МАН ЁД КАРДАМАТ ТУРО, ЭЙ ШАҲРИ ГУЛБАСАР!

Дар арзҳои дӯстӣ

Шукронаи зиёд Худои мутаолро, ки мо боз ба дидори дӯстон расидем. Дарҳои мо, ки тӯли солҳо баста шуда буданд, аз нав боз гардид. Сарвари некхислату одили мо —  Шавкат Мирзиёев бо ҳиммати баланд ҳамаи он дарҳоро кушод.
Мо – аҳли қалами водии Сурхон, аз он ки наметавонистем озодона ба дидорбинии дӯстони худ равем, сахт азият мекашидем. Худро чун моҳии  бе об ҳис мекардем. Охир, китобҳои бадеӣ ва матбуоти тоҷикӣ барои мо чун  обу ҳаво зарур буд, аммо аз онҳо баҳра бурдан наметавонистем.
Инак, субҳи муроди мо фаро расид, ба дидани дидори дӯстони худ муяссар гаштем. Аллакай мо ба манзили дӯстону хешу табор боли парвоз кушодем. Онҳо низ ба дидани мо омаданд.
Бо вуҷуди он ки дар водии Сурхон бо адибони номдори тоҷик робитаҳои қавӣ  мавҷуд набуд, муҳити адабӣ вуҷуд дошту дорад. Ташнагии худро бо ҳикояву қиссаҳои Чоршанбеи Деҳнавӣ, Шарифи Халил, Искандари Мирзо, Истад Қосимзода, Солеҳи Муҳаммадзод, бо шеъру таронаҳои Ҷаъфару Абдуллои Раҳмон, Саида, Сулаймон, Абдубарот,  Эркин Муқиму Шодӣ Карим ва дигарон мешиканем.
Иншоаллоҳ, минбаъд алоқа бо ҳамзабононамон боз ҳам мустаҳкам мегардад, ки ин ба манфиати кор хоҳад шуд. 
Мо метавонем дар ҳамбастагӣ навиштаҳои худро ба шоиру нависандагони бузург пешниҳод намуда, аз фикру дархостҳои онҳо баҳра барем. Новобаста ба он ки дар куҷо зиндагонӣ мекунем, мо намояндаи як миллатем ва маҳсули қалами мо моли халқ аст.
Ҳоло он дардҳои ҷудоӣ аз синаи мо дур мешаванд, худро хушбахт эҳсос мекунем. Дар ҳақиқат, мо хушбахтем, ки дида ба дидор расиду мерасад.

Субҳи иқбол

Нолаҳои зори мо бар Ҳақ,
Шукри беинтиҳо, расид имрӯз,
Боз гашт роҳҳои дарбаста,
Субҳи иқболи мо дамид имрӯз.

Меравам сӯйи дӯст бо шодӣ,
Ӯ биёяд, намуда боз оғӯш.
Ғам зи дилҳои мо бурун ояд,
Гардем аз бодаи дӯстӣ сархуш.

Ба Душанбе

Ман  ёд кардамат туро, эй шаҳри гулбасар,
Эй он ки дар ҷавониям будӣ ту ҳамсафар.
Ҳоло ба сӯйи пойҳои бемадори худ,
Ҳам пайкари заифу қалби беқарори худ.
Карда нигоҳ, андаке ношод мешавам,
Аз аҷзу дард маскани фарёд мешавам.
Гар қувва бахшадам Худо, бар сӯйи ту равам,
Пас чанд рӯз бо фараҳ меҳмони ту шавам.
Ёрони меҳрубон агар оянд он замон,
Бикшода боли худ парам аз шавқ сӯяшон.
Ҳарчанд қалби хастаро зӯру мадор нест,
Афсӯс, дар вуҷуди ман дигар қарор нест.
Эй шаҳри шаҳрҳо — Душанбеи нозанин,
Бигзор, монӣ то абад поянда дар Замин!

Ӯғилой ҶӮРАБОЕВА,
ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: