«ДАР ЧАШМИ ХИРАД ГАВҲАРИ БИНИШ МОЕМ»

Иншо намудани мақолаи табрикотӣ дар бораи синамошиноси варзида ва олими маъруфи санъатшинос – Атохон Аҳроров аз амали саҳл нест. Зеро устод аз шахсиятҳое ҳастанд, ки бемуболиға саррофи беназири сухан, ифшогари маънӣ, нозукиҳои услуби баён мебошанд.

Иншо намудани мақолаи табрикотӣ дар бораи синамошиноси варзида ва олими маъруфи санъатшинос – Атохон Аҳроров аз амали саҳл нест. Зеро устод аз шахсиятҳое ҳастанд, ки бемуболиға саррофи беназири сухан, ифшогари маънӣ, нозукиҳои услуби баён мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб устод аз дигарон низ ин меъёрҳоро бо тамоми ҷузъиёташ интизорӣ мекашанд ва ё дар мавридаш қатъиян талабгоранд. Ба ибораи дигар, ҷумлаҳои умумӣ ва подарҳаво то андозае он касро мутаассир месозад ва боиси қаҳрашон мешавад. Ана аз ҳамин сабаб, барои мақоланависӣ дар ҳаққи устод на танҳо масъулият, балки ҷасорат низ лозим аст!
Атохон Аҳроров чун олими дақиқназар ҳар як тадқиқоти хешро бо камоли салоҳияти касбӣ, заҳматписандӣ ва муҳаббат ба анҷом мерасонанд. Дар иншои китобу мақола саросема намешаванд, бидуни андеша ва таҳлили амиқ қалам ба даст намегиранд. Ҳамеша чун олими соҳибтафаккур, донандаи намунаҳои барҷастаи осори санъат, умуман фарҳанги Шарқу Ғарб ба таҳлили мукаммал мепардозанд. Навиштаҳояшон ҳам ба забони тоҷикии пурфасоҳат ва ҳам русӣ хеле равону зебо, қобили таваҷҷӯҳ аст. Ҳоло мехостам, чанд ҷиҳати арзишманди яке аз асарҳои устод – «Кинои тоҷик» (солҳои 1969-1974)-ро баррасӣ намоям.
Дар китоби мазкур тамоюлот ва ҷараёнҳои бадеӣ ва эстетикии санъати кинои тоҷик дар солҳои номбурда мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, манзараи ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, бурду бохти синамои тоҷик пеши назар меояд. Дар асоси маводи пурарзиши бойгонӣ, матбуоти даврӣ ва таҳлили касбӣ Ато Аҳроров хешро чун донандаи асили назарияи санъати синамо муаррифӣ месозанд.
Яке аз бобҳои китоб «Эпос дар экран» ном дорад, ки дар он сухан аз боби таҷассуми образҳои «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар экрани синамои тоҷик меравад.
Дар ин мақола бо салоҳияти касбӣ моҳияти фалсафии сарчашмаи асосӣ – «Шоҳнома», масоили тафсир, махсусиятҳои бадеии ҳунари таҳиягарии санъаткори номӣ – Борис Кимёгаров дар муқоиса бо сарчашмаи асосӣ, бурду бохти қисматҳои асосии ин филми сегона баррасӣ мешавад. Образҳои қаҳрамонони асар Рустам – Б.Ватаев, Тулод – М.Воҳидов, Афросиёб – А.Муҳаммадҷонов, Сӯҳроб – Ҳ.Гадоев, Гурдофарид – С.Исоева, Таҳмина – С.Норбоева, Сиёвуш – Ф.Юсуфов ва дигарон вобаста ба саҳнаҳои конкретии филмҳо мавриди андеша ва таҳлил қарор мегиранд. Аз назари муаллиф таҳлили сенарияи Г.Колтунов, ҳунари наворгирии З.Дахте, Д.Худоназаров, комёбиҳои эҷодии рассомон – Ш.Абдусаломов, А.Бойм, Л.Шпонко низ дур намондааст. Тасвиру баррасии эпизодҳои филмҳои номбурда, драматургияи он, масъалаҳои тафсир ва муайян намудани раванди пешрафти минбаъдаи санъати кинои тоҷик дар боби муроҷиат ба осори классикӣ дар мақола хеле ҷолиб анҷом пазируфтааст. Чун доираи тадқиқоти ман низ аз таҷассуми саҳнавии образҳои «Шоҳнома» иборат буд, ин мақолаи устод бароям ҳамчун пурарзиштарин маводи назарӣ ва эстетикии мукаммал хизмат кардааст.
Бобҳои дигари китоби «Кинои тоҷик» роҷеъ ба қаҳрамони муосир, филмҳои ҳуҷҷатӣ, таърихӣ-инқилобӣ низ ба чунин дақиқназарӣ иншо шудаанд. Дар интиҳои асар феҳристи филмҳо бо шарҳу эзоҳ ва аксҳои нодири ҳунармандон, саҳнаҳои алоҳида оварда шудаанд, ки он қимати асарро афзун месозад ва аз серталабӣ ва дақиқкории муаллиф дарак медиҳад.
Китоби «Аслҳо ва наслҳо»-ро (Душанбе, 2013) варақ мезанем ва баъзе маълумотҳоро хотиррасон месозем: Ато Аҳроров… киношинос, номзади илми санъатшиносӣ (1967), аввалин муҳаққиқи кинои тоҷик, барандаи барномаи телевизионии «Дар олами кино», «Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон» (1991). 
Устод зодаи гузари Кӯкмасҷиди шаҳри Самарқанд, хатмкардаи шуъбаи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд буда, ҳамчун ходими пешбари илмӣ, мудири шуъбаи таърихи санъати Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши АФ Тоҷикистон фаъолият намудаанд. Сафари хидматӣ дар Афғонистон (1962-1963). Аз соли 1996 дар зодгоҳашон – Самарқанди бостонӣ низ дар кафедраи фанҳои иҷтимоии Донишкадаи тиббиёти Самарқанд, сипас илмҳои гуманитарии Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Тошканд (шӯъбаи Самарқанд) фаъолияти пурсамари омӯзгории хешро чун дотсент идома додаанд. Илова карданӣ ҳастам, ки ҳамкории устод бо мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Тошканд – Равшан Мардонов хеле пурмаҳсулу хотирнишин мебошад.
Дар қатори асару мақолаҳои пурарзиши Ато Аҳроров чунин рӯйхат оварда шудааст: Устод муаллифи монографияи «Кинои тоҷик»: (1929-1969) (Д, 1971), Кинои тоҷик: (1969-1974) (Д, 2010), бобҳои оид ба кинои тоҷик дар асари 4-ҷилдаи «Таърихи кинои шӯравӣ» (1969-78 ба забони русӣ), «Дар экран – кинои тоҷик» ҳаммуаллиф – В.Савченко, (Д, 1968), «Санъати кино» (Д, 1974), мураттибу муаллифи маҷмӯаи дастҷамъии «Таджикский экран» (Д, 1980), асари «Кино Таджикистана» (ҳаммуаллиф – С.Азизова, (М, 1982), буклети «Тоҷикфилм» дирӯз ва имрӯз» (Потсдам, 1988), «Санъати кинои Осиёи Миёна» (боби «Кинои тоҷик», Париж, 1991), роҳбари гурӯҳи муаллифон ва мураттиби «Луғати русӣ – тоҷикии истилоҳоти санъат» (Д, 2003) ва ғайра.
Гумон мекунам, ин маълумотҳо расмиянд, қатрае аз баҳранд. Дар зери ин расмият зиндагии сазовори шахсияти басо заковатманде қарор дорад, ки дили ҳассоси саршори муҳаббат нисбати зиндагӣ, санъат, инсонро соҳиб аст.
Вақте ки ба иншои ин мақола оғоз менамудам, мисраъҳои Хайёми бузург ба хотирам омад:
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад гавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарӣ аст,
Бе ҳеҷ шакке нақши нигинаш моем.

Моро ҳамеша сӯҳбатҳои пурҳикмати устод, ташрифашон дар намоишгоҳ, театр ё дигар ҷамъомадҳои аҳли фарҳанг бо янгамуллои омӯзгор – Моҳирахон Валиева, андешаҳои фалсафӣ ва меҳрубонӣ ҳангоми лаҳзаҳои мураккаби рӯзгор, фарҳанги олӣ, тақдими китобҳои пурарзиш аз адабиёт ва санъати ҷаҳонӣ ва боз дигар сифатҳои наҷиб, ки саршори шарофатмандист, мафтун месозад. 
Хушбахтона, имрӯзҳо низ устод ташнаи кори эҷодӣ, саргарми навиштани асарҳои пурмӯҳтаво ҳастанд ва чун ҳамеша нақшаҳои зиёд доранд.
Итминони комил дорам, ки хислатҳои олиҷанобашон – садоқат нисбати ҳастии худ, иродаи қавӣ, қатъияту устуворӣ ва некбинӣ барояшон дар ин амали хайр мададгор аст. Рӯзҳои офтобии дурахшон орзу дорам, ҷашни мубораки 80-солагӣ хуҷаста бод, устоди арҷманд!

Баҳор ХУРРАМЗОД
номзади илми санъатшиносӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: