Абдулло ОРИПОВ, Шоири халқии Ӯзбекистон

ӮЗБЕКАМ БО ТОҶИК АСТ

Аз азал ёру бародар ӯзбекам бо тоҷик аст,
Аз ғазал як байти дилбар ӯзбекам бо тоҷик аст.

Бо чи  бинмоям қиёс ин вожаи ширини дӯст,
Бештар аз шаҳду шаккар ӯзбекам бо тоҷик аст.

То бувад Ҷомӣ Навоӣ низ бошад  комгор,
Зодаи ду Пир яксар ӯзбекам бо тоҷик аст.
Бо хирад чун бингарӣ сайёраи ҷуфтем мо,
То Зуҳал бо Бӯ Алӣ бар ӯзбекам бо тоҷик аст.

Як сари ҷӯбор ӯву як сари ҷӯбор ман,
Аз Ҳамал дар кори кишвар ӯзбекам бо тоҷик аст.

Яъне аз рӯзи азал бо дӯстии ҷовидон,
Дар масал ҷӯёи як бар ӯзбекам бо тоҷик аст.

Тарҷумаи ПАЙМОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: