СОҲИБКОРИ ФАЪОЛ АЗ НИГОҲИ ЭҶОДКОР

Имрӯзҳо соҳибкорон баробари бо кори доимӣ банд кардани шаҳрвандон, ба ободию фаровонии мамлакатамон низ саҳми сазовори худро ҳамроҳ менамоянд.

Чанде пеш дар боғи маданият ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳи шаҳри Чуст аз тарафи Шӯрои марказии сиёсии кумитаи иҷроияи ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон бо ҳамкории Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Оҷонсии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон бахшида ба муносибати Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология  озмуни ҷумҳурии «Соҳибкори фаъол аз нигоҳи эҷодкорон» эълон гардида буд. 
Ба ҳамин муносибат бо эҷодкорони вилояти Намангон вохӯрӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси Шӯрои вилояти намангонии ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон, узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Солиҷон Мӯъминов бо сухани муқаддимавӣ кушод ва иштирокчиёнро бо мазмун ва моҳияти озмун шинос ва ба иштироки фаъол ба он даъват кард.
Сардори раёсати матбуот ва иттилооти вилоят Зиёвуддин Мансуров, рoҳбари шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Ҷамолиддин Муслим ва дигарон ба сухан баромада таъкид карданд, ки эҷодкорони вилоят оиди фаъолияти меҳнати соҳибкорон иншо кардани лавҳа, очерк, силсилаи мақолаҳои дилчаспро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморида, дар ин ҷода дар миқёси ҷумҳурӣ пешсафиро аз даст намедиҳанд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: