БОЗИҲОИ ОСИЁӢ БОМУВАФФАҚИЯТ МЕГУЗАРАНД

Дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия Бозиҳои XVIII-и тобистонаи осиёӣ оғоз ёфтанд.

Тақрибан 10 ҳазор варзишгарони 45 кишвари қитъаи Осиё барои 476 медал бинобар 40 намуди варзиш талош хоҳанд кард.
Дар мусобиқаҳо оид ба гӯштини озод ҳамдиёри мо Бекзод Абдураҳмонов (дар вазни 74 килограмм) дар талоши ниҳоӣ бо намояндаи Қазоқистон Дониёр Каисанов вохӯрда, бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад ва сазовори медали тиллоӣ шуд.
Гӯштингирони озод Сироҷиддин Ҳасанов ва Магомед Ибрагимов дар вазнҳои худ барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дар мусобиқаҳо оид ба ушу (навъи «таулу») шарафи мамлакати моро Даря Латишева ҳифз намуда,  соҳиби ҷойи дуввум ва медали нуқра гардид. 
Ҳамин тариқ, то имрӯз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон соҳиби як медали тиллоӣ, як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ мебошад.
Дар мусобиқаҳои оид ба футбол дастаи мо вохӯрии охиринро дар гурӯҳи «В» бар муқобили дастаи мунтахаби Таиланд гузаронид.
Дар дақиқаи 17-уми бозӣ Забиҳулло Ӯринбоев тӯбро ба дарвозаи ҳарифон равона кард. Дар қисми дуввуми бозӣ дар назди дарвозаҳои ҳар ду даста вазъиятҳои хатарнок бисёр буданд, вале ҳисоб тағйир наёфт. Футболбозони мо бо 9 хол дар гурӯҳи худ ҷойи аввалро ишғол намуда, ба давраи минбаъдаи мусобиқа баромаданд.
Имрӯз мусобиқаҳо оид ба таэквондо (WTF), гӯштини озод, тирандозӣ, ушу, гимнастикаи варзишӣ, қайиқронии академӣ ва теннис баргузор мешаванд.

Ҷ. ТОШХӮҶАЕВ, 
хабарнигори ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: