БАҲРИ ТАҲКИМИ МАКТАБУ МАОРИФ

Мо омӯзгорон мисли ходимони соҳаҳои дигар ба ҳар як маҷлису машварате, ки бо иштироки сарвари давлат сурат мегирад, бодиққат гӯш мениҳем.

Ҳар як маърӯзаи ӯ касро ба ояндаи нек ҳидоят менамояд. Хусусан, ҷамъомаде, ки 17 июли соли равон бахшида ба масъалаҳои ислоҳ кардани низоми таълими миёнаи ҳамагонӣ ва ривоҷ додани он доир гардид, моро хеле мутаассир кард.
Низоми таълими ҳамагонӣ пойдевори рушди захираҳои ахбор буда, мактабҳо маскани асосии ташаккул додани дониш, ҷаҳонбинӣ ва асосҳои маънавияти ҷавонон мебошанд.
Дарвоқеъ, мактаб аз қадим ҳамчун маскани маърифат эътироф гардидааст. Он маконест, ки мардум илму дониш андӯхта, соҳиби фазилатҳои нек мешаванд. Аз ин рӯ, саҳми омӯзгор  дар роҳи ба камол расондани шогирдони асиле, ки ба халқу Ватан хидмати арзанда мекунанд, хеле назаррас аст. Шогирдон донишҳои аз ин макони муқаддас гирифтаашонро барои равнақ ёфтани ҷамъият равона месозанд. Пӯшида нест, ки як андоза қадру манзалати омӯзгор коҳиш ёфта буд. Дар ҷомеа омӯзгор ба дастгириву ёрӣ эҳтиёҷ дошт.
Дар ҷумҳурӣ мувофиқи барномаи таҷдиди мактабҳо биноҳои зиёд таъмир гардиданд. Қисми зиёдашон аз сари нав бунёд ёфтанд. 
Имрӯз вақти он расид, ки мавқеъ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Даромади моҳонаи омӯзгор, ки нисбат ба ҳамкасбони худ дар Ҷумҳурии Куриё, Ҷопон ва Олмон хеле кам аст, ислоҳ мехост, ки сари ин масъала чора андешида мешавад.
Ташкил намудани хидматҳои махсуси ҳуқуқӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, ки ба ҳимояи ҳаққу ҳуқуқи омӯзгорон равона карда шуда бошад, талаби давр аст. Баъди маърӯзаи Президент дар соҳаи мактабу маориф такони нав ба вуҷуд омад.

Қодир ИСОЕВ,
ҷонишини директори мактаби рақами 46, 
деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: