«АФСОНАИ ДӮСТӢ НАДОРАД АНҶОМ»

Дар дунё мафҳумҳои зебову шево зиёданд.

Вожаи «дӯстӣ» аз ин ҷумла аст. Дӯстист, ки қавму миллатҳои гуногун, одамони сайёраро мепайвандад. Онҳоро сари масоили мухталиф ба ҳам меоварад. Бигирем, вохӯрии ду дастаи футболро. Бозӣ бо шиддат, саропо пур аз зиддиятҳо гузарад ҳам, новобаста аз натиҷаи он баъди анҷоми он бозингарон даст ба ҳам дода, изҳори дӯстӣ мекунанд.
Имсол баҳори дӯстӣ бор овард. Ба туфайли вохӯрӣ ва ба имзо расондани якчанд созишномаи дӯстӣ аз ҷониби сарони ду давлат – Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон робитаҳо дар тамоми соҳаҳо мустаҳкам мегарданд, гузаргоҳҳои сарҳадӣ кушода мешаванд. Шаҳрвандон ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар барои дидорбинии қарибони худ мераванд, ки солҳои зиёд имконнопазир гардида буд.
Ба ёд мерасад, ки бори охирини боздидам аз Душанбешаҳр тобистони соли 1997 буд. Таҳсил ба охир расиду аз хонаи иҷора ҳамроҳи Хушбахт ном рафиқи бекободӣ як қисми китобҳоямонро гирифта ба қатора нишастем. Устоди донишгоҳ Сангин Гулов дар истгоҳи роҳи оҳан моро дида, хайрухуш кард. Инак, аз байн бисту як сол гузаштааст. Дарвоқеъ ба қавли яке аз ҳамкасбонам, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов, ки ба муносибати ташрифи расмии Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаи телевизиони «Ӯзбекистон 24» гуфта буд, «Дар давоми бисту як сол дар Тоҷикистон насле ба камол расид, ки аз бисёр дигаргуниҳои Ӯзбекистон бехабар аст. Албатта, онҳоро ба кишвари худ даъват карда, аз ин дигаргуниҳо воқиф кардан ба пешрафти робитаҳо хидмат мекунад».
Оре, дӯстӣ неъмати бебаҳост. Кас мехоҳад ин неъмат ҳаргиз кам нашавад, балки мунтазам равнақ ёбад, aгардад.
Эй дӯст, биё, зи нав ҳамовоз шавем,
Ҳамсоз ба ҳам, ду тори як соз шавем.
Афсонаи дӯстӣ надорад анҷом,
То мову ту чун тарона оғоз шавем.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: