РОҲҲО – ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

Тавре ки дар гузоришҳои пештара нақл намудем, сафари журналистони ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистони дӯсту ҳамсоя аз лиҳози масофа ва вақт хеле тӯлонӣ буд.

Ва ин сафар хусусан бо он ҷиҳаташ ҷолиб буд, ки аз аввал то охир заминӣ, яъне бо мошин буд, ки барои ин ба созмондиҳандаи сафари эҷодӣ – сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон арзи сипоси махсус менамоем. Аз ин рӯ дар фосилаи роҳ бисёр макону манзил ва шаҳру деҳоти диданӣ дучор омаданд, ки дар ин бахш ҷиҳати ҳаёти маданӣ, арзишҳои маънавӣ ва тарзи зисту фарҳанги ӯзбектаборони қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ нақл мегардад.
Вақте аз кӯчаи марказии Душанбешаҳр – Рӯдакӣ мегузаред, табиист, ки дар қалби пойтахт муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ диққатро ҷалб менамояд. Ва агар аз пушти сари он аз тариқи кӯчаи Теҳрон каме дохилтар қадам занед, паҳлӯи бинои мӯҳташами нӯҳошёнаи тарҳаш дар назар нотакроре падидор мегардад, ки то ошёнаи аввали он, ки хеле аз замин баланд сохта шудааст, бо зинапояҳои зиёд бояд баромад. Агар биноро аз рӯ ба рӯяш нигоҳ кунед, қисми марказии он китоби кушодаро мемонад ва саҳнаи беруни ҳамин ошёнаи аввалро нимпайкараҳои озодмардону бузургони гузаштаву имрӯзи халқи тоҷик оро додааст.
Ин муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамагӣ чанд сол пеш сохта шудааст. Осорхонаи китобхона, ки аз се қисм иборат мебошад, ба назари мо ҷолиб намуд. Дар бахши Маркази забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар бораи пайдоиши хат ва гӯишҳои мардумони Осиёи Марказӣ маълумот пайдо кардан мумкин аст. 
Беш аз 180 нигориш оид ба хатҳои авастоӣ, бохтарӣ, уйғурӣ ва ғайра, навиштаҷоти рӯи сиккову санг ва намунаҳои хатҳои асрҳои XIV-XVII аз нусахи қадимаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и  Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дигар осори қадима дар намуди фотонусха гузошта шудаанд.
Беш аз сад нусхаи нодири мероси хаттӣ, мисли «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммад Ҷарирӣ ат-Табарӣ, «Дувалронӣ ва Хизирхон»-и Амир Хусрав аз ганҷинаҳои ноёби шуъбаи дастхатҳои шарқӣ ва китобҳои нодир ба шумор мераванд. Боз як нусхаи беназири шуъба Қуръони шариф мебошад, ки дар асри XIV хаттотӣ шуда, хусусан ду саҳфаи аввалаш ҷолиб аст, ки тиллокорӣ гаштааст.
Шӯъбаи китобҳои нав дар худ боз 3 қисмро дарбар гирифтааст. Аксари онҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву мадании мамлакат далолат менамоянд ва ҷолиб аст, ки дар он ба мавзуи об ва энергетика эътибори алоҳида дода шудааст. Ин бесабаб нест, зеро ки бо пешниҳоди ҷумҳурӣ Созмони Милал Барномаи амали «Даҳсолаи об барои рушди устувор»-ро қабул намудааст, ки он ҳоло ҷараён дорад.
Китобхона дорои 25 толори қироат буда, бузургтарини он 500 нафарро фаро мегирад. Дар 36 шӯъбаи ин кошонаи ганҷ беш аз 3 миллион китоб нигоҳдорӣ мешавад.
– Дар китобхона гӯшаи китобҳои ӯзбекӣ ташкил кардаем, – мегӯяд роҳбари муассиса Абдусалом Мирализода ба китобҳое, ки дар рафҳои махсус чида шудаанд ишора намуда. – Тамоми муаллифони ин китобҳо аҳли илму қалами Тоҷикистон мебошанд.
Осорхонаи миллие, ки онсутар аз китобхона  бунёд гаштааст, беш аз 50 ҳазор ашёву нигораҳои нодирро дар худ ҷой дода, қариб 3 ҳазор ёдгории таърихиву фарҳангиро фаро гирифтааст.
Хеле мантиқӣ ва ҷолиб аст, ки Қасри «Миллат», Нишон ва Парчами миллӣ, Боғи фарҳангии устод Рӯдакӣ, биноҳои  тозабунёди ҳукумат дар як маҷмааи умумӣ бо Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ ҷой гирифтаанд.
Собиқ барои нишон додани маҳалли диданӣ барои меҳмонон қариб ҳамеша қалъаи Ҳисор интихоб мегардид ва ҳоло хурсандиовар аст, ки чунин ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудудҳои гуногуни ҷумҳурӣ обод ва таъмир гаштаанд ва акнун ёдгориҳои меъмориҳои Қалъаи Муғ дар Истаравшан, Ҳулбук ва мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар вилояти Хатлон, чандин макони зиёратӣ ва диданӣ дар Хуҷанд, Саразм дар Панҷакент ба маҳалли тамошо ва тавофи сайёҳон ва зиёраткунандагон табдил дода шудааст.
Аммо қалъаи Ҳисор бо он бозёфтҳои сеҳазорсолаи худ ҳанӯз бинандагонро ба худ ҷалб менамояд. Ва ҳоло атрофи қалъа ва деворҳои атрофи  он барқарор гардида, ба макони воқеан боздидкунанда бадал гаштааст. Дар дохили ҳисор ба дид ва намуди ҳамоҳанг ба қалъаи асосии боқимонда ғурфаҳои ҳунар ва ҳунармандон сохта шудааст, ки аҳли ин пешаҳои қадима бо шуғли бобоёни худ банданд.
Дар маҳаллаи Тамошотеппаи шаҳри Кӯлоб мӯйсафедони ришсафеди яктаҳпӯш ба истиқболамон баромаданд, ки намоянда аз ӯзбекони ин маҳал будаанд. Дар ҳамин ҷо мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 52 низ ҷой гирифта буд, ки дар он таълим ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ роҳандозӣ гаштааст.
– Дар мактабамон беш аз 1600 хонанда таҳсил менамояд, – мегӯяд директори он Рустам Масаидов. – Ҳоло мо аз дастранҷи аҳли маҳалла ва шогирдони мактаб намоиши эҷоди онҳоро ба даҳлези калони маърифатгоҳ гузоштем, – ба пештахтаҳои ҷомаву матои гуногун ва чакану асбобҳои мусиқӣ ишора мекунад директор.
Аз хушҳолӣ ва шодӣ рӯйҳои ин одамон гул мекард. Ҳама якдигарро, чӣ бегонаву чӣ багона, ба оғуш мекашиданд, мисле ки ошноҳои дерина якдигарро дубора дарёфт карда бошанд.
– Худам аз Яккабоғи Қашқадарё омадаам, – худро шинос мекунад зани чаққону чобуке, ки гирд- гирди мо парвона буд. – Синнам аз ҳафтод гузашт, ҳамаи ин шогирдони синфҳои ӯзбекиро худам тарбия карда будам.
Ин мактаби озодаву шинамро пушти сар гузошта, ба маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) раҳсипор шудем. Аммо раҳораҳ дар Хуррамшаҳр – маркази ноҳияи Данғара таваққуф нанамудан имкон надошт. Зеро дар ин ҷо иморат ва иншооте бунёд мегардид, ки нодида гузаштани онҳо ғайриимкон буд. Донишгоҳи давлатии Данғара. Ҳашт сол аст, ки фаъолият дорад, аммо бинои нави он ба қарибӣ ба кор даромад. Алҳол дар шаш факултети он аз рӯи беш аз 40 равия донишҷӯён таҳсил менамоянд. Мақсад аз сохтмони чунин маъвои таълим дар фосилаи яксоата роҳ аз пойтахт, ҷорӣ намудани пешқадамтарин усулҳои таълим ва татбиқи технологияи замонавӣ мебошад.
– Аз ҷумла бо донишгоҳҳои Ӯзбекистон азми ҳамкорӣ намудан дорем, – мегӯяд ректор, доктори илмҳои педагогӣ Нуралӣ Шоҳиён. – Бо ин ҳадаф ба қарибӣ дар таркиби ҳайати Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафта будам. Бо роҳбарони чандин муассисаи таълими олӣ гуфтугӯҳо доштам ва умед аст, ки ин мулоқотҳо самар оранд. Истиқболи донишгоҳро мо чун маъвои таълими донишҷӯёни хориҷӣ низ мебинем. Барои ин тамоми шароити ногузир муҳайё карда шудааст.
Дар банди хаёлҳои ин маскани дониш вориди шаҳри Бохтар гардидем. Мисли дигар шаҳру ноҳия карнаю сурнай ва суруду шеър ба ду забон, суханони гарму самимӣ... Дар Боғи Парчами маркази шаҳр гӯё ҷамъияти атроф ҳама ҷамъ омада буд. Ҳама аз ваҷду эҳсосоти баланд мехост суҳбат кунад, шеър хонад. Саҳнаро акси барқади дастфишории ду сарвар оро медод...
Пас аз ин дидори воқиан халқӣ ва ба маънии хуби сухан, маҳшар, дар Ургутмаҳаллаи шаҳр ба вуқӯъ пайваст.
Агарчи аллакай ҳаво тафсон шуда буду иқлими гарми ҷануб ба бадан сахттар таъсир мекард, ҳеҷ кас пас аз сӯҳбатҳо ва дидорҳои тӯлонӣ пароканда шудан намехост. Ҳамон намоиши либосу таом, асарҳои ҳунарӣ, олоти мусиқӣ, хуллас ҳама ҳунарҳое, ки ба мардуми гулдасти Ургути овозадор хос аст, инҷо гузошта шуда буд. Аз сокинон ва фаъолони маҳалла Зебо  Сатторова ва Файзулло Маҳмадалиев паҳлуи ҳам меистоданд ва бо навбат гап мезаданд. – Ҳафтае нест, ки дар маҳаллаи мо аз Ӯзбекистон меҳмон набошад. Ҳатто дар он рӯзҳои сахт низ мо бо ватани аҷдодӣ алоқаро наканда будем, – мегуфтанд онҳо. – Ва онҳо агарчи дер-дер рафтуо мекарданд, аз ҳоли ҳар як шиносу хеш ва ҳамсоя хабар бурда меоварданд.
Бинобар нақлашон, дар ин маҳал низ онҳо ба забони ӯзбекии худ таҳсил мекардаанд.
– На фақат матбуот, мактаб, радиову телевизиони маҳаллӣ, балки барномаи 35 дақиқагии ҳафтавори телевизиони ҷумҳурӣ ва гуфторҳои яксоатаи ҳаррӯзаи радио барои онҳо манбаи ахбор ва ҳифзи забону фарҳанги худ аст, – мегӯяд мухбири шӯъбаи ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» Зебо Усмонзода, ки бо мо буд.
Дар тӯли сафари беш аз 1500 км. аз гузаргоҳҳои «Фотеҳобод»-и шимол ва «Саразм»-и ҳудуди ноҳияи Панҷакент медидем, ки ҳамаи ин ҷодаҳои заминиву маънавӣ ба таърихи пуршаъни мардумони ин минтақа дар ҳар ҷо ба ҳам мехӯрд ва ҳеҷ роҳи алоҳидае барои ҳар кадоми онҳо вуҷуд надошт. Ин ҳарфҳоро он навиштаҷоти шафати роҳ дар ҳудуди вилояти Хатлон – «Роҳҳо – пайвандгари дилҳо» собит менамуд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

КӮЛОБ – БОХТАР – ПАНҶАКЕНТ – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: