МАРКАЗИ МАДАНИЯТИ ПИРМАСТ

Ба пешвози ҷашни Истиқлол

Дар маркази деҳаи Анҷирбоғи ноҳияи Вобканд бинои кӯҳнаи толори ҷамъомадҳо аз тарафи корхонаи бинокории Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Вобкентқурилишсервис» таъмир гардид. Барои ин 486,5 миллион сӯм маблағ сарф шуд. Дар натиҷа маркази маданияти зебо ба вуҷуд омад. Ин марказ дорои 150 ҷой ва толори тамошо мебошад. Ин ҷо санъатдӯстони аз 7-сола то 70-солаи маҳаллаҳои Анҷирбоғ, Кӯладина, Бозорҷой метавонанд дар маҳфили дилхоҳи худ бемузд иштирок кунанд. Бояд таъкид намуд, ки дар марказ маҳфилҳои сурудхонии анъанавӣ, доира, рубоб, ғиҷҷак ва санъати тасвирӣ амал мекунанд. 
– Мақсади асосӣ – дарёфт намудани соҳибистеъдодҳо, ба ҳунарҳои зебо ҷалб намудани санъатдӯстон аст, – ба мо фаҳмонд мудири шуъбаи маданияти ноҳия Исомиддин Баҳранов. 
Ба наздикӣ маросими кушодашавии марказ ба амал омад. Ба ин муносибат дар ин ҷо садҳо меҳмонону мизбонон ташриф оварданд. Ҳозиронро ҳокими ноҳия Аскар Ҷаводов, сардори Садорати маданияти вилоят Юлдош Ганҷиев, роҳбари шуъбаи ноҳиявии ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон Толиб Авезов ва дигарон муборакбод гуфтанд. «Дар арафаи иди Истиқлолият барои мардум ин туҳфаи арзанда аст» таъкид намуданд онҳо. 
Атрофи дастархони пурфайз ба ҳозирон ош кашиданд. Санъаткорони вилоят меҳмонони чорабиниро бо суруду таронаҳои дилнишин шод гардонданд. 

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: