АКНУН «ОБКОМСКИЙ» НЕ – ХАЛҚӢ!

Замоне табобатхонаи бонуфузи собиқ кумитаи ҳизби вилоят, ки дар байни мардум «обкомский» ном дошту аз хидмати он танҳо мансабдорони Самарқанд ва аҳли оилаи онҳо баҳраманд мегардиданд, ба шифохонаи офияти саломатӣ (ребилитатсия) табдил ёфт.

Ҳоло дар ин муассисаи тиббӣ тамоми эҳтиёҷмандон, новобаста аз кору вазифа ба дарди худ даво меёбанд.
Имрӯз ҳамватанони мо дар зиндагии ҳаррӯзаи худ натиҷаҳои ислоҳотеро, ки дар тамоми ҷанбаҳо татбиқ мегарданд, мебинанд. Алалхусус дар низоми тандурустӣ корҳои доманфарох амалӣ мегарданд. Танҳо дар ду соли охир чандин фармон ва қарорҳои Президент оид ба инкишоф додан ва ислоҳсозии соҳаи ҳифзи саломатии мардум қабул гардиданд. Зеро беҳсозии хизмати тиббӣ – вазифаи муҳими ҳукумат аст.
Шифохонаи барқароркунии саломатӣ бо фармони Вазорати нигаҳдории тандурустии Ӯзбекистон соли 1946 ташкил ёфта буд. Он аввал дар яке аз биноҳои кӯчаи Ӯзбекистон ҷой гирифт. Табобатгоҳ ҳамагӣ даҳ адад кат дошт, ки аз онҳо мансабдорон, яъне пешвоёни ҳизби вилояту ноҳияҳо ба тарзи имтиёзнок истифода мебурданд. Нахустин сартабиб Валентина Малишкина буд, ки барои меҳнат ва роҳбарии пурсамаронаи бистсолааш бо унвони «Шифокори хизматнишондодаи Ӯзбекистон» сарфароз гардидааст.
Солҳои шастуми қарни сипаригашта собиқ роҳбари аввали вилоят Орзу Маҳмудов (охираташ обод бод!) дар ҳудуди деҳаи хушбоду ҳавои Ӯрташайхи ноҳияи Самарқанд, ки насими форами руди Дарғом онро муаттару муътадил месозад, хишти аввали табобатхонаи мазкурро гузошт. Бо роҳи ҳашар ва кӯмаки техникаи пуриқтидор қариб панҷ гектар замин ҳамвор шуд. Дар муддати кӯтоҳ дар ҷойи хушку холӣ бинои дуошёнаи зебо, замонавӣ ва хушҳаво қад афрохт. Дар атрофи он дарахтони ҳамешасабзи сӯзанбарг ва меваноку сояафкан сабзиданд. Боғбонон бо парвариши боғ ва гулзорҳо машғул шуданд. Бо гузашти айём якчанд нафар ба табобатхона роҳбарӣ кардаанд. Аммо баъзе аз онҳо барои худ ва фарзандонаш аз атрофи шифохона қатор-қатор хона ва ҳавлӣ сохта, дарахтони беморхонаро бераҳмона бурида ҳамчун масолеҳи бинокорӣ истифода бурданд. Аз ҳама бадаш ҳудуди табобатхона ба чарогоҳ табдил дода шуд.
Бояд таъкид намуд, ки Ҳидоят Тағоева, Нормурод Ҷабриев, Аҳмадҷон Бозоров, Неъматҷон Хоҷаев барин сартабибон барои обод ва зебо кардани шифохона саҳми муносиб гузоштанд.
Камол Самеъбоев қариб бист сол сардори маркази барқароркунии саломатии кормандони корҳои дохилии «Зарафшон» буд. Неъматҷон Хоҷаев ба нафақа рафту Самеъбоев ҷонишини ӯ таъин гардид. Азбаски ӯ таҷрибаи бойи азнавсозӣ ва бунёдкорӣ дошт, дар рушди табобатхона ҳисса гузошт. 
Имрӯз ҳар як шахсе, ки барои табобат ё аёдати беморон ба ҳудуди табобатхона қадам мегузорад, аз зебоӣ, дилнишинӣ ва сабзу хуррамии он ба ваҷд омада, беихтиёр аҳсант мегӯяд. Охир қариб се гектар замин сабзазору гулзор аст. Сардухтур ду сол боз гулбуттаҳои аҷоиби хушбӯ оварда месабзонад, ки диққати ҳар як шахсро ба худ мекашанд. Бинобар ин ҳам аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб хониши булбулон ва дигар паррандаҳои нағмасаро танинандоз аст. Аз ҷониби руди Дарғам насими форам вазида, иқлимро муътадил месозад.
Шунидан кай бувад, монанди дидан – гуфтаанд. Таърифу ситоиши табобатхона маълум. Мо пас аз лаззату ҳаловат бурдан аз табиату боғу хиёбонҳои хушҳавои табобатхона вориди бинои асосӣ шудем, ки аз ду қисм иборат мебошад. Дар як қисми он хонаҳои хоби беморон ҷойгир асту дар дигаре шуъбаҳои ташхису табобат. Мудири шуъбаи қабулхона Шоҳида Қобилова бо маслиҳату машварати духтурҳо варақаи таърихи бемориро таҳия намуда, онҳоро дар хонаҳои шинаму дилнишин, ки бо оинаи нилгун, яхдон, кондинсионер ҷиҳозонида шудаанд, ҷойгир мекард.
Шифокорон бо беморон суҳбат ороста сабаби хастагӣ ва роҳҳои бартараф сохтани онҳоро муҳокима мекунанд. Дар беморхона, бештар бо кӯмаки қувваи электр, мум (парафин), нур (лазер), физиотерапия, сӯзангузаронӣ ва албатта сайру гашт дар сояи дарахтони сӯзанбарг шифо мебахшанд.
– Дар табобатхонаи мо шифокорони соҳибтаҷриба хеле бисёранд, – гуфт ҷонишини сартабиб Фаррух Обидов, – яке аз онҳо Назира Рустамова буда, қариб 30 сол боз хидмат  мекунад. Вай табиб  соҳаи асаб (неврология) аст. Инчунин ҳамкасбони ӯ Ҷӯрабек Бобомуродов, Вакил Сулаймонов низ мутахассисони баландихтисос мебошанд. Соҷида Ғаниева сарвари ҳамшираҳои шафқат аст. Гулнора Хоҷаева, Озода Носирова, Гулноза Усмонова, Замира Неъматова, Дилоро Латифова, Интизор Садриева ба беморон меҳрубонӣ мекунанд. Мудири шуъбаҳои барқтабобат Зулола Саидҷонова, мум  Шаҳноза Азизова, массаж Баҳора Ҷӯрақулова кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба ҳама хидмати беминнат расонанд. Ошпаз Раҳима Собирова ҳамчун пазандаи дасташ ширин ном баровардааст.
– Фаррухҷон, дар шумо ҷараёни табобат аз чӣ ҳисоб аст?
– Ҳамагӣ бист фоиз аз ҳисоби давлат, боқимонда ба тарзи худмаблағгузорӣ.
– Киҳо ҳуқуқи табобати бепул, яъне имтиёз доранд?
– Иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва онҳое, ки аз табобатхонаи истиқоматгоҳ роҳхат гирифтаанд.
– Бо ҷуғрофияи хидматрасонӣ шинос мекардед?
– Дар мо беморон аз вилоятҳои Ҷиззах, Қашқадарё, Сурхондарё ва ғайра омада, ба дарди худ шифо меёбанд.
– Нақшаҳои оянда?
– Ният дорем, ки табобатхонаамон байналхалқӣ шаваду аз хориҷа ҳам беморон омада баҳра баранд, бо шаҳри Самарқанд шинос шаванд. Ростӣ, барои ба ин мақсадҳо расидан имконият ҳаст. 
                                       
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: