар аст». Воқеан, маҳз манфиати халқ, фаровонии ӯ омили асосии сиёсати рушди мустақими муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба шумор мераванд, ки аз ҷониби сарони ду мамлакат амалӣ мешаванд.

Бахтиёр МУСТАФОЕВ, 
роҳбари Маркази Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: